Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 28.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3961.42 4041.45
10 7803.34 7960.98
20 15473.21 15785.81
50 38453.68 39230.52
100 76788.01 78339.28

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Аввалин Конференсияи миллӣ оид ба фарогирии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

19.08.2019

15 августи соли 2019 дар шаҳри Душанбе аввалин Конференсияи миллӣ оид ба фарогирии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он вазъи кунунии дастрасии молиявии аҳолӣ, таҳияи стратегияи миллии фарогирии молиявӣ дар кишвар, баланд бардоштани маърифати молиявии сокинон мавриди таҳлил қарор дода шуд.

NBTL5121-1.JPG

Дар конференсияи мазкур Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова, Муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ, Вакили муваққатӣ оид ба корҳои Иттиҳоди Аврупо Стефано Эллеро, Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Пратибха Мехта, Роҳбари Анҷумани миллии занони соҳибкори Тоҷикистон Гулбаҳор Махкамова, намояндагони ташкилоту созмонҳои молиявии хориҷӣ ва мутахассисони ташкилотҳои қарзии кишвар иштирок ва суханронӣ намуданд.

Муовини Раиси БМТ Лола Салимова зимни суханронии худ зикр намуд, ки дар шароити кунунии рушди босуръати иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва муносибатҳои молиявӣ фарогирии молиявӣ яке аз масъалаҳои муҳим дар самти таъмини суботу устувории молиявии ҳар кишвар ба ҳисоб меравад.

NBTL5068-2.JPG

-Дар ин самт, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон як қатор тадбирҳои заруриро андешида истодаанд. Аз ҷумла, оид ба баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ, тақвият бахшидани пардохтҳои ғайринақдӣ дар кишвар барномаҳои алоҳида таҳия гардида, амалӣ шуда истодааст. Ҳамчунин, таҳияи Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати молиявии кишвар ва БМТ ба ҳисоб меравад, ки бояд ба таври дастаҷамъона бо вазорату идораҳои марбута ва бо истифода аз таҷрибаи ҷаҳонии муваффақ таҳия карда шавад,-иброз намуд Лола Салимова.

NBTL5193-3.JPG

Инчунин, дар рафти конференсия, мавзӯъҳои дигари вобаста ба рушди фарогирии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ ва муҳокимаронии иштирокдорон қарор гирифт. Аз ҷумла, Директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии БМТ Моҳбону Накатова дар бораи “Масъалаҳои зарурати таҳияи Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, муовини сардори Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии БМТ Улуғбек Бозоров доир ба “Ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва маърифати молиявӣ – василаи калидии фарогирии молиявӣ”, сардори Идораи низоми пардохти БМТ Шуҳрат Салоҳиддинов оид ба “Реҷаи махсуси танзим ва нақши он дар рушди технологияи нави бонкӣ ва афзоиши ҳаҷми пардохтҳои ғайринақдӣ”, сардори Шуъбаи назорати бонкдории исломии Департаменти назорати бонкии БМТ Кибриё Уроқова оид ба “Ҳолати кунунии татбиқи усулҳои бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон” суханронӣ намуда, рӯнамоии худро манзури иштирокчиёни конференсия намуданд.

NBTL5314-4.JPG

Марид ба зикр аст, ки мусоидат намудан ба фарогирии молиявӣ яке аз масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти БМТ ва мутахассисони он ба ҳисоб рафта, дар ин самт пайваста тадбирҳои саривақтӣ андешида мешаванд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 1805

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ