Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Ифтитоҳи раванди таҳияи Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ

02.10.2019

1 октябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба раванди таҳияи “Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар доираи чорабинии тантанавӣ ифтитоҳ бахшида шуд. Дар расми ифтитоҳи чорабинии мазкур намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон ва Гурӯҳи бонки ҷаҳонӣ/Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ба ҳайси шарики асосӣ дар таҳияи Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ ва вазорату идораҳои дахлдори кишвар ширкат варзиданд.

IMG_6923.JPG

Чорабиниро Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова ҳусни оғоз бахшида, изҳор дошт, ки дар шароити муносибатҳои муосири хоҷагидорӣ натиҷаҳои фаъолияти низоми бонкӣ ва молиявии кишвар тавассути фаро гирифтани аҳолӣ ба хизматрасониҳои гуногуни молиявию бонкӣ баҳодиҳӣ мешаванд. Аз ин рӯ, Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади дастрасию истифодаи хизматрасониҳои баландсифати бонкӣ баҳри рушди соҳибкории хурду миёна, зиёд гардидани миқдори суратҳисобҳо дар ташкилотҳои қарзӣ, ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тавассути низомҳои пардохтии электронӣ, интиқоли маблағҳои пулӣ, ҷалби пасандозҳои аҳолӣ, пешниҳоди қарзҳои дастрас, рушди бозори суғуртавӣ ва баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ зарурати таҳияи “Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро муҳим ва саривақтӣ мешуморад.

IMG_6914.JPG

Дар ин самт Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ барои таҳияи Стратегия таъсис додааст ва дар самти расонидани кӯмакҳои техникӣ ва ҷалби коршиносони байналмилалӣ, Созишнома бо Корпоратсияи байналмилаии молиявӣ дар доираи лоиҳаи “CAFINC” ба имзо расонида шуд, ки қадамҳои минбаъдаро барои таҳияи Стартегияи миллии фарогирии молиявӣ муайян менамояд.

Муовини директори Котиботи Швейтсария оид ба масоили иқтисодӣ (SECO) хонум Коринн Деменҷ ва Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Ян Петер Олтерс дар навбати худ қайд карданд, ки таҳияи “Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” саривақтӣ буда, метавонад ба рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишвар саҳми арзанда гузорад.

NBTL8452.JPG

Дар идомаи нишаст, мутахассиси калон оид ба соҳаи молияи Бонки ҷаҳонӣ хонум Маргарет Миллер зимни рӯнамоии худ дар бораи “Стратегияи миллӣ оид ба дастрасии молиявӣ: таҷрибаи ҷаҳонӣ ва беҳтарин амалияҳо барои Тоҷикистон”, директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии Бонки миллии Тоҷикистон Моҳбону Накатова дар мавзӯи “Вазъи дастрасии молиявӣ дар Тоҷикистон” ва мушовири калон оид ба соҳаи молияи Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ Олга Томилова дар робита ба “Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Тоҷикистон: қадамҳои пешниҳодшаванда, раванд ва муҳлатҳо” дар назди ҳозирин баромад намуда, оид ба вазъи дастрасии молиявии кунунӣ дар Тоҷикистон ва корҳои дар ин самт анҷомдодашуда, ташкили раванди таҳия ва муҳлати пешниҳоди он маълумоти мухтасар пешниҳод намуданд.

NBTL8498.JPG

Аъзоёни Гурӯҳи кории “Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар қисмати амалии кори нишаст оид ба самти техникӣ, аз ҷумла таҳияи лоиҳа, муайянсозии ҳадафҳо, замина, ҳамоҳангсозии кори Гурӯҳи корӣ, муҳлатҳои пешкаши маводҳо ва роҳҳои таҳвили нуқтаҳои дастрасӣ фикру андешаҳои худро баён намуданд.

Дар рӯзи дуюми баргузории чорабинии мазкур аз ҷониби иштирокчиён мавзӯъҳои калидӣ, аз ҷумла саводнокии молиявӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва васеъ гардонидани маҷмӯи маҳсулот, аз ҷумла, дастрасии соҳибкории хурду миёна ба маблағгузорӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд.

NBTL8537.JPG

Дар фароварди чорабинии ифтитоҳӣ Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Салимова Л. изҳор намуд, ки бо мақсади татбиқи амалии дастуру супоришҳо аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии бонкӣ ва пешниҳоди қарзҳои дастрасу босифат, баланд бардоштани савияи касбии кормандони низоми бонкӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодиёти рақамӣ Бонки миллии Тоҷикистон омода аст, бо ҳама вазорату идораҳо, ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва тарафҳои манфиатдор ҷиҳати таҳия ва коркарди “Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамкории зичу судмандро ба роҳ монад. “Умед аст, бо равнақу инкишофи фарогирии молиявии аҳолӣ ба хизматрасониҳои босифати бонкӣ рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишвар ва сатҳи некуаҳволии мардум то андозае таъмин хоҳад шуд”,- гуфт дар фароварди суханронӣ Салимова Л.

Шуъбаи матбуот


Диданд: 2197

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ