Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 28.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3961.42 4041.45
10 7803.34 7960.98
20 15473.21 15785.81
50 38453.68 39230.52
100 76788.01 78339.28

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Конфронс дар мавзӯи “Автоматикунонии кори хазинадорон”

10.08.2018

Рӯзҳои 2-3 августи соли 2018 дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон ва ширкати байналмилалии “Томсон Рейтерс” конфронс дар мавзӯи “Автоматикунонии кори хазинадорон” бо иштироки роҳбарон, сардорони департаменти хазинадорӣ ва диллерҳои ташкилотҳои қарзӣ баргузор гардид.

Mtalimi_1.JPG

Чорабинии мазкурро Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон муҳтарам Нуралиев Ҷамолиддин Камолович ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки мақсади асосии пайваст шудани Бонки миллии Тоҷикистон ба Низоми электронии савдои “Томсон Рейтерс”, пеш аз ҳама рушди бозори байнибонкии асъор ва коғазҳои қиматнок, самаранок истифода бурдани фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, кам кардани хавфҳои амалиётӣ, таъмин намудани шаффофият ва автоматикунонии амалиётҳои мавҷудбуда, инчунин вусъат додани ҳамкорӣ баҳри ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда мебошад.

Дар қисмати минбаъдаи ҳамоиш сардори Идораи амалиёт дар бозори озоди Бонки миллии Тоҷикистон Яқубов Мирҳаёт доир ба мавзӯи “Татбиқи амалиётҳои монетарӣ бо истифода аз низоми Томсон Рейтерс” муаррифӣ пешниҳод намуд.

Mtalimi_2.JPG

Дар идомаи чорабинӣ намояндагони ширкати “Томсон Рейтерс” Максим Бурко, Ержан Сеибек ва Кирилл Бажанов бо рӯнамоҳо дар мавзӯъҳои “Фишангҳои нави автоматикунонии кори хазинадорон“, “ЕIKON. Маркази дастрас намудани манбаи амалиётҳои асъорӣ” ва “Автоматикунонии кори низоми дохилибонкӣ” баромад намуданд.

Дар рафти конфронс инчунин маърӯзаи мутахассиси шуъбаи назорати асъори Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор Абдулқайси Саидҷаббор дар мавзӯи “Уҳдадориҳои агентҳои назорати асъор” шунида шуд.

Mtalimi_3.JPG

Дар рафти муҳокимаронӣ иштирокдорони ҳамоиш ба саволҳои худ аз ҷониби маърӯзакунандагон посухҳои мушаххас гирифта, пешниҳодҳои манзуршуда мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Кори конфронсро Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ҷамъбаст намуда, ба намояндагони ширкати “Томсон Рейтерс” барои ташкили ин чорабинии муфид миннатдорӣ баён намуд. Ҷамолиддин Нуралиеваз ҷумла таъкид кард, ки ислоҳотҳои имрӯз дар низоми бонкӣ татбиқшаванда баҳри баланд бардоштани мақоми ташкилотҳои қарзӣ дар иқтисодиёт ва барқарор кардани эътимоди аҳолӣ ба низом равона карда шудааст. Аз ин лиҳоз, ҳамкории судманд бо низоми электронии “Томсон Рейтерс” аз соли 2015 инҷониб, имкон медиҳад, то ба сатҳе ба ин мақсади гузоштаи худ расем.

Дар баробари ин, Нуралиев Ҷамолиддин пешниҳод намуд, ки баҳри беҳтар муаррифӣ намудани низоми молиявии ҷумҳурӣ ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба кишвар, бояд маълумотҳо роҷеъ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳифаи низоми электронии “ Томсон Рейтерс “такмил дода шуда, ҳамгироии низоми автоматишудаи бонкӣ бо низоми электронии “Томсон Рейтерс” ба роҳ монда шавад. Инчунин, баҳри таъмин намудани шаффофияти фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон дар низоми электронии “Томсон Рейтерс”саҳифаи алоҳидаи Бонки миллии Тоҷикистон ташкил карда шуда, аз ҷониби ширкати байналмилалии “Томсон Рейтерс” барои такмили ихтисоси хазинадорон ва диллерони ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон курсҳои омӯзишӣ ташкил карда шаванд.

Mtalimi_4.JPG

Сипас, намояндаи ширкати байналмилалии “Томсон Рейтерс” сардори шуъбаи рушди ҳамкорӣ дар давлатҳои ИДМ - Александр Аухариев барои дар сатҳи баланд ва хотирмон гузаштани чорабинии мазкур ба ҳозирин арзи сипос намуд.

Дар хотима, ташкилотҳои қарзие, ки дар низоми мазкур фаъолона иштирок менамоянд ва дар рушди технологияҳои молиявӣ дар бозори байнибонкӣ саҳми назаррас доранд, аз ҷониби ширкати “Томсон Рейтерс” бо мукофотҳои хотирмон қадрдонӣ карда шуданд.

Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ


Диданд: 2145

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ