Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2021
  • Таваррум дар моҳи июн
    -0,5%
  • 9,0%
  • Пулҳои захиравӣ (июн), млрд. сомонӣ
    23,1
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 28 апрели с.2021)12,00
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (июн)11,01
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2021
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-июн)
    10,05
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-июн)
    23,86
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-июн)
    12,30
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (июн)
    22,16
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (январ-июн)
    21,07




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 23.07.2021

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3 367.52 3 447.95
10 6 648.08 6 806.85
20 13 150.06 13 464.11
50 32 636.95 33 416.38
100 65 109.14 66 664.07

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Июл      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    28 29 30 1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29 30 31 1
  • Яндекс.Метрика

Мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо коршиносони Бонки ҷаҳонӣ

03.10.2019

2 октябри соли 2019 Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо коршиносони Бонки ҷаҳонӣ, ки таҳти роҳбарии мутахассиси калон оид ба соҳаи молияи Бонки ҷаҳонӣ хонум Маргарет Миллер ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, мулоқот доир намуд.

NBTL8635-1.jpg

Дар мулоқот масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии молиявии аҳолӣ, вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тавассути низомҳои пардохтии электронӣ, татбиқи технологияҳои муосир ва рушди бонкдории мобилӣ, зиёд гардидани миқдори суратҳисобҳо дар ташкилотҳои қарзӣ ва дар умум, фарогирии молиявии аҳолии кишвар мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода шуд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба хонум Маргарет Миллер ва ҳамроҳони ӯ барои ҳамкории судманд ва иштироки фаъолона дар раванди таҳияи “Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, изҳори сипос намуда, таъкид дошт, ки таҳияи стратегияи мазкур саривақтӣ буда, метавонад ба рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишвар саҳми арзанда гузорад.

NBTL8659.JPG

-Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати фарогирии молиявии аҳолӣ як қатор тадбирҳо, аз ҷумла, пешниҳоди имтиёзҳо дар самти вусъати ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва татбиқи технологияҳои муосир дар низоми бонкӣ, ҷалби пасандозҳо ва амонатҳо ва баланд бардоштани маърифатнокии молиявии мардумро амалӣ намуда истодааст. Дар баробари ин, ҷалби дигар вазорату идораҳои дахлдори кишварро ҷиҳати иштирок ва мусоидат дар раванди таҳияи “Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ” ва баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолиро муҳим меҳисобем,-иброз намуд Ҷамшед Нурмаҳмадзода.

Дар навбати худ, хонум Маргарет Миллер барои ҳамкории пурсамар ба Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ.Нурмаҳмадзода миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки воқеан оғози раванди таҳияи “Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ” барои Тоҷикистон муҳим ба ҳисоб рафта, дар ин самт истифодаи таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ба манфиат хоҳад буд. Хонум Маргарет Миллер аз сатҳи баланди истифодаи технологияҳои муосири мобилӣ дар Тоҷикистон изҳори хушнудӣ карда, таъкид намуд, ки татбиқи технологияи рақамӣ барои рушди низоми бонкӣ ва баланд бардоштани маърифатнокии молиявии аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

NBTL8619.JPG

Дар охир ҷонибҳо аз ҳамкории судманди Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид намуданд, ки минбаъд низ ин ҳамкориҳо идома дода мешаванд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 1218

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ