Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Семинар барои ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ дар мавзӯи МҚД/МТ/МПСҚО

15.08.2018

Департаменти мониторинги молиявӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 14 августи соли 2018 дар бинои Вазорати адлия бо иштироки намояндагони ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ дар мавзӯи “Муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” (МҚД/МТ/МПСҚО) семинар баргузор намуданд.

1.PNG

Семинарро бо сухани ифтитоҳӣ Муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирсайзод Ҳаким Саид ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даври 2-юми баҳодиҳии тарафайни низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом қарор дошта, кор дар ин самт идома дорад. Ҳамзамон номбурда қайд намуд, ки даври 1-уми баҳодиҳии тарафайни низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризми кишвар соли 2008 аз ҷониби коршиносони байналмиллалӣ амалӣ гардид ва зимни он низоми миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриқаноатбахш арзёбӣ гардида, мавриди танзими комилан пурзӯр қарор гирифт. Соли 2014 зимни ҷаласаи 21 Гурӯҳи Авросиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ба низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд дода шуд, ки боиси баровардани кишвар аз танзими комилан пурзӯри Гурӯҳи Авросиё гашта, ҷумҳурӣ бо низоми стандартӣ гузаронида шуд. Низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ҷузъи муҳими сиёсати давлатии мубориза бо терроризм, ҷинояткорӣ ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом буда, ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини амнияти миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

Снимок2.PNG

Сипас, Файзуллозода Файзулло - Директори Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон барои ташкили чорабинии мазкур ба масъулини Вазорати адлия изҳори сипос намуда, зикр кард, ки терроризм яке аз мушкилоти асосии замони муосир ба ҳисоб рафта, оқибатҳои он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, ки ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, бетаъсир намондааст. Воқеаҳои нангине, ки ба муқобили сайёҳони хориҷӣ дар н.Данғара ба вуқӯъ омад, моро водор менамояд, ки корро дар самти мубориза ба ин зуҳуроти номатлуб пурзӯр намоем, зеро вазъи муътадили низоми МҚД/МТ/МПСҚО аз фаъолияти судманди мақомоти дахлдори ватанӣ, ташкилотҳо ва ҳар фарди ҷомеа вобастагии зиёд дорад.

Дар ин радиф аз ҷониби мутахассисони Департамент мониторинги молиявӣ ва намояндаи Вазорати адлия муаррифиномаҳо дар мавзӯъҳои зерин пешниҳод карда шудаанд:

-  асосҳои ҳуқуқии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- низоми муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом;

- хавфҳои истифодабарии ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ барои мақсадҳои маблағгузории терроризм.

Снимок 3.PNG

Дар рафти семинар намояндагони ташкилотҳои ғайритиҷораттӣ дар доираи мавзӯъ саволҳои худро пешниҳод намуданд, ки ба онҳо Файзуллозода Ф. ҷавобҳои мушаххас ва амиқ дод.

Ҳамзамон, дар анҷоми семинар Файзуллозода Ф. даъват намуд, ки баҳри таъмини амнияти кишвар бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа дар якҷоягӣ пайваста кӯшиш намоянд.


Департаменти мониторинги молиявӣ


Диданд: 3205

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ