Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 28.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3961.42 4041.45
10 7803.34 7960.98
20 15473.21 15785.81
50 38453.68 39230.52
100 76788.01 78339.28

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Июн      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    30 31 1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 1 2 3
  • Яндекс.Метрика

Семинари омӯзишӣ барои ташкилотҳои қарзӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО

28.11.2018

27-уми ноябри соли 2018 дар бинои Бонки миллии Тоҷикистон барои намояндагони ташкилотҳои қарзии кишвар дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) семинар баргузор гардид.

Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд.

DFM-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид намуданд, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад.

Ҳадаф аз баргузории вохӯрии мазкур ҳифзи амнияти кишвар ва пешгирии ҳодисаҳои манфӣ, ба монанди қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ба ҳисоб меравад.

DFM-2.jpg

Қайд кардан ба маврид аст, ки семинари мазкур 3-юмин чорабинии омӯзишие мебошад, ки аз ҷониби Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурд (АМФОТ) гузаронида мешавад.

Ҷаласаро Директори Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон Файзуллозода Ф. оғоз намуда, қайд кард, ки дар рафти санҷишҳо дар ташкилотҳои қарзӣ баъзе камбудиҳо, аз ҷумла дар фаъолияти мутахассисони Комплаенс ба назар мерасанд. Вобаста ба ин, баргузории чунин чорабиниҳо ҷиҳати баланд бардоштани бохабарӣ аз иҷрои талаботҳои қонунгузорӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО мусоидат хоҳад кард.

Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби кормандони Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон рӯнамоҳо (презентатсияҳо) дар мавзӯъҳои зерин, аз ҷумла: “Талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти МҚД/МТ/МПСҚО ва тағйирот дар онҳо”.

“Стандартҳои байналмилалӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО” ва “Ҳамкории мутақобилаи Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти пешгирии ҳолатҳои маблағгузории терроризм” манзури аҳли нишаст гардонида шуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки зимни муҳокимаронии муаррифиҳои мазкур намояндагони Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор бештар ба мавзӯи “Мушкилот ва хатогиҳое, ки дар амалиётҳо бо асъорӣ хориҷи ҷой доранд” ҳусни таваҷҷуҳ зоҳир намуда, онро мавриди баррасӣ қарор доданд.

DFM-3.jpg

Дар қисамти ҷамъбастии семинари мазкур, Файзуллозода Ф. ба саволҳои иштирокдорони семинар, ки бештар фарогири фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ буд, посухҳои амиқ пешниҳод намуда, қайд кард, ки дар ҳолатҳои зарурӣ барои такмили дониши хеш кормандони масъули ин ташкилотҳо метавонанд ба Департаменти мониторинги молиявӣ муроҷиат намоянд.

Маврид ба зикр аст, ки дар чорабинии мазкур зиёда аз 60 нафар намояндагони ташкилотҳои қарзӣ ширкат варзиданд ва баргузории чунин вохӯриҳо натиҷаи ҳамкории судманд байни Департаменти мониторинги молиявӣ ва ташкилотҳои қарзӣ дар доираи риояи талаботҳои қонунгузорӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО ба ҳисоб меравад.

Департаменти мониторинги молиявӣ


Диданд: 2379

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ