- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2020
- Таваррум дар моҳи ноябр1,8%
- 9,8%
- Пулҳои захиравӣ (ноябр), млрд. сомонӣ20,6
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 03 августи с.2020)10,75 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ1,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ5,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (ноябр)11,39
- Меъёри фоизӣ дар соли 2020
(% солона) - Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-ноябр)10,14
- Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-ноябр)22,90
- Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-ноябр)16,00
- Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (ноябр)21,66
- Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (ноябр)21,79
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 18.01.2021 1 USD 11.3000 1 EUR 13.7013 1 RUB 0.1533
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2019
- Соли молиявии 2018
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
Ташрифи навбатии Ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор ба Бонки миллӣ: Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҳайати ХБА
11 сентябри соли 2018 Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҳайати намояндагии Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) таҳти сарварии роҳбари Ҳайати ХБА оид ба Тоҷикистон хонум Падамжа Ханделвал, ки бо мақсади баргузории музокирот оид ба роҳандозии Барномаи нави ХБА (Механизми васеи қарздиҳӣ (ECF)) бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 11 то 26 сентябри соли 2018 бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор доранд, мулоқот анҷом дод.
Дар оғози мулоқоти корӣ Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев оид ба рушд ва дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди бахшҳои воқеӣ, монетарӣ ва молиявӣ дар солҳои 2017-2018, аз ҷумла сатҳи таваррум, унсурҳои пулӣ, нишондиҳандаҳои устувории молиявӣ маълумоти мушаххасро манзури ҳозирин гардонид.
Зимни суханронӣ Ҷамолиддин Нуралиев таваҷҷуҳи Ҳайати ХБА-ро инчунин ба вазъи кунунии бозори беруна ва дохилии асъор, омилҳои асосии ба он таъсиркунанда, тағйироти қурбӣ дар ду соли охир, рушд ва дурнамои интиқоли маблағҳои пулӣ, ба роҳ мондани муносибатҳои сифатан нави молиявӣ ва тиҷоратӣ бо ҷумҳуриҳои Туркия ва Ӯзбекистон, татбиқи лоиҳаи НБО “Роғун” ва созишномаҳои бо он алоқаманд, талабот оид ба маблағгузории беруна дар солҳои минбаъда (2019-2021) ва нақши барориши евробондҳо, татбиқи минбаъдаи реҷаи ҳадафгирии таваррум ва дурнамои рушди бозори коғазҳои қиматноки давлатӣ дар Тоҷикистон ҷалб намуд.
Роҳбари Ҳайати ХБА оид ба Тоҷикистон хонум Падамжа Ханделвал дар навбати худ афзуд, ки Ҳайати намояндагии ХБА дар доираи сафари кории худ ҷиҳати омӯзиши барномаи ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон бо роҳбарони як қатор вазорату идораҳои дахлдор мулоқоти корӣ анҷом дода, баҳри тавсеа ёфтани ҳамкориҳо ва амалӣ намудани Барномаи Механизми васеи қарздиҳии ХБА (ECF) ба Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.
Дар ҷараёни вохӯрии судманд ҷонибҳо ҳамчунин, оид ба ислоҳоти cоҳаи бонкӣ дар самтҳои афзалиятноки сиёсати пулию қарзӣ бо гузариш ба реҷаи ҳадафгирии таваррум, ҳалли мушкилоти бонкҳои низомсоз ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар, дар доираи барномаи дастгирии ХБА табодули назар карданд.
Дар интиҳои мулоқоти корӣ, Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ба Ҳайати намояндагии ХБА барои дастгирии доимии Тоҷикистон аз ҷониби ин ташкилоти молиявии байналмилалӣ изҳори сипос намуда, дар сафари навбатӣ фаъолияти пурсамар ва бобарору комёбӣ таманно намуд.
Мавриди зикр аст, ки дар вохӯрии мазкур инчунин, Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ, роҳбарони сохторҳои калидии БМТ ва коршиносони ХБА Санан Мирзаев, Йохан Молин, Далмасио Бенисио, Олумуйива Адедеджи, Мурад Омоев, Александр Шеин ва Владислав Костюченко иштирок намуданд.
Шуъбаи матбуоти БМТ
Диданд: 2231
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Э.Раҳмон
- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ