- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2020
- Таваррум дар моҳи ноябр1,8%
- 9,8%
- Пулҳои захиравӣ (ноябр), млрд. сомонӣ20,6
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 03 августи с.2020)10,75 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ1,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ5,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (ноябр)11,39
- Меъёри фоизӣ дар соли 2020
(% солона) - Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-ноябр)10,14
- Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-ноябр)22,90
- Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-ноябр)16,00
- Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (ноябр)21,66
- Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (ноябр)21,79
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 04.01.2021 1 USD 11.3000 1 EUR 13.8674 1 RUB 0.1506
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2019
- Соли молиявии 2018
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
Мубодилаи таҷриба оид ба маблағгузории хурди исломӣ ва мониторинги рафти пардохти қарзӣ
Рӯзҳои 6-7 августи соли 2018, дар доираи ташрифи намояндаи Бонки Исломии Рушд ҷаноби Саид Ҳасан Алсагоф ба Бонки миллии Тоҷикистон, барои кормандони низоми бонкии мамлакат дар мавзӯи “Мубодилаи таҷриба оид ба маблағгузории хурди исломӣ ва мониторинги рафти пардохти қарзӣ” машғулиятҳои омӯзишӣ гузаронида шуд.
Сардори Идораи кормандони БМТ Давлаҳмад Гадоев дар маросими кушодашавии машғулиятҳо ҷаноби Саид Ҳасан Алсагофро аз номи роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон хушбошӣ намуда, изҳор дошт, ки баргузории машғулиятҳои мазкур ва дастгирии Бонки Исломии Рушд дар ин самт дар такмили таҷрибаву дониши кормандони мақомоти танзим ва назорати бахши бонкӣ, мутахассисони бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурд мусоидат хоҳад намуд.
Қайд гардид, ки солҳои 2009-2013 Бонки Исломии Рушд бо ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон созишномаҳои қарзӣ ва кӯмаки техникӣ оид ба лоиҳаи “Маблағгузории хурд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро ба имзо расонидааст. Мақсади асосии лоиҳа гузоштани саҳм ба рушди иқтисодӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ тавассути таъмин ва васеъ намудани дастрасии мардуми камбизоати шаҳр ва деҳот, хусусан занҳо ба хизматрасониҳои мақбул, боэътимод ва дастрас оид ба маблағгузории хурд мебошад.
“Бо назардошти таҷрибаи мазкур, ҳадаф аз баргузории семинар омӯзиш ва баррасии татбиқи лоиҳаҳои монанд мебошад, ки дар рафти машғулиятҳо мавриди омӯзиш қарор хоҳанд гирифт”, - изҳор дошт дар хотимаи суханрониаш Давлаҳмад Гадоев.
Сипас, намояндаи Бонки Исломии Рушд ҷаноби Саид Ҳасан Алсагоф ба иштирокдорони семинар оид ба стандартҳо ва принсипҳои маблағгузории исломӣ, назорати рафти пардохти қарз, гузариш аз назария ба амалия ва ғояҳои асосии хизматрасонии молиявии исломӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Тибқи барномаи омӯзишӣ, аз ҷониби намояндаи Бонки Исломии Рушд 6-уми август бо кормандони воҳидҳои дахлдори сохтории Бонки миллии Тоҷикистон ва 7-уми август бо кормандони ташкилотҳои қарзии кишвар оид ба мавзӯъ маърӯзаю суҳбатҳои амалӣ анҷом дода шуд.
Маврид ба зикр аст, ки чорабинии мазкур бо иқдоми Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Бонки Исломии Рушд, бо мақсади мусоидат намудан дар мубодилаи таҷриба, тақвияти дарку фаҳмиши мутахассисон оид ба маблағгузории исломӣ ва принсипҳои асосие, ки барои татбиқи он дар ташкилотҳои қарзӣ заруранд ташкил гардид.
Шуъбаи матбуоти
БМТ
Диданд: 1439
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Э.Раҳмон
- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ