Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2020
  • Таваррум дар моҳи апрел
    2,2%
  • 10,6%
  • Пулҳои захиравӣ (апрел), млрд. сомонӣ
    18,6
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 01 майи с.2020)11,75
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ1,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ5,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (апрел)12,18
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2020
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-апрел)
    11,11
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-апрел)
    23,88
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-апрел)
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (апрел)
    21,89
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-апрел)
    20,97




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 27.05.2020

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2944.81 3015.13
10 5802.64 5941.22
20 11459.19 11732.85
50 28409.77 29088.25
100 56654.77 58007.79

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Май      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    27 28 29 30 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба МҚД/МТ/МПСҚО

17.10.2018

12 октябри соли 2018 дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) таҳти роҳбарии Ватанзода М.М. - Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – роҳбари Комиссия баргузор гардид.

Ҷаласаро Ватанзода М. оғоз намуда, қайд кард, ки айни замон даври 2-юми баҳодиҳии тарафайни низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршиносон-баҳогузорони Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (Гурӯҳи Авруосиё) мутобиқи муқаррароти тавсияҳои нави Гурӯҳи таҳияи чораҳои молиявӣ (ФАТФ) амалӣ гашта истодааст.

Мавсуф иброз дошт, ки тибқи тартиби гузаронидани баҳодиҳии тарафайн дар Ҷаласаи 29-уми Пленарии Гурӯҳи Авруосиё, ки 12-16 ноябри соли 2018 дар шаҳри Минск (Ҷумҳурии Беларус) баргузор мегардад, натиҷаи баҳодиҳии тарафайни Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

563A6432.JPG

Дар рафти ҷаласа, вобаста ба баҳодиҳии тарафайн Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Машрабзода Ҳ.М. суханронӣ намуда, қайд кард, ки яке аз сабабҳои ҷамъомади имрӯза - ин мавриди баррасӣ қарор додани масъалаи омода намудани хулоса ва тайёр кардани саволҳо барои муҳокима дар ҷаласаи Гурӯҳи кории Гурӯҳи Авруосиё оид ба баҳодиҳии тарафайн ва масъалаҳои ҳуқуқӣ, инчунин омодагӣ ба ҳимояи мавқеи кишвар дар Ҷаласаи 29-уми Пленарии Гурӯҳи Авруосиё маҳсуб меёбад. Номбурда зикр намуд, ки аз ҷониби коршиносон-баҳогузорони Гурӯҳи Авруосиё лоиҳаи 3-юми (ниҳоӣ) Ҳисоботи баҳодиҳии тарафайн ворид гардида, он тавассути Бонки миллии Тоҷикистон ба вазорату идораҳо барои пешниҳоди хулоса ирсол карда шуд.

Дар идомаи ҷаласа, вобаста ба вазъи кунунӣ дар самти муҳокимаи лоиҳаи 3-юми Ҳисоботи баҳодиҳии тарафайни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Департаменти мониторинги молиявӣ рӯнамо пешниҳод гардид.

563A6438Ғ2,1.JPG

Сипас, тибқи барнома ҷиҳати пешниҳоди маълумот нисбат ба фаъолияти минбаъда дар самти татбиқ намудани натиҷаҳои Баҳодиҳии хавфи миллии қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (БХМ ҚД/МТ) Сироҷзода С.- Роҳбари Гурӯҳи корӣ оид ба гузаронидани БХМ ҚД/МТ баромад намуд. Сироҷзода С. иброз дошт, ки айни замон зарурати барпо кардани ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба БХМ ҚД/МТ бо мақсади идомаи фаъолият дар доираи БХМ ҚД/МТ ба миён омадааст. Ӯ пешниҳод намуд, ки ба ҳайати Гурӯҳи корӣ оид ба БХМ ҚД/МТ намояндагони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шаванд. Вобаста ба ин, аз Роҳбари комиссия хоҳиш карда шуд, ки масъалаҳои зикргардида таҳти баррасӣ қарор дода шаванд.

Дар интиҳои ҷаласа Ватанзода М. қайд намуд, ки иштирок дар Ҷаласаи 29-уми Пленарии Гурӯҳи Авруосиё охирин имкони пешниҳоди маълумот нисбат ба Ҳисобот мебошад. Аз ин лиҳоз, омодагии ҳамаҷонибаи мақомоти кишвар, инчунин, иштироки мутахассисони болаёқат дар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсад мувофиқ мебошад.

Ғайр аз ин, дар рафти ҷаласаи мазкур масъалаҳо марбут ба иҷрои қарорҳои Пайнавишти ҷаласаҳои қаблӣ, аз ҷумла тартиб ва мӯҳлати иҷрои онҳо баррасӣ гардиданд. Таъкид гардид, ки баррасии қонунгузорӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО вазифаи на танҳо мақоми ваколатдор, балки дигар мақомоти дахлдори кишвар низ ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, супориш дода шуд, ки вазорату идораҳои дахлдор дар ин самт масъулияти бештарро бар дӯш гиранд.


Департаменти мониторинги молиявӣ


Диданд: 1162

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ