Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2019
  • Таваррум дар моҳи октябр
    0,1%
  • 7,3%
  • Пулҳои захиравӣ (октябр), млрд сомонӣ
    17,7
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    7% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 02 декабри с.2019)12,25
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (Октябр)13,06
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2019
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-окт)
    10,40
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-окт)
    22,45
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    19,39
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    21,77
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    22,51




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 06.12.2019

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2402.16 2459.53
10 4717.35 4830.01
20 9288.61 9510.44
50 22983.33 23532.21
100 45801.90 46895.73

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Декабр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    25 26 27 28 29 30 1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31 1 2 3 4 5
  • Яндекс.Метрика

Дар бораи гарави молу мулки манқул

23.10.2018

Садои мардум, 20.10.2018 (№127)

17 октябри соли 2018 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор шуд.

Дар баробари масъалаҳои дигари рӯзнома дар ҷаласа масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда» баррасӣ гардид.

Аз рӯи масъалаи мазкур Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед ба сухан баромада, аз ҷумла изҳор дошт, ки бо мақсади беҳтар намудани фазои муносибатҳои пулию молии байни субъектон, дастгирӣ ва мусоидат ба фаъолияти қарздиҳӣ ва ба ин васила мусоидат ба рушди иқтисодӣ, ислоҳот вобаста ба ҷорӣ намудани падидаи «уҳдадориҳои таъминшуда» дар заминаи такмили меъёрҳои ҳуқуқии гарави молу мулки манқул роҳандозӣ карда шуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис¬тон «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда» дар доираи ислоҳоти мазкур, тибқи супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2015, №34107 (13-2) ва протоколҳои ҷаласаҳои Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ҳамчун идомаи мантиқии раванди ислоҳот барои беҳтар гардидани мавқеи кишвар дар ҳисоботи Бонки умумиҷаҳонӣ таҳти унвони «Пешбурди соҳибкорӣ», аз ҷониби Гурӯҳи кории байниидоравӣ бо ҳамоҳангсозии Бонки миллии Тоҷикистон ва иштироки коршиносони байналмилалӣ дар таҳрири нав таҳия ва ба шумо пешниҳод гардид.

Лоиҳаи қонуни мазкур, ҳамчунин, вазифаҳоеро, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 вобаста ба такмили қонунгузории соҳаи бонкӣ ва бо мақсади солимгардонии ташкилотҳои қарзӣ дар вазъи буҳрони молиявӣ дарҷ гардидаанд, амалӣ ва иҷрои Матритсаи Барномаи Бонки умумиҷаҳонӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба маб¬лағгузории сиёсати рушд таъмин менамояд.

Боиси тазаккур аст, ки лоиҳаи қонун аз ҷониби Гурӯҳи кории байниидоравӣ, ки давоми солҳои 2015-2018 чандин ҷаласаи байниидоравӣ даъват ва вохӯрӣ бо коршиносони байналмилалӣ ва дигар чорабиниҳои заруриро доир намуд, дар заминаи Қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави молу мулки манқул» аз 1-уми марти соли 2005 ва такмили назарраси он, дар таҳрири нав, иборат аз 6 боб ва 63 модда омода ва пешниҳод гардидааст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки муносибатҳои иқтисодии инкишоф¬ёбанда дар як вақт муносибатҳои пулию қарзии байни субъектонро серпаҳлу ва мураккаб намуд ва меъёрҳои Қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави молу мулки манқул» ҳуқуқу манфиатҳои субъектони алоҳидаро ҳангоми сармоягузорӣ дар сатҳи зарурӣ таъмин карда натавонист. Алалхусус, вобаста ба масъалаҳои мавҷудияти гаравгирони як молу мулк, муқаррар ва қонеъ намудани талаботи онҳо, ба фурӯш баровардани молу мулки манқули багаравгузошташуда мушкилиҳо ба вуҷуд омаданд. Ҳамчунин, ҳимояи манфиатҳои кредиторон, ки бо пулу мол ба иқтисодиёти кишвар сармоягузорӣ менамоянд, мушкил гардида, ҷараёни рӯёнидани маблағҳои қарзӣ, баррасии баҳсҳо тӯлонӣ ва серхароҷот гардиданд. Чунин ҳолат манфиатдории кредиторонро барои сармоягузорӣ коҳиш дода, боварии онҳоро ба ҳуқуқу манфиатҳои худ коста менамояд.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодшаванда мушкилиҳои дар муносибатҳои иқтисодӣ ҷойдоштаро то андозае бартараф намуда, барои рушди муносибатҳои пулию қарзӣ, аз ҷумла устувор гардидани низоми бонкӣ, ки механизми асосии маблағгузории қарзӣ ба шумор меравад, мусоидат хоҳад намуд.

Ғояи асосии лоиҳаи қонуни мазкур пешбинӣ намудани таъминоти ҳуқуқҳои кредиторҳо дар муносибатҳои алоҳида, инчунин, барои ҳамаи уҳдадориҳои таъминшуда (гарав, лизинг, фурӯши мол бо нигоҳ доштани ҳуқуқи моликият, комиссия, ҳабси молу мулк ва дигар намудҳо), новобаста аз шакл ва намуди шартномаҳо муқаррар намудани ҳолати ҳуқуқии баробар ва қоидаҳои ҳамоҳангшудаи танзим мебошад. Дар робита ба ин, лоиҳаи қонун пешбурди Феҳрасти ягонаи давлатии уҳдадориҳои таъминшударо мутобиқи технологияҳои муосир пешбинӣ менамояд ва боби 2-юми лоиҳаи қонун пешбурд ва истифодаи феҳрасти мазкур, инчунин бақайд¬гирии огоҳиномаҳоро муфассал танзим менамояд. Дар фарқ аз Феҳрасти ягонаи давлатии уҳдадориҳои гаравии амалкунанда, ки бинобар мушкилиҳои дастрасӣ ба он кори фаъол ва ҷоннок надошт, Феҳрасти бо лоиҳа пешниҳодшаванда дар заминаи интернет – технологияҳои муосир пеш бурда шуда, бо фаъолияти мунтазам дар шабакаи глобалии интернет дастрас мебошад. Ҳамчунин, феҳрасти мазкур хислати универсалӣ касб намуда, доираи истифодабарандагони он бо шомил намудани кредитороне, ки дар доираи уҳдадориҳои таъминшуда молу мулки манқули худро барои соҳибӣ ва истифодабарии муваққатии дигар шахсон додаанд, васеъ мегардад. Аз ин рӯ, феҳрас¬ти бо лоиҳаи қонун пешбинишуда, бинобар васеъ гардидани намудҳои муносибатҳо, шаффофиятро пурзӯр карда, низоми дахлдори афзалиятҳоро дар байни гарониҳо (маҳдудиятҳо), ба монанди гарав, лизинг, нигоҳдории мол, ҳабси молу мулки манқул ва ба ин монанд, таъмин менамояд.

Инчунин, феҳрасти ягонаи электронӣ аз нуқтаи назари ҷуғрофӣ ва навъи дороӣ муттаҳид гардида, низоми иттилоотии электронии бақайдгирии қарздоронро таъмин ва ҳуқуқи афзалиятноки кредиторони тавассути бақайдгирӣ дар феҳраст таъминшударо муқаррар менамояд. Минбаъд, бартарии кредиторон аз рӯи навбати бақайдгирӣ дар феҳрасти электронӣ муайян карда мешавад.

Тибқи лоиҳаи қонун, тартиби бақайдгирии огоҳиномаҳои гарав ва пешбурди Феҳрасти ягонаи давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. Дар заминаи чунин муқаррароти ҳуқуқӣ, муносибатҳои иқтисодии субъектон, алалхусус муносибатҳои пулию қарзӣ, устувор гардида, фазои ҳуқуқӣ ва иқтисодии кишвар барои сармоягузорӣ беҳтар мешавад. Дар натиҷа, дастрасии аҳолӣ ва соҳибкории хурду миёна ба маблағгузории қарзӣ бештар мегардад, ки барои рушди иқтисодӣ хеле муҳим мебошад.

Ҳамчунин, лоиҳаи қонун механизмҳои нисбатан содакардашудаи ҳимояи ҳуқуқ ва рӯёниданро аз предмети таъминот тавассути навиштаҷоти иҷроияи нотариуси давлатӣ ва қарори суд пешбинӣ менамояд, зеро талаботи гаравгир нисбат ба гаравдеҳ, ки аз муносибатҳои пулию қарзии онҳо бармеояд, бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ тасдиқ шуда, зарурати оғоз намудани мурофиаи даъвогӣ ва исботкунии иловагии талаботи тасдиқшуда дар доираи он кори зиёдатӣ буд. Чунин механизмҳои пешниҳодшаванда имкон медиҳанд, ки расмиёти рӯёнидан аз ҳисоби предмети таъминот нисбатан сода ва дар муҳлати кӯтоҳ амалӣ ва хароҷоти зиёдатии кредитор, ки дар натиҷаи оғози мурофиаи даъвогӣ ҷой дошт, коҳиш дода шавад. Дар робита ба ин, боби лоиҳаи қонун оид ба рӯёнидан аз ҳисоби молу мулки гарав (боби 4), дар заминаи муқаррароти боби дахлдори Қонуни амалкунанда «Дар бораи гарави молу мулки манқул» таҷдиди назаррас шудааст.

Бо лоиҳаи қонуни мазкур, ҳамчунин, тартиби фурӯши молу мулки манқул аз ҷониби гаравгир дар боби 5 муфассал танзим ва навбати қонеъгардонии талаботи гаравгирон дар боби алоҳида дақиқ муқаррар карда шуд. Мутобиқи боби мазкур, навбати қонеъгардонии талаботи кредиторон аз худи ҳамон як молу мулк бо санаи бақайдгирии огоҳиномаи гарави дахлдор дар Феҳрасти ягонаи давлатӣ ва дар сурати набудани чунин бақайдгирӣ бо санаи баста шудани шартномаи дахлдор муқаррар карда мешавад. Дар сурати мавҷуд будани талаботи якчанд кредитор нисбат ба ҳамон як молу мулк, афзалият дар навбат ба гарави бақайдгирифташуда дода мешавад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки бо лоиҳаи қонуни мазкур ҳамчунин, меъёрҳои дигари Қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави молу мулки манқул» аз 1-уми марти соли 2005 аз лиҳози имлоӣ, техникаи ҳуқуқӣ, пайдарҳамии меъёрҳо, мутобиқати онҳо ба қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикис-тон таҷдиди назар ва таҳрир карда, такмил дода шуд.

Қабули лоиҳаи қонуни шуда, инчунин, имкониятҳои зеринро фароҳам меорад:
- низоми шаффоф, дақиқ ва даст¬раси навбати кредиторон ва афзалияти онҳо дар навбат ташкил мегардад;
- феҳрасти бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда дар асоси модели электронӣ – «лавҳаи эълонҳо» яъне, ташкили интернет-платформаи ягона, ки ба он кредиторон огоҳиномаҳоро дар бораи гарониҳо (уҳдадориҳои таъминшуда) бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид менамоянд, ба роҳ монда мешавад;
- муҳлати баррасии талаботи кредиторон оид ба рӯёнидан аз ҳисоби предмети таъминот, ки чандин моҳ тӯл мекашид, ба таври назаррас ихтисор мегардад;
- молу мулки манқул, аз ҷумла, майдаи маишӣ, бинобар устувор гардидани қобилияти таъминотии он ҳар чӣ бештар ба муомилот ҷалб карда мешавад;
- раванди барасмиятдарорӣ, огоҳкунӣ, муайян намудани навбати кредиторон ва бартарият, рӯёниш ҳангоми гарави молу мулки манқул шаффоф ва сода карда мешавад;
- дар заминаи шаффофияти таъминшаванда, имконияти ҳар гуна суиистифода дар муомилоти молу мулки манқул пешгирӣ ва то ҳадди имкон аз байн бурда мешавад;
- махзани ягонаи маълумот оид ба гардиши молу мулки манқул дар муомилот ба сифати таъминот, ки барои ҳамаи иштирокчиёни муомилоти иқтисодӣ ҳамчун оинаи шаффофи дастрас хизмат менамояд, ҷорӣ карда мешавад;
- молу мулки манқул ҳамчун воситаи таъминот барои сармоягузорон, аз ҷумла, қарздеҳон, ҷолиби таваҷҷуҳ мегардад.

Маблағгузории барномаи Феҳрас¬ти ягонаи давлатии уҳдадориҳои таъминшуда ва дигар хароҷоти вобаста ба татбиқи лоиҳаи қонуни мазкур, тибқи шартнома, аз ҷониби Гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ амалӣ гардида истодааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур дар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардида, такмил ёфт.

Лоиҳаи пешниҳодгардида санади ҳуқуқии асосии ислоҳот вобаста ба ҷорӣ намудани падидаи «уҳдадориҳои таъминшуда» буда, бо қабули он тағйиру иловаҳо ба қонунҳои дахлдори дигар низ, аз қабили қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи лизинг», «Дар бораи муфлисшавӣ», «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», кодексҳои гражданӣ (қисмҳои 1 ва 2), Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, Кодекси мурофиавии гражданӣ, Кодекс дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ ворид карда мешаванд.

Лоиҳаҳои қонунҳои мазкур дар заминаи падидаҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуда, инчунин, таҷрибаи дар соҳаҳои алоҳида ташаккулёфта, бо дарназардошти амалияи хуби байналмилалӣ таҳия гардида, меъёрҳои парешони қонунгузориро сарҷамъ менамояд ва барои бо маълумот дар бораи молу мулки манқули таъминотӣ сари вақт таъмин гардидани кредиторон имконият медиҳад. Қабули лоиҳаҳои қонунҳои мазкур масъулияти қарздоронро барои иҷрои саривақтии уҳдадориҳои пулию молиашон баланд бардошта, мувозинати ҳуқуқу манфиатҳои кредиторон ва қарздоронро таъмин мекунад. Махсусан ба ҳолати молиявии ташкилотҳои қарзӣ таъсири мусбӣ хоҳад расонд.

Ҳамзамон, анҷом додани ислоҳот вобаста ба ҷорӣ намудани падидаи «уҳдадориҳои таъминшуда» ва дар робита ба он қабул намудани лоиҳаи қонуни мазкур, мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳисоботи Бонки умумиҷаҳонӣ таҳти унвони «Пешбурди соҳибкорӣ» якчанд зина боло мебардорад, ки дар натиҷа, эътибори (рейтинги) кишвар дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам беҳтар мегардад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис¬тон «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда» мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон боб ба боб ва модда ба модда баррасӣ ва ба овоз монда, пас аз он яклухт қабул карда шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Инчунин, вобаста ба тасдиқи он ба як қатор қонунҳои амалкунанда тағйироту иловаҳо ворид карда шуд.

http://sadoimardum.tj/ma-lisi-ol/dar-borai-garavi-molu-mulki-man-ul-onun-abul-gardid/


Диданд: 1317

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон


  • СУОЛИ РӮЗ

    Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?






    Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?





      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?
      1. Ба ман фарқ надорад;
        4765 (54.97%)
      2. Не, аз он ягон фоида нест;
        2090 (24.11%)
      3. Бале, ин ба фоидаи мардум мешавад;
        824 (9.51%)
    2. Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?
      1. Не, муроҷиат накардам;
        5837 (67.33%)
      2. Ҳа, муроҷиат кардам аммо пардохти суғуртавиро нагирифтам;
        1356 (15.64%)
      3. Ҳа, муроҷиат кардам ва пардохти суғуртавиро гирифтам;
        313 (3.61%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ