Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2020
  • Таваррум дар моҳи апрел
    2,2%
  • 10,6%
  • Пулҳои захиравӣ (апрел), млрд. сомонӣ
    18,6
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 01 майи с.2020)11,75
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ1,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ5,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (апрел)12,18
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2020
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-апрел)
    11,11
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-апрел)
    23,88
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-апрел)
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (апрел)
    21,89
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-апрел)
    20,97




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.05.2020

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2945.70 3016.05
10 5804.43 5943.06
20 11462.78 11736.53
50 28418.74 29097.43
100 56672.72 58026.16

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Май      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    27 28 29 30 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Таҳлили вазъи кунунии бозори суғурта ва роҳҳои инкишофи минбаъдаи он

28.11.2018

26 ноябри соли 2018 дар Бонки миллии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти ташкилотҳои суғуртавӣ дар нуҳ моҳи соли 2018 ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар кори он Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода, намояндагони ташкилотҳои суғуртавии кишвар ва масъулини Идораи назорати суғуртавии бонк ширкат варзиданд.

563A8669-1.JPG

Ҷаласаро Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки cуғурта ҳамчун низоми ҳимоя ва дастгирии манфиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, дар самти таъмини бехатарии ҳаёт, саломатӣ ва молу мулк унсури асосии иҷтимоию иқтисодии ҷомеа ба ҳисоб рафта, барои пешрафти соҳаҳои иқтисодӣ ва хоҷагии халқ нақши муҳим дорад.

Шарти зарурӣ ё худ маҳаки асосии сохтани фазои ягонаи суғуртавӣ дар ҳар як давлат – ин мавҷудияти талаботи ҷамъиятӣ ба хизматрасониҳои суғуртавӣ мебошад.

“Ин омил моро водор менамояд, ки ба рушду инкишофи минбаъдаи соҳа бо назари нав нигоҳ кунем. Фаъолияти худро дар самти пешниҳоди маҳсулоти нави суғурта таҳким бахшида, бештар ба рушди намудҳои суғуртаи ихтиёрӣ машғул шавем ва вобаста ба талаботи аҳолӣ онро пешниҳод намоем”, - таъкид намуд Ҳ.Машрабзода.

563A8633-2.JPG

Дар идомаи ҷаласа, сардори Идораи назорати суғуртавии Бонки миллии Тоҷикистон Дилбар Ҳусейнова дар мавзӯи “Таҳлили вазъи кунунии бозори суғуртаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳҳои инкишофи минбаъдаи он” рӯнамоии муфассалро манзури ҳозирин гардонид.

Зимни муҳокимаронии муаррифии мазкур иштирокдорон ба масъалаҳои гуногуни рушди бахши суғурта таваҷҷуҳ зоҳир намуда, вобаста ба мушкилоти ҷорӣ ва имкониятҳои мавҷуда андешаҳои худро баён доштанд.

Дар рафти ҷаласа аз ҷониби Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода масъалаи тақвият бахшидани бозори суғурта дар кишвар, ки дар Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе - 2018 таҳти унвони «Рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ» дар панели “Молия ва нақши низоми бонкӣ дар рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ: вазъи кунунӣ ва дурнамо” баррасӣ гардида буд, мавриди муҳокимаи васеъ қарор дода шуд.

563A8681-3.JPG

Аз ҷумла таъкид гардид, ки ташкилотҳои суғуртавиро зарур аст, дар амалӣ намудани як қатор тадбирҳо аз қабили такмил додани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ мутобиқ ба таҷрибаи ҷаҳонӣ, беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва тақвият додани рақобат дар бозори суғурта, баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии аҳолӣ, таъсиси манбаи мустақили иттилоотӣ дар бахши суғурта саҳмгузорӣ намоянд.

Муовини Раиси БМТ Ҳамидулло Машрабзода масъалаи созмон додани Ассотсиатсияи ташкилотҳои суғуртавиро, ки дар форуми соҳибкорон низ таъкид гардида буд, бори дигар мавриди таваҷҷуҳи ташкилотҳои суғуртавӣ қарор дод. Ҳамин тариқ, аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки камбудиҳои ҷойдоштаи соҳаро бартараф намуда, барои андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати амалӣ кардани масъалаҳои бозикр дар роҳи тақвият бахшидани бахши суғурта дар кишвар тамоми саъю кӯшиши худро равона созанд. 


Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 1183

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ