Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2020
  • Таваррум дар моҳи апрел
    2,2%
  • 10,6%
  • Пулҳои захиравӣ (апрел), млрд. сомонӣ
    18,6
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 01 майи с.2020)11,75
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ1,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ5,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (апрел)12,18
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2020
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-апрел)
    11,11
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-апрел)
    23,88
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-апрел)
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (апрел)
    21,89
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-апрел)
    20,97




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.05.2020

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2945.70 3016.05
10 5804.43 5943.06
20 11462.78 11736.53
50 28418.74 29097.43
100 56672.72 58026.16

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Май      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    27 28 29 30 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Истиқлолият рамзи пойдории давлат

06.09.2018

Имрӯз, 6 сентябри соли 2018 дар Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Роҳбарият ва кормандони бонк маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

563A3698.JPG

Ҷаласаи идонаро Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо сухани муқаддимавӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба таҷлили ин санаи фархунда табрику таҳният гуфт.

Зимни суханронӣ Ҷамшед Нурмаҳмадзода иброз дошт, ки Истиқлолият воқеан шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром буда, рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ ва нишонаи пойдориву бақои он мебошад.

563A3810.JPG

Ташаккули низоми бонкдории ҷавобгӯ ба талаботи муосир дар Тоҷикистон низ бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ муяссар гардид, ки ин низом дар рушди иқтисодии мамлакат ҳамарӯза саҳм мегузорад.

Маҳз бо ташаббусу дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон ду маротиба ислоҳоти пулӣ гузаронида шуд ва кишвари азизи мо соҳиби пули миллии худ гашт, ки бешубҳа падидаи ниҳоят муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат ба шумор меравад.

563A3709.JPG

Бонки миллии Тоҷикистон ва умуман низоми бонкии мамлакат дар даврони Истиқлолият тадриҷан ба низоми умумиҷаҳонии бонкӣ шомил гардид. Ҳамкории наздик бо созмонҳои молиявии байналмилалӣ ва узвият дар ҳайати баъзе аз ин ташкилотҳо ҳамкории низоми бонкии Тоҷикистонро ба низоми бонкии ҷаҳонӣ боз ҳам қавитар гардонд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” барои фаъолияти бонкдории исломӣ дар мамлакат роҳ боз намуд.

Мо имрӯз бояд саъю кӯшиши худро ба он равона созем, ки аксари навовариҳои бонкдории ҷаҳонро дар фаъолият ва таҷрибаи хеш ҷорӣ намоем ва ҳамқадами давру замон бошем.

563A3712.JPG

Сатҳи баланди дониши касбӣ ва маҳорату малака шарти муҳими пешрафти ҳама соҳаҳо, аз ҷумла соҳаи бонкдорист. Бинобар ин, дар Бонки миллии Тоҷикистон ба таълиму тарбияи кормандон дар дохил ва хориҷи мамлакат бо мақсади дар сатҳи ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир омода кардани мутахассисони бонкӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда мешавад.

Ҷойи фараҳмандист, ки аксари кормандони Бонки миллии Тоҷикистон низ дар баробари дигар кормандони низоми бонкдории мамлакат бо меҳнати бунёдкорона ва фарҳанги баланди худ дар таҳкими дастовардҳои Истиқлолияти Тоҷикистон саҳм мегузоранд.

563A3736.JPG

Боиси ифтихори мост, ки ду корманди Бонки миллии Тоҷикистон дар арафаи ин ҷашн бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мукофотҳои давлатӣ сарфароз карда шуданд, - қайд кард Ҷамшед Нурмаҳмадзода.

Дар идомаи чорабинии тантанавӣ, ба муносибати ин ҷашни фархунда, яъне 27-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода як қатор кормандони фаъоли Бонки миллӣ барои хизмати шоиста ва саҳми арзанда дар фаъолияти низоми бонкӣ бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

563A3701.JPG

Дар интиҳо Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бори дигар кормандони бонкро бо ҷашни истиқлолияти давлатӣ таҳният гуфта, дар баробари таманнои хушрӯзиву саодатмандӣ, ҳамзамон таъкид дошт, дар таҳкими минбаъдаи дастовардҳои замони Истиқлолият, рушди иқтисодӣ ва пешрафти низоми бонкии мамлакат саҳми арзанда гузоранд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 1483

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ