Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2020
  • Таваррум дар моҳи сентябр
    0,3%
  • 6,6%
  • Пулҳои захиравӣ (сентябр), млрд. сомонӣ
    20,1
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 03 августи с.2020)10,75
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ1,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ5,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (сентябр)11,34
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2020
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-сентябр)
    10,28
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-cентябр)
    22,55
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-сентябр)
    17,46
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (сентябр)
    21,49
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-сентябр)
    22,04




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 26.10.2020

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3272.69 3350.85
10 6458.41 6612.65
20 12770.72 13075.71
50 31688.60 32445.38
100 63212.44 64722.07

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Сентябр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 30 31 1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 1 2 3 4 5 6
  • Яндекс.Метрика

Таъмини пардохтпазирӣ кафолати рушди низоми бонкӣ

25.09.2020

24 сентябри соли 2020 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва роҳбарони ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҷаласа доир гардид. Ҷамъомадро Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ҳусни оғоз бахшида, барои фаъолияти пурсамар дар давраи хурӯҷи пандемияи COVID-19 ва мувофиқи имкон дастгирӣ намудани мизоҷон ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ миннатдории хешро изҳор намуд.

NBTL2425-1.JPG

Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар идома оид ба вазъи низоми бонкии мамлакат суханронӣ намуда, ба масъулини ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои азхудкунии маблағҳои ҷудокардашуда ва истифодаи маблағҳои озод барои додани қарз, паст кардани меъёри фоизии қарзҳо ва пешниҳоди қарзҳои дастрас, аз ҷумла баҳри дастгирии бахши истеҳсоли ватанӣ ва ба ин васила саҳм гузоштан дар рушди иқтисодиёт, ҷалби пасандозҳо, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои бонкӣ, коҳиш додани ҳаҷми қарзҳои ғайрифаъол, васеъ кардани шабакаи хизматрасониҳои бонкӣ, бознигарӣ кардани таррофаҳои бонкҳо барои мизоҷон, саривақт пур кардани банкоматҳо бо пули нақд, таъмини шаффофият дар фаъолият ва пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон зикр кард, ки дар сохтори идоракунӣ риояи муқаррароти нави қонунгузории бонкӣ дар мавриди фаъолияти якҷояи хешовандон дар як ташкилот таъмин карда шуда, тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ ва дохилӣ ба низом, пешниҳоди саривақтии пардохтҳо ба корхонаву муассисаҳои бо воридоти маҳсулоти озуқаворӣ машғул, самарабахш истифода бурдани қарзҳои байнибонкӣ ва кам кардани маржаи фоизии он роҳандозӣ карда шавад.

NBTL2493-2.JPG

Дар баробари ин Ҷамшед Нурмаҳмадзода аз роҳбарони ташкилотҳои қарзии молиявӣ даъват ба амал овард, ки барои бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намудани фаъолияти нуҳмоҳаи низоми бонкии мамлакат ва баҳри дар сатҳи баланди сиёсӣ ва ташкилӣ пешвоз гирифтани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузоранд.

NBTL2422-3.JPG

Дар идомаи ҷаласа Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар мавриди сиёсати қарзии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва таҳлилу ҷамъбасти онҳо бо назардошти таъсири пандемияи COVID-19, ҷой доштани масъалаҳои ҳалталаб дар фаъолияти кормандони масъули ташкилотҳои қарзӣ, пешгирии хавфҳои қарзӣ ва кам кардани таъсири онҳо ба вазъи молиявии ташкилотҳои қарзӣ, васеъ кардани қарздиҳии хурд ва миёна таҳлилҳои ҷолибро манзури ҳозирин гардонид. Ҳоким Холиқзода аз ҷумла қайд намуд, ки ташкилотҳои қарзии молиявӣ бояд фаъолияти худро дар самти тавсеа бахшидани қарздиҳӣ, ки яке аз вазифаҳои асосии низоми бонкӣ маҳсуб меёбад, таҷдиди назар карда, маданияти қарздиҳиро бо назардошти пешбинии хавфҳои ба он марбут ва риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.

NBTL2482-4.JPG

“Ба таври ҷиддӣ риоя гардидани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунанда ва дастурҳои Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ, диққати ҷиддӣ додан ба чораҷӯиҳо ва коҳиш додани қарзҳои ғайрифаъол, беҳтар кардани идоракунии корпоративӣ, пурзӯр кардани низоми назорати дохилӣ, баланд бардоштани тахассусияти кормандон, кам кардани истифодаи омилҳои инсонӣ зимни амалиётҳо боиси беҳтар гардидани иқтидори идора ва пардохтпазирии ташкилот аст. Аз ин рӯ, риояи талаботҳои мазкур барои ҳар як ташкилот ҳатмӣ ва зарур дониста мешавад”, - қайд кард Ҳ.Холиқзода.

Дар қисмати муҳокимаронӣ намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ бо пешниҳодҳо баромад намуда, ба муроҷиату саволҳои худ оид ба масъалаҳои ҳалталаби низоми бонкӣ аз ҷониби Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон посухҳои мушаххас гирифтанд.

NBTL2457-5.JPG

Дар интиҳои ҷаласа Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода зикр дошт, ки барои беҳтар намудани сифати сандуқи қарзӣ, пешгирӣ намудани талафоти имконпазир аз рӯи қарзҳо, саривақт баргардонидани қарзҳои додашуда ва таъмини пардохтпазирӣ ташкилотҳои қарзии молиявӣ чораҳои саривақтӣ андешанд. Ташкилотҳои қарзии молиявиро зарур аст, ки барои мақсаднок истифода бурдани қарзҳои додашуда корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ намуда, баҳри таъмини қарзҳо ва ҷалби пасандозҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Шуъбаи матбуот


Диданд: 781

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ