Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2020
  • Таваррум дар моҳи май
    0,5%
  • 10,0%
  • Пулҳои захиравӣ (май), млрд. сомонӣ
    18,5
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 01 майи с.2020)11,75
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ1,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ5,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (май)11,55
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2020
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-май)
    11,1
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-май)
    23,8
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-май)
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (май)
    21,37
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-май)
    20,0




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 07.07.2020

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3040.53 3113.14
10 5994.09 6137.24
20 11842.09 12124.90
50 29367.02 30068.36
100 58569.27 59968.01

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Июл      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    29 30 1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 31 1 2
  • Яндекс.Метрика

Мулоқоти Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ

13.12.2019

13 декабри соли 2019 Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода дар доираи татбиқи лоиҳаи “Баланд бардоштани рақобатнокии бахши хусусӣ” бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ, таҳти роҳбарии Намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ян-Петер Олтерс мулоқот доир намуд.

NBTL4469.JPG

Дар оғози мулоқот Ҳамидулло Машрабзода аз ҳамкории судманди Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ карда, иброз дошт, ки вохӯрии мазкур ҷамбастӣ буда, барои ба анҷом расонидани лоиҳа мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон тӯли 2 соли охир дар асоси технологияҳои муосир як қатор низомҳоро, ки барои рушд ва фаъолияти самараноки бахши бонкдорӣ равона шудааст бо муваффақият татбиқ намуданд, ки Низоми автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳо - RTGS (Real Time Gross Settlement) ва Амонатгоҳи марказии қоғазҳои киматнок - CSD (Central Securities Depository) аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Инчунин, барои назорати самараноки фаъолияти низоми бонкӣ дар асоси технологияи муосир низоми ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлили ҳисоботҳо татбиқ карда шуд.

NBTL4462.JPG

Зимни мулоқот зикр гардид, ки низомҳои татбиқшуда инфрасохтори бахши бонкиро устувор гардонида, барои пешниҳод намудани хизматрасониҳои нави пардохтӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ, аз ҷумла рушди пардохтҳои ғайринақдӣ дар савдои чакана бо истифода аз модули IFT (Instant Fund Transfer) мусоидат менамояд.

Давр навбати худ, ҷаноби Ян-Петер Олтерс аз ҳамкории сатҳи олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ изҳори хушнудӣ карда, анҷомёбии лоиҳаи мазкурро мусбӣ арзёбӣ намуд ва иброз дошт, ки низомҳои татбиқшуда барои беҳтар гардидани хизматрасониҳои бонкӣ, рушди бахши хусусӣ ва баланд бардоштани мавқеи кишвар дар рейтинги “Пешбурди соҳибкорӣ” мусоидат менамояд.

NBTL4452.JPG

Боиси тазаккур аст, ки низомҳои нав ба стандартҳои маъмули ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, дорои як қатор бартариятҳо, аз қабили идоракунии навбатнокии пардохтҳо, набудани маҳдудият ба шумораи пардохтҳо дар давоми рӯзи амалиётӣ, модулҳои муосири интиқоли пардохтҳо дар реҷаи вақти воқеӣ, клиринг ва пардохтҳои босуръат мебошад.

Шуъбаи матбуот


Диданд: 1000

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ