Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2020
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,4%
  • 7,8%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал), млрд. сомонӣ
    18,8
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 03 феврали с.2020)12,75
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)12,20
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2020
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ)
    11,22
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ)
    24,40
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ)
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (январ)
    21,91
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (январ)
    22,82




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 07.04.2020

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2791.22 2857.88
10 5495.48 5626.72
20 10844.86 11103.86
50 26873.96 27515.76
100 53583.15 54862.82

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Апрел      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    30 31 1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 1 2 3
  • Яндекс.Метрика

Интиқоли маблағҳо тавассути низомҳои пардохтие, ки ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо пайваст шудаанд, бе мамониат амалӣ шуда истодааст

04.12.2019

Тавре Бонки миллии Тоҷикистон қаблан иттилоъ дода буд, аз санаи 15 ноябри соли 2019 “Тартиби интиқоли фаромарзии маблағҳо ва фаъолияти низомҳои пардохтии анҷомдиҳандаи чунин интиқолҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор гирифт. Дар асоси санади меъёрии ҳуқуқии мазкур аз 18 ноябри соли 2019 Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо дар назди Бонки миллии Тоҷикистон ба таври пилотӣ бо низоми пардохтии “Юнистрим” ва якчанд ташкилоти қарзии ватанӣ бомуваффақона фаъолияти худро шурӯъ намуд.

Оғоз аз 3 декабри соли 2019 тамоми интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳои бонкӣ тавассути низомҳои пардохтие, ки ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо пайваст гардидаанд, амалӣ шуда истодаанд. Айни замон, низомҳои пардохтии “Юнистрим” ва “Контакт” ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо пурра пайваст шудаанд ва аз 3 декабри соли равон шаҳрвандон метавонанд тавассутии ин низомҳо бе мамоният интиқоли маблағҳоро анҷом диҳанд. Инчунин, низоми пардохтии “Вестерн Юнион” пайвастшавиро ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо босуръат идома дода истодааст ва дар рӯзҳои наздик тавассути низоми мазкур низ интиқоли маблағҳо имконпазир мегардад.

Муштариёне, ки маблағҳоро тавассути низомҳои пардохтии “Золотая Корона”, “Близко” ва “MoneyGram” интиқол додаанд ва ин мабалғҳоро то санаи 3 декабри соли 2019 дастрас накардаанд, метавонанд маблағҳои худро аз ин низомҳо бозпас гирифта, тавассути низомҳои “Юнистрим” ва “Контакт”, инчунин суратҳисобҳои бонкӣ интиқол диҳанд.

Бояд қайд намуд, ки низоми пардохтии “Золотая Корона”, ки ҳаҷми зиёди маблағҳо тавассути он интиқол мегардид, ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо пайваст нашудааст ва иҷрои талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин накардааст, аз ин лиҳоз интиқоли маблағҳо тавассути низоми мазкур ғайриимкон мебошад.

Дар мавриди аз ҷониби дигар низомҳои пардохтӣ иҷро гардидани талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пайваст гардидани онҳо ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо фаъолияти онҳо дар кишвар барқарор мегардад.

Мақсади асосии таъсиси Маркази миллии протсессингӣ аз баланд бардоштани самаранокии фаъолияти низоми интиқоли маблағҳо, таъмин намудани шаффофияти амалиётҳо ва коҳиш додани хавфҳои транзаксионӣ бо мақсади таъмин намудани устувории низоми бонкию молиявӣ дар кишвар ва ба амал овардани заминаи мусоид барои амалиётҳои бехавф иборат мебошад.

Бо назардошти гуфтаҳои боло, аз ташкилотҳои қарзӣ ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ хоҳиш менамоем, ки ба самъи муштариён ва наздикони худ дар давлатҳои хориҷа расонанд, ки дар рӯзҳои наздик ҳангоми интиқолдиҳии маблағҳо аз хориҷа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хизматрасонии низомҳои пардохтии “Юнистрим” ва “Контакт” истифода баранд. Коди “Юнистрим” 12 рақама буда, коди “Контакт” 9 рақама мебошад. Минбаъд аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ кодҳои 9 рақамаи низоми пардохтии “Золотая Корона” мавриди баррасӣ қарор дода намешаванд.

То охири моҳи декабр, мунтазам дигар низомҳои пардохтӣ ба Маркази миллии протсессингӣ пайваст мешаванд ва низоми бонкӣ дар навбати худ барои таъмини саривақтии хизматрасониҳои интиқоли маблағҳо ба муштариён тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ мекунад.

Ҳамарӯза дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон дар реҷаи воқеӣ маълумот оид ба низомҳои пардохтии ба Маркази миллии протсессингӣ пайвастшуда, гузошта мешавад.

Шуъбаи матбуот


Диданд: 1262

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон


x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ