Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2020
  • Таваррум дар моҳи апрел
    2,2%
  • 10,6%
  • Пулҳои захиравӣ (апрел), млрд. сомонӣ
    18,6
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 01 майи с.2020)11,75
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ1,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ5,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (апрел)12,18
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2020
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-апрел)
    11,11
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-апрел)
    23,88
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-апрел)
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (апрел)
    21,89
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-апрел)
    20,97




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.05.2020

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2945.70 3016.05
10 5804.43 5943.06
20 11462.78 11736.53
50 28418.74 29097.43
100 56672.72 58026.16

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Май      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    27 28 29 30 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Ҷамъбасти вазъи низоми бонкӣ дар нуҳ моҳи соли 2019 ва вазифаҳои навбатӣ

15.10.2019

14 октябри соли 2019 ҷаласаи ҷамъбастии роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон оид ба вазъи низоми бонкӣ дар нуҳ моҳи соли 2019 баргузор гардид.

Ҷаласаро Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода оғоз намуда, зикр кард, ки моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти худро ҷиҳати суботи молиявӣ, татбиқи ислоҳот дар самти сиёсати пулию қарзӣ, ҷоннок намудани фишангҳои монетарӣ ва дар ин робита нигоҳ доштани сатҳи таваррум дар доираи нишондиҳандаҳои мақсаднок равона намуд. Дар натиҷаи истифодаи самараноки фишангҳои монетарӣ ва фискалӣ нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, алалхусус таваррум дар сатҳи нисбатан муътадил нигоҳ дошта шуда, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба 6,5 фоиз баробар шуд.

NBTL3184.JPG

Зимни ҷаласа Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода таваҷҷуҳи ҳозиринро ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо (10.05.2019) ҷалб намуда, аз тадбирҳои андешидашуда дар ин самт натиҷагирӣ намуд. Зикр карда шуд, ки бо мақсади татбиқи иқдоми Пешвои миллат оид ба таъмини рушди соҳибкорӣ бо роҳи паст кардани меъёри фоизи қарз, Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои қарзӣ чораҳои зарурӣ андешида, дар натиҷа, меъёри миёнавазни фоизи қарзҳо бо пули миллӣ дар моҳҳои январ-сентябри соли 2019 нисбат ба нуҳ моҳи соли гузашта ба андозаи 6,4 банди фоизӣ паст гардида, 22,1 фоизро ташкил намуд. Меъёри миёнавазни фоизи қарзҳо дар ин давра бо асъори хориҷӣ 15,5 фоизро ташкил намуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ба 1,3 банди фоизӣ паст шуд.

Дар рафти ҷаласа дар мавриди пешниҳоди маблағгузориҳои қарзӣ барои рушди соҳибкорӣ, ҳамчун самти афзалиятнок дар кишвар қайд гардид. Дар робита ба ин, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз ин самт натиҷагирӣ карда, қайд намуд, ки аз ҳаҷми умумии қарзҳои аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дар давраи ҳисоботӣ додашуда 39,9 фоизи он ба соҳибкории истеҳсолӣ рост омада, маблағи 2 671,5 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 980,9 млн. сомонӣ ё 58,0 фоиз зиёд мебошад. Ҳамзамон, моҳҳои январ-сентябри соли 2019 аз ҷониби ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ ба соҳаи сайёҳӣ 8,1 млн.сомонӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ 27,2 млн.сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26,5 фоиз афзоиш ёфтааст.

Дар идомаи ҷаласа, оид ба вазъи низоми бонкӣ, таъсиси як қатор ташкилотҳои нави қарзӣ дар низом, аз ҷумла бонки исломии ҶСК “Тавҳидбонк” бо роҳи табдилдиҳӣ, ҶСП Бонки “Арванд”, ҶДММ ТАҚХ “Васл”, инчунин таъсиси як қатор марказҳои хизматрасонии бонкӣ баҳри беҳтару хубтар намудани сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва фароҳам омадани шароити мусоид барои дастрасии молиявӣ ҷиҳати баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ шарҳи мухатасар дода шуд.

Дар ҷамъбасти ҷаласа, аз рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Бонки миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни вохӯрӣ бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук ва бонкҳо (10.05.2019) натиҷагирӣ карда шуда, барои идома додани кор баҳри татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, пурзӯр намудани низоми назорати дохилӣ ҷиҳати пешгирии талафоти имконпазир ва коҳиш додани сатҳи хавфҳои эҳтимолӣ ба низоми бонкӣ, тақвият додани ҳамкориҳо дар самти ҷалби бештари сармояи арзон ва дарозмуҳлат, паст кардани фоизи қарзҳо ва пешниҳоди имтиёзҳои қарзӣ, ҷалби пасандозҳо, такмили идоракунии корпоративӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо ва тавсеа додани хизматрасониҳои муосири бонкӣ, вусъат бахшидани доираи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва таъмини соҳибкорон бо терминалҳо, баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ, ҷалби кадрҳои баландихтисос, бахсусус ҷалби бонувон ба низом ва дар маҷмӯъ баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ вазифаҳои навбатӣ гузошта шуд.

Шуъбаи матбуот


Диданд: 1387

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ