Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон

07.09.2020

7 сентябри соли 2020 дар маҷлисгоҳи Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ бахшида ба ҷашнгирии 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

NBTL2229.JPG

Дар чорабинии мазкур Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода меҳмонон ва кормандонро бо фарорасии ҷашни Истиқлолияти давлатии кишвар таҳният гуфта, изҳор дошт, ки маҳз ноил гаштан ба истиқлолияти давлатӣ ва таъмини суботу оромӣ дар кишвар имкон медиҳад, ки низоми бонкӣ сол то сол рушд намуда дар устувории иқтисоди кишвар саҳми арзанда гузорад. Сипас барои супоридани мукофотҳои давлатӣ риштаи сухан ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода дода шуд.

Дар навбати худ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода зимни суханронӣ изҳор дошт, ки маҳз бо кӯшишу заҳматҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон неъмати бебаҳои истиқлол дар Тоҷикистон таъмин аст ва онро гиромӣ бояд дошт. Инчунин мавсуф изҳор дошт, ки дар замони Истиқлолияти давлатӣ дар самти таъмини устувории иқтисодиёти кишвар, низоми мукаммали бонкӣ ва низоми пулию қарзӣ, ки хоси ҳар як давлати соҳибистиқлол аст, талошҳои зиёд карда шудааст. Ва сазовор донистани роҳбарият ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистон бо мукофоти давлатӣ - медали “Хизмати шоиста” ин далолати таваҷҷуҳи Сардори давлат ба низоми бонкӣ ва қадр кардани заҳмату талошҳои роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон дар самти рушди соҳа, таҳлилу пешниҳодҳои муфид, татбиқи ислоҳот дар низом ва рушди иқтисодиёти кишвар мебошад.

NBTL2248.JPG

“Боиси ифтихор аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар баробари дигар давлатҳои мустақил, аъзои комилҳуқуқи ҷомеаи башарист ва ҳамчун давлат ҳамасола соҳибистиқлолии худро таҷлил менамояд”, - илова кард Неъматулло Ҳикматуллозода.

Сипас аз ҷониби Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон» бо мукофотҳои давлатӣ, ба сармутахассиси Департаменти муомилоти пулӣ ва амалиёти хазинадорӣ Бобоев  Рофӣ ва сардори Шуъбаи назорати бонкдории исломии Департаменти назорати бонкӣ Уроқова  Кибриё медали “Хизмати Шоиста” дар фазои тантанавӣ супорида шуд.

NBTL2239.JPG

Маврид ба зикр аст, ки 28 августи соли 2020 бахшида ба таҷлили 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни қадрдонии як қатор кормандони касбу кори гуногун бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ва сардори Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии Бонки миллии Тоҷикистон Рукмина Сафарова бо медали “Хизмати шоиста” сазовор гардонида шуданд.

Дар фарҷоми чорабинии мазкур Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода барои қадрдонии кормандони Бонки миллии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ миннатдории хешро ба роҳбарияти олии мамлакат баён намуда, барои дар оянда низ саҳм гузоштан дар самти устувории иқтисоди кишвар, низоми бонкӣ ва талош варзидан дар пойдории истиқлолияти давлатӣ изҳори омодагӣ намуд.

Шуъбаи матбуот   



Диданд: 2117

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ