Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2019
  • Таваррум дар моҳи октябр
    0,1%
  • 7,3%
  • Пулҳои захиравӣ (октябр), млрд сомонӣ
    17,7
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    7% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 02 декабри с.2019)12,25
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (Октябр)13,06
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2019
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-окт)
    10,40
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-окт)
    22,45
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    19,39
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    21,77
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-окт)
    22,51




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 09.12.2019

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2402.55 2459.92
10 4718.12 4830.80
20 9290.15 9512.01
50 22987.17 23536.15
100 45809.58 46903.60

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Декабр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    25 26 27 28 29 30 1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31 1 2 3 4 5
  • Яндекс.Метрика

Баррасии рейтинги соҳибихтиёрии Тоҷикистон бо Агентии рейтингии байналмилалии “Moody’s Investors Service”

13.11.2019

12 ноябри соли 2019 Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дар доираи раванди интишори навбатии рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ноиби калони муовини Президенти Гурӯҳи баҳодиҳии хавфҳои кишварҳои соҳибихтиёри Агентии рейтингии байналмилалии “Moody’s Investors Service” Кристиан де Гузман ва Мудири иҷроияи Агентии мазкур Жин Фенг мулоқоти корӣ анҷом дод. Мулоқоти мазкур бо мақсади муайян намудани рейтинги кредитӣ дар Тоҷикистон ва шиносоӣ бо вазъи низоми бонкии кишвар, аз рӯйи нишондиҳандаҳои соли равон доир гардид.

NBTL1466-1.jpg

Дар оғози мулоқот, Ҷамолиддин Нуралиев оид ба вазъи феълии низоми бонкии ҷумҳурӣ, амалигардонии сиёсати монетарӣ ва нигоҳ доштани сатҳи таваррум дар доираи нишондиҳандаҳои пешбинишуда, самтҳои гуногуни рушд дар бахши молияи давлатӣ, имкониятҳои мавҷуда барои ҷалби сармоягузорӣ ба кишвар суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки новобаста ба таъсири омилҳои беруна Тоҷикистон тавонист тайи солҳои охир устувории макроиқтисодӣ - асоси рушди босуботи иқтисодии кишварро таъмин намояд. Ҷамолиддин Нуралиев аз беҳтар гардидани вазъи низоми бонкӣ, аз ҷумла таъмини даромаднокӣ ва беҳтар гардидани сандуқи қарзӣ, коҳиш ёфтани сатҳи қарзҳои ғайрифаъол ва зиёд шудани ҷалби пасандозҳо ёдовар шуда қайд кард, ки ин аз эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ дарак медиҳад.

NBTL1512.JPG

Баъдан, ҷаноби Кристиан де Гузман ва Жин Фенг оид ба методологияи гузаронидани баҳодиҳӣ ва омилҳои асосии муайянкунии рейтинг, аз ҷумла аз рӯи нишондиҳандаҳои суботи молиявӣ, уҳдадориҳои давлатӣ, сиёсати монетарию фискалӣ, татбиқи реҷаи ҳадафгирии таваррум, ҷой доштани хавфҳои эҳтимолӣ ва ҳолатҳои ғайричашмдошт дар назди ҳозирин муаррифӣ манзур намуданд. Коршиносони Агентии рейтингии байналмилалии “Moody’s Investors Service” зикр намуданд, ки аз рӯйи методологияи нав дурнамо барои 12 моҳ пешниҳод карда мешавад ва он дар асоси нишондиҳандаҳои ироакардаи ҷониби Тоҷикистон омода мегардад.

Дар идомаи вохӯрӣ, роҳбарони воҳидҳои сохтории БМТ доир ба суботи молиявӣ, вазъи нишондиҳандаҳои асосии устувории молиявӣ дар низоми бонкӣ, идомаи татбиқи ислоҳот дар он, афзоиши пешниҳоди қарзҳо ба иқтисодиёт ва инчунин оид ба гардиши савдои хориҷӣ ва нишондиҳандаҳои алоҳидаи тавозуни пардохт маълумот манзур намуданд.

NBTL1486.JPG

Дар поёни мулоқоти корӣ Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев таъкид дошт, ки натиҷаи баҳодиҳии рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз талаботҳои асосии ворид шудан ба бозорҳои байналмилалии сармоя ба шумор рафта, дар рушди сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, бонкҳои сармоягузорӣ ва шарикони рушд нақши мусбат дошта метавонад. Аз ин сабаб, дар раванди таҳияи рейтинги навбатӣ, бояд хусусиятҳои хоси минтақа ва кишвар, афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва саҳми бахшҳои иқтисодиёт дар он, беҳтар гардидани сатҳи даромаднокии низоми бонкӣ, таҳким ва рушди идоракунии захираҳои байналмилалии кишвар, ислоҳоти гузаронидашуда ва нишондиҳандаҳои муҳими дигар ба инобат гирифта шавад. Ҳамчунин, Ҷамолиддин Нуралиев аз намояндагони Агентии рейтингии байналмилалии “Moody’s Investors Service” даъват ба амал овард, ки дар ҷараёни баҳогузорӣ касбияти хешро ба кор бурда, аз рӯйи нишондиҳандаҳои воқеӣ хулосабарорӣ намоянд.

Ёдовар мешавем, ки Агентии рейтингии байналмилалии “Moody’s Investors Service” яке аз ширкатҳои бонуфузи байналмилалӣ ба ҳисоб рафта, ба муайян намудани рейтинги қарзии кишварҳои ҷаҳон, таҳқиқот ва таҳлили хавфҳои онҳо машғул аст.

Шуъбаи матбуот


Диданд: 430

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон


  • СУОЛИ РӮЗ

    Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?






    Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?





      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?
      1. Ба ман фарқ надорад;
        4767 (54.89%)
      2. Не, аз он ягон фоида нест;
        2100 (24.18%)
      3. Бале, ин ба фоидаи мардум мешавад;
        826 (9.51%)
    2. Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?
      1. Не, муроҷиат накардам;
        5847 (67.32%)
      2. Ҳа, муроҷиат кардам аммо пардохти суғуртавиро нагирифтам;
        1357 (15.62%)
      3. Ҳа, муроҷиат кардам ва пардохти суғуртавиро гирифтам;
        314 (3.62%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ