Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2020
  • Таваррум дар моҳи май
    0,5%
  • 10,0%
  • Пулҳои захиравӣ (май), млрд. сомонӣ
    18,5
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 01 майи с.2020)11,75
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ1,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ5,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (май)11,55
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2020
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-май)
    11,1
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-май)
    23,8
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-май)
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (май)
    21,37
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-май)
    20,0




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 13.07.2020

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3092.02 3165.86
10 6097.06 6242.67
20 12048.03 12335.76
50 29881.87 30595.50
100 59598.97 61022.30

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Июл      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    29 30 1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 31 1 2
  • Яндекс.Метрика

Бонки миллии Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ масоили ҳамкориро баррасӣ карданд

20.02.2020

19 феврали соли 2020 Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо мудири минтақавии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (КБМ) - Ноиби президенти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Амрикои Лотинӣ ва Ҳавзаи Кариб, Аврупо ва Осиёи Марказӣ Хонум Георгина Бейкер, менеҷери минтақавии КБМ дар Осиёи Марказӣ Хонум Кассандра Колберт, мушовири махсуси Ноиби президенти КБМ оид ба Амрикои Лотинӣ ва Ҳавзаи Кариб, Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҷаноби Зишан Аҳмад Шайх, Роҳбари Намояндагии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон Манижа Мамаднабиева ва коршиноси калони сармоягузорӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ Бозор Давлатмамадов мулоқот намуд.

NBTL7241.JPG

Дар оғози мулоқот Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ҳайати Корпоратсияи байналмилалии молиявиро ба Бонки миллии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, аз ҳамкории дуҷониба дар самти рушди низоми бонкии кишвар изҳори қаноатмандӣ намуд. Ҳамчунин, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ.Нурмаҳмадзода таъкид намуд, ки минбаъд низ хоҳони идомаи ҳамкориҳои судманд ҷиҳати таъмини рушди иқтисодӣ ва тавсеаи низоми бонкии Тоҷикистон буда, дар ин самт ташаббусҳои созандаи ин созмони бонуфузи ҷаҳониро дастгирӣ ва барои татбиқи он тадбирҳои судмандро амалӣ хоҳад кард. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таваҷҷуҳи намояндагони КБМ-ро ба масъалаҳои муҳим, аз қабили васеъ намудани ҳамкориҳо бо бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби маблағгузорӣ барои дастгирии бахши хусусӣ, махсусан занони соҳибкор ва рушди сайёҳӣ дар маҳаллҳои дурдаст, пешниҳоди қарзҳои арзони дарозмуддат ва миёнамуҳлат, зиёд намудани ҳаҷми сармояи КБМ дар соҳаи бонкии кишвар, пешниҳоди кӯмаки техникӣ барои рушди соҳаи суғурта ҷалб намуд. Инчунин, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон идома додани ҳамкориҳоро бо КБМ дар самти таҳия ва татбиқи Стратегияи миллии фарогирӣ дастгирӣ намуд.

NBTL7256.JPG

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо вобаста ба ҳамкориҳои дуҷонибаи Бонки миллии Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ, дурнамои рушди бахши молиявии кишвар, ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ба бахши молиявии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ ибрози назар намуданд.

Дар идома Ноиби президенти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Амрикои Лотинӣ ва Ҳавзаи Кариб, Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Георгина Бейкер, сухан карда аз он изҳори хушнуди намуд, ки низоми бонкӣ дар Тоҷикистон сол то сол рушд, карда истодааст. Чунин пешрави дар соҳаи соҳибкорӣ натиҷаи худро расонидааст. Тибқи раддабандии Бонки Ҷаҳонӣ дар соли 2020 дар самти пешбурди соҳаи соҳибкорӣ Тоҷикистон аз зинаи 126 ба зина 106 боло рафт, ки ин боиси таҳсинаст, иброз дошт Георгина Бейкер. Ҳамчунин мавсуф оид ба вазъи иқтисодӣ ва таъсири омилҳои беруна ба вазъи бозори дохилӣ сухан ронда, иброз дошт, ки то имрӯз КБМ бонкҳо ва ширкатҳои гуногунро тавассути тақвияти идоракунии хавфҳо, равандҳои бизнес ва назорати дохилӣ дастгирӣ намуда, барои беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва татбиқи принсипҳои муосири танзими бахши хусусӣ корҳои назаррасро анҷом дода истодааст. Инчунин, хонум Георгина Бейкер, бо таваҷҷуҳ ба ислоҳоти татбиқшуда дар низоми бонкии Тоҷикистон зикр кард, ки айни замон бо кӯшишҳои роҳбарияти кунунии Бонки миллии Тоҷикистон низоми бонкии мамлакат нисбат ба солҳои қаблӣ беҳтар гардида, минбаъд низ устувории он таъмин хоҳад шуд.

NBTL7258.JPG

Инчунин ҷонибҳои оид ба рушди пардохти ғайри нақдӣ сухан карда иброз намуданд, ки сол то сол Тоҷикистон дар ин самт натиҷаҳои дилхоҳро ноил мегардад, ки чунин дастовард дар рушди иқтисодиёти кишвар натиҷаи мусбии худро гузоштааст.

Дар анҷоми мулоқот Раиси БМТ Ҷ.Нурмаҳмадзода ба ҳайати КБМ барои ташриф ва мулоқот изҳори сипос намуда, таъкид дошт, ки минбаъд низ хоҳони тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманд аст.

Маврид ба зикраст, ки Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ бахши фаръии Бонки Ҷаҳонӣ ва узви Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ, бузургтарин ниҳоди ҷаҳонии рушд буда, дар самти бахши хусусӣ дар бозорҳои рушдёбанда фаъолияти худро равона кардааст. Он бо зиёда аз 2000 корхона дар саросари ҷаҳон бо истифода аз сармоя, таҷриба ва нуфуз барои таъсиси бозорҳо ва имконот дар минтақаҳои мураккаби ҷаҳон кор мекунад. Дар соли молиявии 2018 КБМ ба кишварҳои дар ҳоли рушд беш аз 23 млрд. доллар сармоя пешниҳод кардааст, ки ба самти маблағгузории дарозмуддат ба бахши хусусӣ барои рафъи камбизоатии шадид ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар чанд соли охир КБМ барномаи сармоягузории худро дар Тоҷикистон ба таври назаррас тавсеа дода, ба бозорҳои молиявӣ, истеҳсолӣ, телекоммуникатсионӣ ва инфрасохтор зиёда аз 150 миллион доллар равона кардааст.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 893

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ