Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2020
  • Таваррум дар моҳи октябр
    1,8%
  • 8,5%
  • Пулҳои захиравӣ (октябр), млрд. сомонӣ
    20,6
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 03 августи с.2020)10,75
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ1,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ5,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (октябр)10,24
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2020
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-октябр)
    10,28
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-октябр)
    22,76
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-октябр)
    16,21
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (октябр)
    21,98
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-октябр)
    22,37




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 27.11.2020

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3392.42 3473.44
10 6697.88 6857.83
20 13249.66 13566.09
50 32885.95 33671.33
100 65607.14 67173.96

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Ноябр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 30 31 1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 1 2 3 4 5 6
  • Яндекс.Метрика

Тавзеҳ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”

25.08.2020

Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои “Нақшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафъи камбудиҳои мутобиқати техникӣ ва баланд бардоштани самаранокии низоми муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” ва талаботи тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ (ФАТФ), бинобар ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон", ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ” тағйиру иловаҳо ворид намуд, аз ҷумла:

- бо мақсади мушаххас намудани ташкилотҳое, ки дар мафҳуми “низоми пардохтӣ” оварда шудаанд ва ҷиҳати бартараф намудани ҳолатҳои гуногунфаҳмӣ дар раванди пешниҳоди иҷозатнома барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ ба мафҳуми зикргардида дар асоси таҷрибаи байналмилалӣ тағйироти дахлдор ворид карда шуданд;

- бо мақсади ба таври дақиқ муқаррар кардани меъёрҳо барои эътироф намудани низоми пардохтӣ ҳамчун низоми пардохтии аз нигоҳи иҷтимоӣ муҳим бо дарназардошти таҷрибаи давлатҳои хориҷаи дуру наздик ба моддаи 20 нишондодҳои муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуд. Тағйироти мазкур барои бартараф кардани гуногунфаҳмӣ ҳангоми эътирофи аҳамиятнокии низомҳои пардохтӣ ва муқаррар кардани талаботҳо ба чунин низомҳои пардохтӣ мусоидат мекунад.

Тағйиру иловаҳо бо назардошти тавсияҳои ФАТФ ворид карда шуда, барои тақвияти низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ва мутобиқ намудани қонунгузорӣ ба самти мазкур нигаронида шудааст.

Илова ба ин, ба қонуни мазкур ҷиҳати таъмини рақобати озоди иқтисодӣ дар низоми молиявӣ, роҳ надодан ба маҳдудсозии фаъолияти рақобатнок, коҳиш додани хавфи таҷаммӯъ ва пешгирии ҳолатҳои суиистифода аз мавқеи бартарӣ доштан дар бозори хизматрасониҳои пардохтӣ, хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ ва таҳвили таъминоти барномавию техникӣ моддаи 201 “Таъмини суботи молиявӣ дар бозори хизматрасониҳои пардохтӣ” ворид карда шуд.

Инчунин дар моддаи 201 ҷиҳати бартараф намудани ҳолатҳои бархӯрди манфиатҳо, бартараф намудани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия, амалҳои марбут ба ришвадиҳии тиҷоратӣ ва суиистифодаи кормандони ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ба кормандони ташкилотҳои қарзии молиявӣ бо истифода аз ваколатҳои хизматии худ гирифтани ҳар гуна мукофотпулӣ ва ҳавасманднамоӣ аз оператори низоми пардохтӣ, оператори хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ ва таҳвилгари таъминоти барномавию техникӣ манъ карда шудааст.


Диданд: 600

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ