Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2020
  • Таваррум дар моҳи апрел
    2,2%
  • 10,6%
  • Пулҳои захиравӣ (апрел), млрд. сомонӣ
    18,6
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 01 майи с.2020)11,75
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ1,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ5,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (апрел)12,18
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2020
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-апрел)
    11,11
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-апрел)
    23,88
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-апрел)
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (апрел)
    21,89
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-апрел)
    20,97




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.05.2020

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2945.70 3016.05
10 5804.43 5943.06
20 11462.78 11736.53
50 28418.74 29097.43
100 56672.72 58026.16

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Май      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    27 28 29 30 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Фаъолияти ташкилотҳои суғуртавӣ ва рушди бозори суғурта

24.05.2019

Дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо дода шуда буд, 24 майи соли 2019 дар Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо иштироки роҳбарон ва сармуҳосибони ташкилотҳои суғуртавии кишвар ҷаласаи корӣ доир гардид.

Ҷаласаро Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ҳусни оғоз бахшида, қайд кард, ки cуғурта ҳамчун фишанги ҳимоя ва дастгири манфиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар самти таъмини бехатарии ҳаёт, саломатӣ ва молу мулк унсури асосии иҷтимою иқтисодии ҷомеа ба ҳисоб рафта, барои пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ муҳим арзёбӣ мегардад.

NBTL1172-1.JPG

Зимни мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санаи 10 майи соли 2019, бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо, Бонки миллии Тоҷикистон вазифадор карда шуд, ки доир ба рушди низоми суғурта чораҳои зарурӣ андешад ва бешак, татбиқкунандагони вазифаҳои гузошташуда, албатта ташкилотҳои суғуртавии ватанӣ ба ҳисоб мераванд.

Дар рафти ҷаласаи корӣ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ.Нурмаҳмадзода вобаста ба кору фаъолияти ташкилотҳои суғуртавӣ ибрози назар намуда, таъкид бар он дошт, ки фаъолияти бархе аз ташкилотҳои марбута ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ набуда, ҳисоботҳои расмӣ саривақт ва босифату эътимоднок дастрас намегарданд. Тавре аз рӯи маълумотҳои оморӣ бармеояд, воридоти ҳаққи суғуртавии ташкилотҳои суғуртавии ватанӣ дар соли 2018 наздик ба 235 млн. сомониро ташкил дода, пардохтҳои суғуртавӣ дар ин давра 11 млн. сомониро ташкил дод, ки ҳамагӣ 5%-и ҳаҷми умумии воридоти ҳаққи суғуртавиро дар бар мегиранд.

NBTL1152-2.JPG

Имрӯз ширкатҳои суғуртавии ватанӣ ба муштариёни худ аз рӯи 50 намудҳои суғурта хизмат мерасонанд, ки барои рушди соҳа кифоят намекунад. Таъкид гардид, ки мушкилоти асосии бозор аз як тараф нокифоягии имкониятҳои молиявии мизоҷони потенсиалӣ бошад, аз тарафи дигар мавҷуд набудани ҷаззобияти аҳолӣ ҷиҳати бастани шартномаҳои суғуртавӣ мебошад.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ.Нурмаҳмадзода зимни муҳокимаронӣ махсус ба масъалаҳои гуногуни рушди бахши суғурта таваҷҷуҳ зоҳир намуда, вобаста ба мушкилоти ҷойдоштаи соҳа, аз ҷумла риоя накардани талаботҳои қонунгузорӣ, паст будани сатҳи пардохпазирӣ, дар сатҳи паст қарор доштани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотӣ, пешниҳод накардани намудҳои нави суғурта ва механизмҳои татбиқи он, вуҷуд надоштани технологияи нав ва барномаҳои муосир, саҳми ночизи бахши суғурта дар пешбурди иқтисодиёт изҳори назар карда, барои минбаъд рушди бахши суғурта аз ташкилотҳои суғуртавӣ даъват ба амал овард.

Дар идома, Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода ба сухан баромада, изҳор дошт, ки яке аз самтҳои муҳими дигар дар бахши суғурта ҳимояи ҳуқуқи ташкилотҳои суғуртавӣ мебошад ва Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои суғуртавии Тоҷикистон, ки навтаъсис аст, маҳз барои тақвият бахшидани ин раванд вазифадор аст. Ҳ.Машрабзода инчунин вобаста ба бурдани корҳои тарғиботӣ ва ташвиқотӣ барои рушди бозори суғурта ба ташкилотҳои суғуртавӣ тавсия дода, оид ба тақвият додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар соҳа дастур дод.

NBTL1181-3.JPG

Дар рафти ҷаласаи корӣ аз фаъолияти низоми суғурта дар семоҳаи аввали соли 2019 сардори Идораи назорати суғуртавӣ Ҳусейнова Дилбар рӯнамоиро манзури ҳозирин гардонида, оид ба вазъи воқеии соҳа таҳлили мушаххас манзур намуд.

Дар интиҳо Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода вобаста ба бандҳои алоҳидаи Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо, ки барои рушди бахши суғурта ва бартараф кардани камбудиҳо равона шудааст, ба роҳбарони ташкилотҳои суғуртавӣ дастуру супоришҳо дод. Аз ҷумла, аз масъулини соҳа даъват ба амал оварда шуд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта кӯшиш ба харҷ дода, фаъолияти худро мувофиқи талаботҳои иҷозатномадиҳӣ ва дар асоси рақобати солим ба роҳ монда, хизматрасонии босифатро таъмин намоянд ва ба ин васила ба боварии мардум сазовор гарданд.

Бояд зикр кард, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ 18 ташкилоти суғуртавӣ фаъолият доранд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 908

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ