Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2020
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,4%
  • 7,8%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал), млрд. сомонӣ
    18,8
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 03 феврали с.2020)12,75
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнаи коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)12,20
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2020
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ)
    11,22
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ)
    24,40
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ)
    -
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (январ)
    21,91
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (январ)
    22,82




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 03.04.2020

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 2712.42 2777.19
10 5337.86 5465.34
20 10529.63 10781.10
50 26085.87 26708.85
100 52006.98 53249.00

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Апрел      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    30 31 1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 1 2 3
  • Яндекс.Метрика

Хатмкунандагони Барномаи дастгирии маблағгузории тиҷоратӣ соҳиби шаҳодатнома шуданд

20.02.2020

Ҷамъомади тантанавии супоридани сертификат ба иштирокдорони “Барномаи дастгирии маблағгузории тиҷоратӣ”, ки дар доираи ҳамкории шарикии Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) амалӣ гардид, 19 феврали соли 2020 дар маҷлисгоҳи БМТ бо иштироки Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, роҳбари намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон хонум Айтен Рустамова, муовини директори департаменти БАТР оид ба кор бо Институтҳои молиявӣ ва Осиёи Миёна Ҷаҳонгир Шамсиев, муовини роҳбари Барномаи дастгирии молиявии тиҷоратӣ дар кишварҳои аъзои БАТР Камола Маҳмудова, иқтисодчии БАТР оид ба минтақаи Аврупои Шарқӣ ва Қавқоз Константин Кинтсурашвили, мутахассиси кор бо институтҳои молиявии намояндагии БАТР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Юсупов ва намояндагони институтҳои молиявии кишвар баргузор гардид.

NBTL7005.JPG

Дар ибтидои ҷаласа Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев миннатдории худро ба меҳмонон барои нишон додани ташаббус дар чунин як барномаи бузурги онлайнии таълимӣ барои ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён кард.

Имрӯз, зиёда аз 200 нафар кормандони ташкилотҳои қарзӣ соҳиби сертификати Палатаи савдои байналмилалӣ оид ба тиҷорати байналмилалӣ (GoingGlobal) мешаванд - иброз дошт Ҷамолиддин Нуралиев. Бояд қайд кард, ки иштирокчиёни ин барнома мутахассисони соҳаи бонкӣ дар бахши маблағгузории савдо, алоқа бо ҷомеа, ҳуқуқшинос ва мутахассиси идораи хавфҳо шуданд.

Таъкид карда шуд, ки чорабинии имрӯза қадами муҳиме дар сафарбар кардани имкониятҳои зеҳнии бахши бонкии кишвар мебошад ва он барои баҳогузории имкониятҳои татбиқ ва истифодаи маҳсулоти маблағгузории савдо ва идораи хавфҳо бо мақсади зиёд кардани имкониятҳои сармоягузории амалиёти содиротию воридотӣ дар Тоҷикистон равона карда мешавад.

IMG_7508.JPG

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев қайд кард, ки Бонки миллии Тоҷикистон ин гуна ташаббусҳои ташкилотҳои молиявии байналхалқиро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд ва умед бар он дорад, ки БАТР дар оянда низ ташаббускори ташкили чунин барономаҳо барои бахши молиявии Тоҷикистон хоҳад буд.

Соли 2019 дар курсҳои омӯзишии онлайнӣ, ки аз ҷониби “Барномаи дастгирии маблағгузории тиҷоратӣ”-и БАТР пешниҳод гардидааст, беш аз 500 нафар мутахассисон аз низоми бонкии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуданд, ки 200 нафари онҳо марҳилаи якуми омӯзишро дар самти “Асосҳои маблағгузории тиҷоратӣ” ва курсҳои якҷояи БАТР бо Палатаи савдои байналмилалӣ оид ба тиҷорати байналмалалӣ (GoingGlobal) бомуваффақият ба итмом расониданд.

Ҷамолиддин Нуралиев ҳамзамон зикр намуд, ки иштирокдорони барнома дар бахшҳои маблағгузории тиҷоратӣ, робита бо ҷомеа, ҳуқуқшиносӣ, амалиёти бонкӣ, идораи хавфҳо, маблағгузории савдои байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои гуногуни низоми бонкӣ дониши худро мукаммал гардониданд. Роҳандозии курсҳои омӯзишии “Барномаи дастгирии маблағгузории тиҷоратӣ”-и БАТР имкон дод, ки иштирокдорон бо маҳсулот ва раванди маблағгузории тиҷоратӣ, аз он ҷумла тартиби мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ аз наздик шинос шаванд.

NBTL7038.JPG

Дар рафти чорабинӣ ҳамзамон роҳбари намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон хонум Айтен Рустамова ва муовини роҳбари Барномаи дастгирии молиявии тиҷоратӣ дар кишварҳои аъзои БАТР Камола Маҳмудова ба сухан баромада, қайд карданд, ки роҳандозии чунин барномаҳои таълимӣ барои кишвар муҳим мебошад ва ҷамъомади имрӯза худ далели ин гуфтаҳост.

“Иштироки беш аз 500 нафар дар барномаҳои таълимии онлайнии БАТР аз ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон, нисбат ба дигар кишварҳо нишондиҳандаи аз ҳама баланд ба ҳисоб рафта, аз он шаҳодат медиҳад, ки мутахасисиони ташкилотҳои қарзӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки савияи дониш ва малакаи касбии хешро такмил диҳанд”.

Дар зимн Айтен Рустамова ва Камола Маҳмудова барои фароҳам овардани чунин имконият ва ҷалби мутахассисон ба барномаи таълимӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ баён намуда, қайд карданд, ки минбаъд низ ҳамкории самрабахшро дар самти мазкур идома хоҳанд дод.

IMG_8180.JPG

Қобили қайд аст, ки Барномаи курсҳои омӯзишии онлайнии “Маблағгузории тиҷоратӣ” соли 2010 аз ҷониби БАТР дар ҳамбастагӣ бо Палатаи савдои байналмилалӣ созмон дода шудааст ва то имрӯз дар он беш аз 5,400 мутахассис аз 340 ташкилот ва 48 давлатҳои Аврупои Шарқӣ, Осиёи Миёна ва ҷанубу шарқи Баҳри Миёназамин ширкат варзидаанд. Хатмкунандагоне, ки курсҳои мазкурро бо нишондиҳандаҳои баланд хатм намудаанд, имконият пайдо кардаанд, ки   таҷрибаомӯзии худро дар бонкҳои тиҷоратии байналмилалӣ ва Палатаҳои савдои байналмилалии Аврупо гузаронанд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки барномаи омӯзиширо Фонди махсуси саҳҳомони БАТР маблағгузорӣ менамояд. Донишҷӯёни интихобгардида бо идрорпулӣ таъмин гардида, баъди анҷоми 12 моҳи омӯзиш ба онҳо шаҳодатномаи байналмилалӣ дода мешавад.

Дар фароварди ҷаласаи тантанавӣ ба 200 нафар намояндагони низоми бонкии ҷумҳурӣ сертификати хатми омӯзиши онлайнии “Барномаи дастгирии маблағгузории тиҷоратӣ” супорида шуд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 1184

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон


x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ