Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2020
  • Таваррум дар моҳи апрел
    2,2%
  • 10,6%
  • Пулҳои захиравӣ (апрел), млрд. сомонӣ
    18,6
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 01 майи с.2020)11,75
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ1,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ5,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (апрел)12,18
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2020
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-апрел)
    11,11
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-апрел)
    23,88
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-апрел)
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (апрел)
    21,89
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-апрел)
    20,97




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 26.05.2020

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2960.63 3031.33
10 5834.29 5973.62
20 11522.48 11797.66
50 28568.00 29250.25
100 56971.23 58331.81

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Май      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    27 28 29 30 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Таҷлили ҷашни Сада дар Бонки миллӣ

31.01.2020

Имрӯз, 31 январи соли 2020 дар Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Сада чорабинии идона баргузор гардид.

Ҷамъомадро сардори Идораи кормандони Бонки миллии Тоҷикистон Давлаҳмад Гадоев ҳусни оғоз бахшида, аҳли нишастро аз номи Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни Сада шодбош гуфт. Мавсуф қайд намуд, ки чанд сол қабл тавассути пешниҳоди бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ин ҷашни аҷдодии мо мақоми ҷаҳонӣ касб намуда, имрӯз чун оини тарғибгари арзишҳои муҳимми ахлоқӣ дар миёни мардумони ҷаҳон ба шоистагӣ таҷлил карда мешавад. Эҳёи ин ҷашни таърихӣ ва дар радифи ҷашнҳои миллиамон ба қонунгузории мамлакат ворид шудани он шаҳодат аз он аст, ки миллати тамаддунофари тоҷик соҳиби фарҳанги қадимӣ ва расму ойинҳои бостонӣ мебошад.

NBTL6316.JPG

- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикиашон ба муносибати ҷашни Сада қайд намуданд: “Ҷашнҳои аҷдоди ориёии мо, ба монанди Садаву Наврӯз, Тиргону Меҳргон бозтоби пайванди инсону табиат, ойинҳои вобаста ба корҳои кишоварзӣ, инчунин, ҳунармандӣ буда, беҳтарин ғояҳои инсонӣ моҳият ва муҳтавои онҳо мебошанд”.

Пешниҳоди Пешвои миллат дар мавриди ворид гардидани ин ҷашни мубораки миллии мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО итминон мебахшад, ки чун истиқболи самимонаи Наврӯзи Аҷам, бо маҷмӯи фазилатҳои барҷаставу наҷиби хеш Сада ба истиқболи самимонаи мардуми олам рӯ ба рӯ гардида, минбаъд низ дар тарғиби бузургтарин фазилатҳои ахлоқӣ дар миёни ҷаҳониён таъсири пурфайзе мегузорад, - таъкид намуд Давлаҳмад Гадоев.

Сипас, сардори Шуъбаи тарҷумаи Дастгоҳи Роҳбарияти БМТ доктори илми филология, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоҳасан Султонов оид ба таърихи пайдоиши ҷашни Сада ва тартиби ҷашнгирии он то ва баъди зуҳури Ислом суханронӣ намуд.

NBTL6329.JPG

“Дар ганҷинаи пурғановати забони модарии мо чун гавҳари хушоб ва дурри ҷаҳонтоб вожаҳои асилу сараи ба истилоҳ «аҳуроӣ» маҳфузанд, ки реша дар умқи таърих дошта, ба суннат ва расму ойинҳои қадими мардуми мо иртиботи қавӣ доранд ва гузаштаи дури пурифтихори моро ба имрӯз ва имрӯзи моро ба фардои дурахшони он пайванд медиҳанд. Вожагоне аз қабили наврӯз, меҳргон, сада, ки номи ҷашнҳои қадими мардуми моро ифода мекунанд, дар ҳамин шуморанд.

Вожаи сада аз нигоҳи сохтмони дастурӣ вожаи сохта буда, аз шумораи сад бо афзудани пасванди -а сохта шуда, дар луғат ба маънии аср ва қарн, яъне сад сол низ меояд. Вале аслан ба маънии ҷашн аст, ки даҳи баҳман, яъне сад рӯз пас аз оғози зимистони панҷмоҳаи ниёгонамон гирифта мешуд… ва дар ин ҷашн оташафрӯзӣ мекарданд.

Дар Фарҳанги асотир ва достонвораҳо омадааст, ки Сада мансуб ба адади сад, ки аслан аз вожаи “садак”-и паҳлавӣ моя гирифта ва дар арабӣ сазақ ва садақ шуда, ҷашнест, ки дар баҳманрӯз ва баҳманмоҳ (шаби даҳуми баҳман) бо барафрӯхтани оташ тайи маросими хосса анҷом мегирад.

NBTL6331.JPG

Вале Абурайҳони Берунӣ бунёди ин ҷашнро ба Фаридун нисбат медиҳад ва мегӯяд: «Обонрӯз аст аз баҳманмоҳ. Ва он даҳум рӯз бувад. Ва андар шабаш, ки миёни рӯзи даҳум аст ва миёни рӯзи ёздаҳум оташҳо зананд ба гавзу бодом ва гирд ба гирди он шароб хӯранд ва лавҳу шодӣ кунанд... Ва аммо сабаби номаш чунон аст, ки аз ӯ то Наврӯз панҷоҳ рӯз аст ва панҷоҳ шаб...

Дар маҷмӯъ, бояд гуфт, ки вожаи сада дар забони модарии мо вожаҳои зебову сара ва қадиму асиланд ва аз ғановати забону фарҳанги дерини мо гувоҳӣ медиҳанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати Истиқлолияти бадастомада иди Сада аз нав эҳё гардид ва минбаъд ҳамасола онро дар ҷумҳурӣ санаи 30-юми январ бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн мегиранд”, - қайд намуд Мирзоҳасан Султонов.

Дар қисмати ҷамъбастии ҷаласа сардори Идораи кормандони Бонки миллии Тоҷикистон Давлаҳмад Гадоев бори дигар аз номи Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон аҳли кормандонро бо оғози кору дастовардҳои нав, андешаҳои тозаву созанда ва фарорасии ин ҷашни бостонӣ табрику таҳният гуфта, бахту саодат ва шодиву пирӯзиро орзу намуд.

Шуъбаи матбуот


Диданд: 827

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ