Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2019
  • Таваррум дар моҳи ноябр
    0,6%
  • 7,5%
  • Пулҳои захиравӣ (ноябр), млрд сомонӣ
    18,5
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат (соли 2020)
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 02 декабри с.2019)12,25
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (Ноябр)12,96
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2019
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-нояб)
    9,96
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-нояб)
    22,61
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-нояб)
    19,52
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (ноябр)
    21,49
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-нояб)
    22,47




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 17.01.2020

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2530.20 2590.63
10 4973.44 5092.21
20 9800.78 10034.84
50 24263.75 24843.22
100 48362.75 49517.73

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Январ      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    30 31 1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 31 1 2
  • Яндекс.Метрика

Маркази миллии протсессингӣ ройгон фаъолият намуда, ҳадафи он таъмини бехатарии интиқоли маблағ ва пардохти он мебошад

11.12.2019

Шурӯъ аз 3 декабри соли равон Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳо дар назди Бонки миллии Тоҷикистон ба кор оғоз кард. Барои шарҳи дурусти фаъолияти маркази мазкур ва ба шаҳрвандони кишвар фаҳмонидани тағйироту навгониҳо дар самти интиқоли маблағ, бо мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон мусоҳиба анҷом додем.

Савол: Мақсад ва зарурати ташкил кардани ММП дар чӣ буд?

БМТ: Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо ин навоварии технологӣ дар низоми пардохтии кишвар мебошад, ки дар бахши бонкӣ амалӣ гардида, ҳаммонанди худро дар таҷрибаи ҷаҳонӣ надорад.

Модели Маркази миллии протсессингии мазкур бо дарназардошти тамоюли ҳамгироии технологияҳои молиявӣ бо технологияҳои танзимгари ҷаҳони муосир таҳия шуда, дар оянда ба ташаккули доираи васеи имкониятҳои технологӣ ва инноватсионӣ ҷиҳати пешниҳоди хизматрасониҳои молиявии нав ба аҳолии кишвар мусоидат хоҳад кард.

Зарурати ташкили Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳо дар назди Бонки миллии Тоҷикистонро (ММП) бо як мисоли оддӣ мехоҳем шарҳ диҳем.

Соли 2014 ду оператори низоми пардохт “Мигом” ва “Лидер” муфлис шуданд. Онҳо 1 млн. доллар ва беш аз 50 млн.рубли русии шаҳрвандони Тоҷикистонро барои интиқол гирифта буданд. Баъди муфлисшавӣ ин маблағҳоро бонкҳои Тоҷикистон аз ҳисоби худашон ба шаҳрвандон доданд, аммо “Мигом” ва “Лидер” ба бонкҳои кишвари мо қарзашонро напардохтанд. Ин зарар ба иқтисодиёти Тоҷикистон буд.

Ҳоло бозори интиқоли маблағҳо (ба ҳисоби миёна дар солҳои 2018 – 2019) ҳудуди 2,5 миллиард долларро ташкил медиҳад. Ин маблағ асосан аз сӯи муҳоҷирини меҳнатӣ аз Русия ба Тоҷикистон интиқол меёбад. Қисмати бузурги ин маблағҳо – ҳудуди 80% (наздики 2 млрд. доллар) тавассути як низоми интиқолӣ – “Золотая корона” ворид мегардид. Худ тасаввур кунед, ки агар мабодо “Золотая корона” мисли “Мигом” ва “Лидер” муфлис шавад, чӣ иттифоқ меафтад? Дар чунин ҳолат он 2 млрд долларе, ки тавассути “Золотая корона” интиқол дода мешуд, муаллақ мемонд. Кӣ онро пардохт мекард? Агар бонкҳои Тоҷикистон пардохт ҳам мекарданд, боз иқтисодиёти кишвар зарар медид. 2 миллиард доллар барои ширкатҳои бузург маблағи ночиз аст, аммо барои иқтисодиёти хурди мо як маблағи калон аст.

Мақсади асосии таъсисдиҳии ММП пеш аз ҳама:

- Ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои бонкӣ, алалхусус дар самти амалиётҳои интиқоли маблағҳо;

- Таъмини шаффофияти амалиётҳо аз рӯи интиқолҳои пулии фаромарзӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ;

- Таҳким бахшидани механизми муқовимат аз сӯиистифода намудан аз низоми интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳои бонкӣ бо мақсади расмикунонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Баландбардории фарогирии молиявии аҳолӣ ва маърифати молиявӣ;

- Дар амал татбиқ намудани навовариҳои технологӣ дар соҳаи бонкдорӣ;

- Диверсификатсияи бозори хизматрасониҳои интиқоли маблағҳо ва роҳ надодан ба мавқеи инҳисорӣ пайдо намудани як низоми пардохтӣ;

- Таҳкимбахшии стратегияи коммуникатсионӣ ва дар амал татбиқ намудани он;

- Баланд бардоштани самаранокии ҳисоббаробаркуниҳо байни ҳамаи иштирокдорони ММП, вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ;

- Тақвият бахшидани устувории низоми бонкии мамлакат аз ҳисоби паст намудани хавфҳои амалиётӣ барои ташкилотҳои қарзии молиявии Тоҷикистон ҳангоми муфлисшавии низомҳои пардохтии интиқолӣ;

- Осону қулай гардидани интиқоли маблағҳои дохилиҷумҳуриявӣ, алалхусус дар манотиқи дурдасти кишвар;

- Фароҳам овардани имконияти интиқоли маблағҳо ба суратҳисобҳои кортии дорандагони кортҳои пардохтии “Корти миллӣ” ва дар натиҷа афзоиши амонатҳо дар ташкилотҳои қарзӣ аз ҳисоби интиқоли маблағҳо (супориши Пешвои миллат ҷиҳати зиёд кардани амонатгузорон аз ҳисоби интиқоли маблағҳо);

- Таъмин намудани маълумотҳои оморӣ оид ба интиқолҳои    фаромарзӣ ва беҳтар гардидани сифати маълумотҳои оморӣ ва таҳлилҳо мегардад;

- Осон, боэътимод ва бехатар анҷомдиҳии амалиёти интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисоби бонкӣ мебошад.

Савол: Пас аз ба фаъолият оғоз кардани ММП чӣ чиз тағйир ёфт? Оё тарзи интиқоли маблағ дигар шуд?

БМТ: Не, аслан тағйироти назаррас барои шаҳрвандон сурат нагирифтааст. Шаҳрвандон ҳамон тавре, ки қаблан маблағ ирсол мекарданду мегирифтанд, маблағҳои худро интиқол дода боз мегиранд. Фақат вақти интиқол бояд каме бодиққат бошанд ва аз корманди бонк талаб кунанд, ки маблағи онҳоро бо ҳамон операторе интиқол диҳанд, ки ба ММП пайваст аст. Қаблан, дар бисёр ҳолат оператори интиқолро худи корманди бонк аз рӯйи хоҳиши худаш интихоб мекард, акнун, муштарӣ бояд худаш интихоб кунад. Ҳоло ду оператори низоми пардохт ба ММП пайваст шудаанд, ки шаҳрвандон метавонанд аз онҳо истифода намоянд. Инҳо “Юнистрим” ва “Контакт” мебошанд.

Ҳоло “Юнистрим” бе мушкил дар Тоҷикистон фаъолият намуда истодааст ва бо пешниҳоди Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон фоизҳои интиқолро аз 1,5 % то 0,99 % коҳиш медиҳад. “Юнистрим” беш аз 20 ҳазор нуқтаи хизматрасонӣ дорад. Доираи фаъолияти онҳо васеъ аст ва онҳо метавонанд, ба шаҳрвандони мо озодона хизмат расонанд.

Ҳамзамон, низоми пардохтии “Контакт” санаи 10 декабр ҳаққи хизматрасониро барои мизиҷони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 1 фоиз поён бурд, ки ин ҳам аз муҳайё шудани шароит барои хизматрасонии интиқоли маблағ ба аҳолӣ мебошад.

Савол: Яъне ҳоло танҳо “Юнистрим” ва “Контакт” расман фаъолият мекунанд ва шаҳрвандони кишвар тариқи ин операторони низоми пардохт маблағҳои худро интиқол диҳанд?

БМТ:   Бале, ҳоло танҳо ин ду оператори низоми пардохт ба ММП пайваст шудаанд ва маблағҳои шаҳрвандони кишварро интиқол дода метавонанд. Аммо мо бо дигар операторон низ гуфтушунид дорем ва дар рӯзҳои наздик боз чанд опрератори низоми пардохт ба ММП пайваст мешаванд. Аз ҷумла, “Вестерн Юнион” ҳам то 20 декабри соли ҷорӣ ба ММП пайваст мешавад. Сабаби таъхираш мушкилоти техникӣ аст, ки қариб бартараф шудааст.

Савол: Боз бо кадом роҳҳо шаҳрвандони метавонанд маблағҳои худро интиқол диҳанд?

БМТ: Роҳҳои дигари интиқоли маблағ низ ҳастанд. Аз ҷумла, тариқи аз як корт ба корти дигар интиқол додани маблағ. Чанде пештар НП “Корти миллӣ” ва НСПК “МИР” байни ҳам шартнома бастанд ва акнун шаҳрвандони кишвар метавонанд маблағҳои худро аз корти “МИР” ба “Корти миллӣ” интиқол диҳанд ва аз дилхоҳ бонкамати БДА ҶТ “Амонатбонк” маблағи худро дастрас намоянд.

Ғайр аз ин, шаҳрвандон метавонанд дар бонкҳои кишвар суратҳисоб кушоянд ва аз дилхоҳ кишвар ба суратҳисоби худ маблағ интиқол диҳанд. Онҳо бояд маълумот ё реквизити корти бонкии Тоҷикистонро дастрас карда, ба ягон бонк раванд ва маблағашонро интиқол диҳанд. Дар баробари интиқоли маблағҳо тавасссути низомҳои зикргардида, инчунин интиқоли маблағҳо аз Федератсияи Россия ба кортҳои пардохтии “Корти миллӣ”-и ҶСП “Спитамен Бонк”, ҶСК “Бонки Эсхата”, ҶСП “Коммерсбонки Тоҷикистон”, ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд” ва ҶДММ ТАҚХ “Душанбе Сити” тавассути барномаи мобилии “Сбербанк онлайн”, инчунин терминалҳои КИВИ ва нуқтаҳои хизматрасонии “Связной” ва “Мегафон” имконпазир мебошад.

Савол: Имрӯз баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки тариқи низоми пардохтии “Золотая корона” маблағ фиристодаанд, барои гирифтани он душворӣ мекашанд. Онҳо чӣ кор бояд кунанд?

БМТ: Онҳо бояд ба ҳамон нуқтае, ки маблағ интиқол додаанд рафта, пули худашонро аз “Золотая корона” бозпас гиранд ва ба воситаи “Юнистрим” ё “Контакт” фиристанд.

Савол: Оё дар оянда “Золотая корона” низ ба ММП пайваст мешавад?

БМТ: Пас аз фаъол шудани ММП “Золотая корона” бо мо мукотибаро фаъолона шурӯъ кардааст. Ҳоло роҳи бозгашти “Золотая корона” ба бозор боз аст. Онҳо ба ММП пайваст шаванд ва озодона фаъолияташонро идома диҳанд, дар ин самт ягон мушкил дида намешавад. Мо танҳо мехоҳем ба мардум кафолат диҳанд, ки маблағи онҳо дар ҳар сурат пардохт мешавад. Яъне мо шаҳрвандони худро суғурта мекунем.

Суол: Оё барои пайваст шудан ба ММП маблағ талаб карда мешавад?

БМТ: Қатъан изҳор медорем, ки ММП ройгон хизмат мекунад, ягон пардохт барои ин Марказ талаб карда намешавад. Бонки миллии Тоҷикистон тамоми хароҷотро барои фаъолият ва нигоҳдории Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳоро ба уҳдаи худ гирифтааст. Ҳангоми анҷомдиҳии амалиёт тавассути ММП на аз интиқолдиҳанда, интиқолгиранда, низомҳои пардохти байналмилалӣ ва на аз бонку ташкилоти қарзии ватанӣ ягон дирам ё ҳаққи хизмат ситонида намешавад. Фоидае, ки низомҳои пардохти байналмилалӣ ва бонку ташкилотҳои Тоҷикистон мебинанд, миёни онҳо ва тибқи созишномаи миёни худи онҳо тақсим мешавад. Мо ба он дахолат намекунем.

То ин замон роҷеъ ба омори интиқолӣ рақамҳои дақиқ мавҷуд набуданд, Бонки миллии Тоҷикистон ин маълумотро аз ташкилотҳои қарзӣ ҷамъоварӣ намуда, хулоса мекард ва то чӣ андоза дақиқ будани онҳо аз пешниҳоди маълумоти ташкилотҳои қарзӣ вобаста буд. Ва аксар вақт маълумотҳои Бонки миллии Тоҷикистон ба маълумотҳои Бонки марказии Россия мувофиқ намеомаданд. Акнун ин мушкили аз байн меравад. ММП имкон медиҳад, ки маълумоти дақиқ оид ба ҳаҷми интиқолҳои пулӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ ҷамъоварӣ карда шаванд.

Кӯшиши ММП бар ин аст, ки низомҳои пардохт ҳаққи хизматрасониро коҳиш диҳанд ва даромадҳои мардум афзояд ва хавфҳо пешгирӣ гарданд.

Савол: Метавонед ба таври сода бартариҳои ММП – ро барои худи сокинон шарҳ диҳед?

БМТ: Якум, то имрӯз агар шумо аз Душанбе тариқи “Бонки Эсхата” ба Хоруғ маблағ мефиристед, маблағро танҳо аз “Бонки Эсхата” метавонистед гиред. Агар дар Хоруғ “Бонки Эсхата” набошад, гирифта наметавонистед. Баъди фаъол шудани ММП ин мушкил бартараф шуд ва шумо маблағро аз дилхоҳ бонкҳое, ки дар Хоруғ ҳастанд, дастрас карда метавонед.

Дуюм, шумо дар ягон маҳалли дурдаст ноогоҳ аз қурби расмии пул бояд интиқоли аз Русия шударо ба даст оред. Он ҷо корманди бонк ба шумо мегӯяд, ки қурби мубодила 145 сомонӣ барои 1000 рубли русӣ аст, аммо дар асл шуморо фиреб медиҳад, чун қурб 150 сомонӣ барои 1000 рубл аст. Шумо ба корманди бонк бовар карда, бо ҳамон қурб маблағатонро мегиреду меравед. Ҳоло ин ҳаннотӣ имкон надорад, зеро ММП ба ҳама ташкилотҳои қарзӣ дар реҷаи воеӣ (онлайн) қурби интиқолро пешниҳод менамояд ва ин қурб дар Низоми онҳо инъикос мегардад ва дар расиде, ки ташкилотҳои қарзӣ ба муштариён медиҳад он акс мегардад.

Сеюм, вақте шумо ба назди корманди дилхоҳ бонк меравед, аз шумо пурсида мешавад, ки аз кадом низоми пардохт пул омадааст. Шумо, масалан, мегӯед, ки “Юнистрим”. Корманди бонк сафҳа ё терминали “Юнистрим” – ро боз мекунад. Пас аз шумо як нафари дигар меояд, мегӯяд, ки маблағаш аз “Вестерн Юнион” аст. Корманди бонк маҷбур аст, ки аз сафҳаи “Юнистрим” баромада, ба сафҳаи “Вестерн Юнион” ворид шавад. Табиист, ки барои ин вақти зиёд зоеъ ва хизматрасонӣ кунд мешавад. Ҳоло чунин нест. Дар сафҳаи умумӣ, ки ММП эҷод кардааст, ҳисоботи ҳамаи низомҳо пайдо мешавад ва корманди бонк аз як сафҳа ҳамаро дида, хизмат мерасонад.

ММП боз бартариҳои зиёд дорад, ки дар рафти фаъолияти он худи сокинони кишвар эҳсос хоҳанд кард.

Савол: Оё дуруст аст, ки минбаъд ҳамаи интиқолҳо тавассути кортҳо сурат мегирад?

БМТ: Не, ин дуруст нест. Тавре дар боло зикр намудем, тартиби интиқол барои шаҳрвандон тағйир намеёбад. Мардум чун гузашта мераванд бонк, шиноснома нишон медиҳанд, пулашонро метавонанд нақд гиранд метавонанд дар ба корти худ интиқол диҳанд. Фақат интиқолҳо тавассути низомҳое бояд сурат гиранд, ки ба ММП пайваст шудаанд.

Шуъбаи матбуот



Диданд: 911

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон


  • СУОЛИ РӮЗ

    Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?






    Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?





      
  • НАТИҶАИ ОВОЗДИҲӢ:
    1. СУОЛИ РӮЗ

      Шумо мехоҳед, ки суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми бошад?
      1. Ба ман фарқ надорад;
        4785 (53.28%)
      2. Не, аз он ягон фоида нест;
        2321 (25.84%)
      3. Бале, ин ба фоидаи мардум мешавад;
        865 (9.63%)
    2. Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?
      1. Не, муроҷиат накардам;
        5971 (66.48%)
      2. Ҳа, муроҷиат кардам аммо пардохти суғуртавиро нагирифтам;
        1406 (15.66%)
      3. Ҳа, муроҷиат кардам ва пардохти суғуртавиро гирифтам;
        323 (3.60%)
x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ