Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 28.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3961.42 4041.45
10 7803.34 7960.98
20 15473.21 15785.81
50 38453.68 39230.52
100 76788.01 78339.28

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Апрел      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    28 29 30 31 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 1
  • Яндекс.Метрика

Намоиши имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунармандӣ имконияти хуби муаррифии дастовардҳо дар соҳаи сайёҳии Тоҷикистон

09.08.2019

Баргузории  нахустин Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон-2019», дар ҳолест, ки се соли оянда-солҳои 2019-2021  дар Чумҳурии Тоҷикистон  аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидааст.

NBTL4324-1.JPG

Дар шаҳри Душанбе Иштирокчиёни нахустин  Форум ва Намоишгоҳи  байналмилалии  сайёҳии «Тоҷикистон -2019», аз намоиши имкониятҳои  сайёҳӣ ва ҳунармандӣ, ки дар боғи «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе, доир гардид дидан карданд. Дар Форуми байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон-2019» имкониятҳои  сайёҳӣ ва ҳунармандӣ бо пешниҳоди маҳсулоту имкониятҳои сайёҳӣ аз ҷониби ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва хориҷӣ пешниҳод карда шуд.

NBTL4528-2.JPG

Дар намоишгоҳ намояндагон аз дасгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохторҳои дахлдори сайёҳӣ ва ширкатҳои сайёҳиву истеҳсолии ватаниву хориҷӣ ширкат намуда, имкониятҳои фароҳамнамудаи худро ба меҳмонон муаррифӣ карданд. Дар ин намоишгоҳ ҳамчунин ҶДММ Осишгоҳи “Баҳористон”, истироҳатгоҳи “Шоҳин” ва Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон ширкат намуда, имкониятҳои худро дар самти сайёҳӣ ба меҳмонони дохиливу хориҷӣ муаррифӣ карданд.

NBTL4669-3.JPG

Дар ин намоишгоҳи имкониятҳои  сайёҳӣ ва ҳунармандӣ Гӯшаи зерсохторҳои Бонки миллии Тоҷикистонро Муовинони Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова ва Машрабзода Ҳамидулло муаррифӣ карда, оид ба шароити фаррохи Марказҳои таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ва Хоруғ, истироҳатгоҳи “Шоҳин”, ҶДММ Осишгоҳи “Баҳористон” ба меҳмонон ахбори зарурӣ доданд. Гуфта шуд, ки имкониятҳои фароҳам гашта дар ин марказҳои сайёҳии Бонки миллии Тоҷикистон барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ мувофиқ ба стандартҳои байналмилалӣ буда, сол то сол шумораи ташрифоварандагон меафзояд. Инро дида масъулон сатҳи хизматрасониву малакаи касбии кормандони марказҳои мазкурро бо баргузории семинару чорабиниҳои таълимӣ такмил медиҳанд.

NBTL4563-4.JPG

Ёдовар мешавем, ки қисме аз меҳмонон-иштирокдорони Форуми байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон -2019», ки аз намояндагони  давлатҳои гуногуни ҷаҳон, аз қабили  Чин, Ҳиндустон, Фаронса, Украина, Ӯзбекистон ва Қирғизистон  иборат буданд, ба  минтақаи сайёҳии Варзоб ташриф оварда, аз инфрасохтори сайёҳии ин минтақаи сайёҳии Тоҷикистон, ба монанди «Кохи Малика» ва Осоишгоҳи   «Хоҷа Обигарм» дидан намуданд. Меҳмонон баъди бозгашт аз минтақаи сайёҳии Варзоб аз имкониятҳои сайёҳӣ ва бузургтарин марказҳои фарҳангии пойтахти Ҷумҳурии  Тоҷикистон –шаҳри Душанбе –«Кохи Наврӯз», «Осорхонаи миллии Тоҷикистон», «Боғи Парчами Тоҷикистон» боздид намуда, бо тамаддун ва фарҳанги бостонии тоҷикон, ки таърихи куҳан дорад, шинос гардиданд.

NBTL4411-5.JPG

Баргузории  нахустин Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон-2019», дар ҳолест, ки се соли оянда-солҳои 2019-2021  дар Чумҳурии Тоҷикистон  аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидааст.

Шуъбаи матбуот


Диданд: 2102

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ