Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2019
  • Таваррум дар моҳи октябр
    0,1%
  • 7,3%
  • Пулҳои захиравӣ (октябр), млрд сомонӣ
    17,7
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    7% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 02 декабри с.2019)12,25
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (Октябр)13,06
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2019
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-окт)
    10,40
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-окт)
    22,45
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    19,39
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    21,77
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    22,51




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 06.12.2019

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2402.16 2459.53
10 4717.35 4830.01
20 9288.61 9510.44
50 22983.33 23532.21
100 45801.90 46895.73

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Декабр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    25 26 27 28 29 30 1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31 1 2 3 4 5
  • Яндекс.Метрика

Ҳидоятҳои Пешвои миллат баҳри беҳ гаштани некуаҳволии мардум

25.04.2019

24 апрели соли 2019 дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷамъомад оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” доир гардид. Дар чорабинии мазкур доктори илмҳои филология, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоҳасан Султонов, сардори Идораи кормандон Давлаҳмад Гадоев ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ширкат намуданд. Зимни баромад М.Султонов изҳор дошт, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамчун қонуни миллӣ баҳри беҳ гардонидани вазъи иҷтимоии аҳолӣ бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардидааст. “Аз ин лиҳоз ҳар як нафарро зарур аст, ки баҳри татбиқи қонуни мазкур масъулият эҳсос намуда, дар беҳ гаштани сатҳи зиндагии хеш саҳм гузорад”, - зикр намуд мавсуф.

NBT_Tanzim.JPG

Боиси тазаккур аст, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон коммисияи доимоамалкунанда фаъол аст, ки ба он 9 нафар роҳбарон ва кормандони масъули воҳидҳои сохторӣ шомил буда, риояи қонуни мазкурро миёни кормандон ҳангоми баргузории ҷашну маросими гуногун назорат мекунанд.

Дар идомаи ҷамъомад, масъалаи дигаре, ки матраҳ гардид, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд буд. Сардори Идораи кормандони Бонки миллии Тоҷикистон Д.Гадоев зимни суханронӣ оид ба тарбияи фарзанд ва уҳдадориҳои волидайн ҳарф зада, таъкид дошт, ки ҳар як волидайн уҳдадор аст, ки дар самти тарбияи дурусти фарзанд ва дар руҳияи меҳанпарстӣ, садоқат ба ватану миллат, илмомӯзии фарзандон баҳри тарбияи нерӯи ояндаи пешбарандаи ҷамъият саҳмгузор бошанд. “Ҷавонони имрӯзро мебояд дар такя ба ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу фарҳангӣ тарбия карда, баҳри ояндаи миллату давлат насли солим омода намуд”, -қайд кард Д.Гадоев дар ҳузури кормандон.

Дар ҷамъбасти ҷамъомад зикр гардид, ки риояи талаботи қонунҳои мазкур дар Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси сиёсати оқилонаю дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқ гардида, ба суботи иҷтимоиву ҳамдигарфаҳмӣ мусоидат менамояд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 621

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон


  • СУОЛИ РӮЗ

    Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?






    Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?





      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?
      1. Ба ман фарқ надорад;
        4765 (54.95%)
      2. Не, аз он ягон фоида нест;
        2091 (24.11%)
      3. Бале, ин ба фоидаи мардум мешавад;
        825 (9.51%)
    2. Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?
      1. Не, муроҷиат накардам;
        5839 (67.34%)
      2. Ҳа, муроҷиат кардам аммо пардохти суғуртавиро нагирифтам;
        1356 (15.64%)
      3. Ҳа, муроҷиат кардам ва пардохти суғуртавиро гирифтам;
        313 (3.61%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ