Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Дар якҷоягӣ метавонем бар зидди бемории сироятии COVID-19 ғолиб гардем

05.05.2020

Ин шабу рӯз мардуми Тоҷикистон дар баробари дигар халқҳои ҷаҳон бо пандемияи COVID-19, ки бемории сироятии нав мебошад, мубориза бурда истодааст.

Аз ҷумла, Бонки миллии Тоҷикистон баҳри иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии коронавируси COVID-19 ба иқтисодиёти миллӣ ва бо мақсади пешгирӣ аз таъсири эҳтимолии пандемия Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири эҳтимолии пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти миллӣ, низоми бонкӣ ва суғуртаи мамлакат таҳия намуда, барои пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус ситод ташкил додааст ва кор дар ин самт бо маром идома ёфта истодааст.

Дар баробари ин, Бонки миллии Тоҷикистон бо дарки амиқи заҳматҳои кормандони соҳаи тиб ва муҳиммияти фаъолияти пурсамари онҳо дар мубориза бар ин бемории сироятӣ, ҷиҳати дастгирии соҳаи тандурустии кишвар 15 апрели соли 2020 ба суратҳисоби махсуси Сарраёсати хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои пешгирии бемории коронавируси “COVID-19”) 150 000 сомонӣ маблағ гузаронид.

Илова бар ин, Бонки миллии Тоҷикистон ба маблағи 44 ҳазору 880 сомонӣ маводи доруворӣ, антисептикӣ ва либосҳои махсуси ҳимоявии тиббӣ барои кормандони соҳаи тиб, ки ин шабу рӯз эҳтиёҷ ба он зиёд гардидааст, харидорӣ намуда, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон тақдим кард.

Ҳамчунин, 04 майи соли 2020 Бонки миллии Тоҷикистон аз ҳисоби музди меҳнати кормандони бонк ба Фонди ёрӣ ба табибоне, ки барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории сироятии коронавируси COVID-19 сару кор доранд, 375 ҳазору 524 сомонӣ маблағ пардохт намуд.

Мо итминон дорем, ки дар якҷоягӣ, бо риояи чораҳои пешгирӣ, аз ҷумла гигиенаи шахсӣ, ҷамъиятӣ, парҳез аз рафтуомад ба ҷойҳои серодам ва баланд бардоштани масунияти бадани худ, мо метавонем бар зидди ин бемории сироятӣ ғолиб гардем.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 2683

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ