- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2023
- Таваррум дар моҳи феврал0,4%
- 4,5%
- Пулҳои захиравӣ (феврал), млрд. сомонӣ36,0
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 06 феврали с.2023)11,0 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (феврал)8,55%
- Меъёри фоизӣ дар соли 2023
- Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-феврал)12,38 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-феврал)22,71 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-феврал)15,97 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)20,50 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)20,93 %
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 29.03.2023 1 USD 10.9133 1 EUR 11.8355 1 RUB 0.1420
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2021
- Соли молиявии 2020
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
Вохӯрии шарикони рушд оид ба Нақшаи лоиҳавии кӯмаки техникии Гурӯҳи Авросиё оид ба МҚД/МТ
Рӯзҳои 27-28 феврали соли 2020 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом - Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода ва иштироки Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода, Котиби иҷроияи Гурӯҳи Авросиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (ГАО) Тетеруков С.А. ва шарикони рушд ҷамъомад доир гардид.
Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки чорабинии мазкур дар доираи сафари ҳайати Котиботи ГАО ҷиҳати татбиқи Нақшаи лоиҳавии кӯмаки техникии Гурӯҳи Авросиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (МҚД/МТ) ва ҷалби шарикони рушд ҷиҳати пешниҳоди кӯмаки техникӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои такмили реҷаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (МҚД/МТ) роҳандозӣ мешавад. Зикр кард шуд, ки дар рафти ҷаласа масоили бартараф кардани камбудиҳои системаи мубориза бо қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои пулӣ, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳншавии силоҳи қатли ом, ки баъди нашри Ҳисоботи баҳодиҳии тарафайн ба амал омад, мавриди баррасӣ қарор дода хоҳад шуд.
Раиси Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба МҚД/МТ ва МПСҚО - Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода дар навбати худ чунин қайд кард: “Раванди мазкур як қатор масъалаҳо, аз ҷумла таҷдиди меъёрҳои қонунгузории амалкунанда то ташкили моделҳои нави ҳамкорӣ байни мақомоти салоҳиятдори давлатӣ ва бахши хусусиро дар бар мегирад. Дар ин самт шарикони мо, аз қабили Маркази байналмилалии таълимию методӣ оид ба мониторинги молиявии Федератсияи Россия, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Бонки Осиёгии Рушд, Корпусҳои ихтиёриёни хизматрасониҳои молиявӣ ва ғайра бо мо ҳамкории худро идома медиҳанд”.
Ҳамчунин, Зариф Ализода таъкид дошт, ки бо дарназардошти муҳимияти ҳамоҳангсозии кӯмаки техникӣ, ҷониби Тоҷикистон усули навшудаи Гурӯҳи ҳамоҳангсозии техникии Авросиёро ҷонибдорӣ намуда, барои татбиқи лоиҳаи пилотӣ омодагии хешро баён кард. Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин муддат дар ҳамоҳангӣ бо Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон бо Котиботи ГАО барои таҳияи нақшаи лоиҳа оид ба расонидани кӯмаки техникӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҷаласаи пленарии фаврии ГАО дар моҳи ноябри соли 2019 дар Ашқобод (Туркманистон) тасдиқ карда шуд, ҳамкории зич ба роҳ мондааст.
Дар ҷамъбасти ҷаласаи мазкур шарикони рушд оид ба “Нақшаи лоиҳавии кӯмаки техникии Гурӯҳи Авросиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (МҚД/МТ)” мубодилаи афкор намуда, барои татбиқи босамари он пешниҳодҳои мушаххас ироа намуданд.
Шуъбаи матбуоти БМТ
Диданд: 980
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Э.Раҳмон
- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қонунигардонии маблағҳо
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ