Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2019
  • Таваррум дар моҳи октябр
    0,1%
  • 7,3%
  • Пулҳои захиравӣ (октябр), млрд сомонӣ
    17,7
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    7% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 02 декабри с.2019)12,25
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (Октябр)13,06
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2019
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-окт)
    10,40
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-окт)
    22,45
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    19,39
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    21,77
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    22,51




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 06.12.2019

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2402.16 2459.53
10 4717.35 4830.01
20 9288.61 9510.44
50 22983.33 23532.21
100 45801.90 46895.73

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Декабр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    25 26 27 28 29 30 1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31 1 2 3 4 5
  • Яндекс.Метрика

Татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амал

22.07.2019

Дар доираи иҷрои дастуру супориш ва тавсияҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 10 майи соли 2019 дар мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо ба низоми бонкии кишвар додашуда, 20 июли соли равон дар шаҳраки Ғарм бо иштироки Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода, Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ ва роҳбарону кормандони масъули филиалҳо, марказҳои хизматрасонии филиалҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва ташкилотҳои маблағгузории хурди дар минтақаи Рашт фаъолияткунанда ҷаласаи васеъ баргузор гардид.

Ҷаласаро Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ҳусни оғоз бахшида, диққати иштирокдоронро ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳангоми мулоқот бо кормандони соҳаи молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо санаи 10 майи соли 2019 ва зимни сафари корӣ ба навоҳии минтақаи Рашт рӯзҳои 24-26 июни соли равон дода шуданд, ҷалб намуда, иброз дошт, ки мо бояд эродҳои гирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нисбат ба низоми бонкӣ сари вақт бартараф намуда, таҳти иҷрои қатъӣ қарор диҳем.

Снимок 1.PNG

Ҷ.Нурмаҳмадзода дар идомаи чорабинӣ ба роҳбарони филиалу марказҳои хизматрасонии бонкии мустақили ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ташкилотҳои маблағгузории хурд ва фондҳои қарздиҳии дар минтақа фаъолияткунанда тавсия дод, ки дар самти паст кардани фоизи қарзҳо, равона кардани воситаҳои қарзӣ ба соҳаҳои истеҳсолӣ, соҳибкорӣ, рушди деҳот, тақвияти ҳунарҳои мардумӣ, дастгирии соҳаи кишоварзӣ, рушди сайёҳӣ ва ғайра чораҳои дахлдор андешанд.

“Новобаста аз мусбат арзёбӣ гардидани нишондиҳандаҳои омории бонкӣ дар ҷамъбасти нимсолаи авввали соли 2019 дар минтақа, ҳоло ҳам камбудиву норасоиҳо ба назар мерасанд. Бинобар ин, бо истифода аз шароити мусоид ва малакаю истеъдоди баланди касбӣ моро зарур аст, ки ба муваффақиятҳои бештар ноил гардем”- таъкид намуд Ҷ.Нурмаҳмадзода.

Снимок 2.PNG

Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ дар навбати худ иброз дошт, ки баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои бонкию молиявӣ ба кормандони низоми бонкӣ алоқамандии зич дорад. Аз ин рӯ, барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои бонкӣ ба мардум, бахусус соҳаҳои буҷавӣ бояд чораҳои амалӣ андешида шавад.

Дар идомаи ҷаласа мудири Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳраки Ғарм Мустафо Ниёзов тавассути рӯнамоӣ ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти низоми бонкии минтақаи Раштро дар нимсолаи якуми соли 2019 ба таври васеъ шарҳ дода, барои беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои бонкию молиявӣ як қатор пешниҳоду тавсияҳоро мавриди муҳокимаи роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва БДА ҶТ “Амонатбонк” қарор дод.

Снимок 3.PNG

Ҷаласаро Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ.Нурмаҳмадзода ҷамъбаст карда, ба роҳбарону кормандони низоми бонкии минтақа барои меҳнати содиқонаашон нисбати халқу диёр бурдбориҳо таманно намуд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 560

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон


  • СУОЛИ РӮЗ

    Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?






    Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?





      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?
      1. Ба ман фарқ надорад;
        4765 (54.97%)
      2. Не, аз он ягон фоида нест;
        2090 (24.11%)
      3. Бале, ин ба фоидаи мардум мешавад;
        824 (9.51%)
    2. Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?
      1. Не, муроҷиат накардам;
        5837 (67.33%)
      2. Ҳа, муроҷиат кардам аммо пардохти суғуртавиро нагирифтам;
        1356 (15.64%)
      3. Ҳа, муроҷиат кардам ва пардохти суғуртавиро гирифтам;
        313 (3.61%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ