- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2022
- Таваррум дар моҳи май0,7%
- 7,5%
- Пулҳои захиравӣ (май), млрд. сомонӣ30,1
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 25 октябри с.2021)13,25 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (май)12,49
- Меъёри фоизӣ дар соли 2022
(% солона) - Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-май)10,54
- Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-май)23,91
- Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-май)22,00
- Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (май)20,41
- Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (май)16,70
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 21.06.2022 1 USD 10.6031 1 EUR 11.1534 1 RUB 0.1765
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2020
- Соли молиявии 2019
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
Семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Муҳосибот барои маблағгузории исломӣ”
30 июли соли 2018 дар Бонки миллии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ таҳти унвони “Муҳосибот барои маблағгузории исломӣ” ва муҳокимаи корҳои анҷомшуда дар доираи марҳилаи III-юми ҳамкорӣ бо машваратчиёни Шӯрои машваратии “ISRA Consultancy Sdn” ва Гурӯҳи корӣ (муҳокимаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзии исломӣ), ки бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд барои кормандони низоми бонкии мамлакат роҳандозӣ карда шуд, ба кори худ оғоз намуд.
Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Машрабзода Ҳамидулло чорабинии мазкурро ҳусни оғоз бахшида, қайд кард, ки фаъолияти ташкилоти қарзии исломӣ хусусияти ба худ хос дошта, танзиму назорати он бояд тибқи принсипҳои маблағгузории исломӣ, аз ҷумла стандартҳои бонкдории исломӣ роҳандозӣ карда шаванд. “Айни замон, низоми бонкдории исломӣ дар ҷаҳон мавқеи хосро пайдо намуда, диққати низоми бонкии анъанавиро ба худ ҷалб кардааст. Семинари мазкур иқдоми амалии сафарбар кардани қувваи зеҳнӣ ҷиҳати воқиф шудан аз меъёрҳои бонкдории исломӣ буда, ба рушди минбаъдаи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият мебахшад”-изҳор дошт Машрабзода Ҳ.
Бояд қайд кард, ки дар ҷараёни семинарҳои қаблӣ мутахассисони низоми бонкӣ масъалаҳои гуногун, аз ҷумла, ташкили ҳисобдорӣ ва аудит барои созмонҳои молиявии исломӣ, масъалаҳои шариат ва чорчӯбаи қонунгузорӣ дар ин гуна ташкилотҳо, нақши машваратчиёни шариат ва талаботи фаъолият дар он, меъёрҳо ва принсипҳои асосии ҷорӣ кардани меъёрҳои дахлдори Шӯрои хизматрасонии молиявии исломиро аз бар намуда буданд.
Дар семинари навбатӣ, Намояндаи Бонки Исломии Рушд, сармушовири Шуъбаи машваратӣ ва кӯмаки техникии Идораи рушди соҳаи молияи исломӣ Яҳё Алим Раҳмон оид ба мавзӯи “Муҳосибот барои маблағгузории исломӣ” барои иштирокчиён маълумоти муфассал пешниҳод хоҳад кард.
“Итминон дорам, ки машварат ва машғулиятҳои омӯзишӣ барои дар оянда дуруст ба роҳ мондани назорат ва танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ дар риштаи бонкдории исломӣ ба манфиати кор хоҳад буд”, - қайд намуд зимни сухани навбатӣ сармушовири Бонки Исломии Рушд Яҳё Алим Раҳмон.
Мавриди зикр аст, ки бонкдории исломӣ ягона низоми молиявиест, ки дар асоси қоидаву рукнҳо ва қонунҳои шариат новобаста ба таҳаввулоти сиёсиву иҷтимоӣ фаъолият мекунад. Хизматрасонии муштариён аз ҷониби бонкҳои исломӣ тибқи принсипҳои маблағгузории исломӣ амалӣ мегардад, ки асосан барои қонеъ гардонидани талаботи ҳаррӯзаи мардум новобаста аз дину оин равона шудааст.
Шуъбаи матбуоти БМТ
Диданд: 1778
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Э.Раҳмон
- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қонунигардонии маблағҳо
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ