Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2020
  • Таваррум дар моҳи октябр
    1,8%
  • 8,5%
  • Пулҳои захиравӣ (октябр), млрд. сомонӣ
    20,6
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 03 августи с.2020)10,75
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ1,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ5,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (октябр)10,24
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2020
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (янв-сентябр)
    10,28
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (янв-cентябр)
    22,55
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (янв-сентябр)
    17,46
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (сентябр)
    21,49
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (янв-сентябр)
    22,04




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 23.11.2020

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3486.04 3569.29
10 6885.10 7049.53
20 13624.11 13949.48
50 33822.09 34629.82
100 67479.41 69090.94

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Ноябр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 30 31 1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 1 2 3 4 5 6
  • Яндекс.Метрика

Меъёри бозтамвил бетағйир нигоҳ дошта шуд

29.10.2020

Дар ҷаласаи навбатии Кумитаи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон №22, аз 29 октябри соли 2020 ҷиҳати бетағйир дар сатҳи 10,75 фоизи солона нигоҳ доштани меъёри бозтамвил қарор қабул гардид. Қарори мазкур дар асоси дурнамои вазъи иқтисодии берунию дохилӣ,бо назардошти нисбатан муътадил гардидани интизориҳои таваррумӣ ва ҳамзамон боқӣ мондани номуайяниҳо ва эҳтимолияти зиёдшавии хавфҳодар иқтисодиёти ҷаҳон қабул карда шуд.

Сатҳи таваррум ва омилҳои ба он таъсиррасон. Тибқи маълумоти оморӣ таварруми солона (дар 12 моҳи охир) дар моҳи сентябри соли ҷорӣ ба 6,6 фоиз баробар гардид, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 1,5 банди фоизӣ паст мебошад.

Мавриди зикр аст, ки дар баробари татбиқи чораҳои саривақтии Бонки миллии Тоҷикистон, аз қабили гузаронидани амалиётҳои монетарӣ ва мудохилаҳои асъорӣ, инчунин дар семоҳаҳои дуюм ва сеюми соли равон омилҳои нисбатан зиёд шудани таклифот бинобар ҷамъоварии ҳосили хуби соҳаи кишоварзӣ, коҳишёбии маҷмӯи талабот вобаста ба камшавии даромаднокии аҳолӣ, маҳдудиятҳо дар содироти баъзе аз маҳсулоти хӯрокворӣ, нисбатан беҳтар шудани вазъи иқтисодиёти ҷаҳон, паст будани интизориҳои таваррумӣ дар бештари давлатҳои шарикони асосии савдо боиси муътадилии сатҳи нархҳо гардиданд.

Аз ҷумла, пайдо шудани монеаҳо дар содироти баъзе аз маҳсулоти хӯроквории ниёзи аввалия дар ҷумҳурӣ, бахусус маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ то андозае ба пастшавии нархи маҳсулот дар бозорҳои ватанӣ сабаб гардид. Зеро, маҳсулоти содиротии тару тоза ва сифатан аъло ба бозорҳои дохилии кишвар барои фурӯш бароварда шуданд.

Ҳамзамон, бояд қайд намуд, ки дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ дар марҳилаи авҷгирии пандемияи коронавирус (COVID-19) аҳолии кишвар дар ҳаҷми зиёд молу маҳсулоти ниёзи аввалия захира намуданд, ки дар семоҳаҳои навбатӣ ба нисбатан паст шудани сатҳи талабот ва муътадил гардидани нархҳо то андозае сабаб гардид.

Интизориҳо ва хавфҳо. Паҳншавии босуръати пандемияи коронавирус (COVID-19) дар баробари дигар давлатҳои ҷаҳон, бахусус шарикони асосии савдо, ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бинобар зиёд шудани омилҳои берунӣ, аз ҷумла маҳдуд гардидани равобити марзӣ ва коҳиш ёфтани муомилоти тиҷоратӣ таъсири манфӣ расонида истодааст. Омили мазкур, бахусус дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ бо роҳи болоравии нархи молу маҳсулоти воридотӣ, кам гардидани ҳаҷми сармоягузориҳо, паст шудани сатҳи даромаднокии аҳолӣ, тағйирёбиҳои қурбӣ ва зиёд гардидани хавфи қарзӣ дар низоми бонкӣ ба рушди иқтисодиёти кишвар таъсири манфӣ расонида, идома ёфтани паҳншавии он метавонад боз ҳам таъсири худро ба иқтисодиёт зиёдтар намояд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки нархи нафт ба ҳолати 16-уми октябри соли ҷорӣ барои 1 барел 42,8 доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба аввали сол 35,2фоиз коҳиш ёфтааст. Рушди воқеии иқтисодиёт ва қурби пули миллии (рубли) Федератсияи Русия аз тағйирёбии нархи нафт вобастагии зиёд дошта, метавонад ҳамчун шарики асосии стратегӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири манфии худро расонад. Тибқи маълумоти Блумберг ба ҳолати 30-юми июни соли ҷорӣ рушди воқеии Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Федератсияи Русия ба -8,0 фоиз ва дар 9 моҳи соли ҷорӣ бошад ба -5,6 фоиз баробар шуд. Тибқи дурнамои Хазинаи Байналмилалии Асъор дар ҷамъбасти соли 2020 нишондиҳандаи мазкур ба -4,1фоиз баробар хоҳад шуд.

Таъсири манфии пандемияи коронавирус (COVID-19) ба қурби пули миллии аксари давлатҳо низ назаррас буда, аз аввали соли ҷорӣ то санаи 16-уми октябр нисбат ба доллари ИМА лираи Туркия 33,5 фоиз, рубли Русия 25,9 фоиз, рубли Беларус 22,5 фоиз, гривнаи Украина 19,6 фоиз, тенгеи Қазоқистон 12,2 фоиз, соми Қирғизистон 15,9 фоиз, ларии Гурҷистон 12,3 фоиз, суми Ӯзбекистон 9,0 фоиз ва рупияи Покистон 5,5 фоиз коҳиш ёфтанд. Тибқи мушоҳидаҳо дар семоҳаи дуюми соли ҷорӣ бошад, тамоюли нисбатан болоравии қурби пули миллии бештари кишварҳо ба қайд гирифта шуда, дар семоҳаи сеюм вобаста ба авҷгирии дуюмбораи пандемияи коронавирус (COVID-19) беқурбшавии бештари онҳо дида мешавад.

Дар семоҳаи 4 вобаста ба кам гардидани истеҳсоли молҳои ниёзи аввалия бахусус, маҳсулотҳои равғанӣ, шакар ва болоравии нархи онҳо дар кишварҳои содиркунанда, инчунин афзоиши фишорҳои қурбӣ эҳтимолияти болоравии сатҳи нархҳо дар бозорҳои кишвар дар назар аст. Ҳамзамон, эҳтимоли хотима ёфтани пандемияи коронавирус (COVID-19) дар давоми соли оянда, боиси яку якбора афзоиш ёфтани даромаднокии аҳолӣ ва талаботи маҷмӯӣ дар ҳамаи кишварҳо гардида, ба сатҳи нархҳо таъсири манфӣ хоҳад расонд.

Тибқи тадқиқотҳои дар семоҳаи сеюми соли ҷорӣ гузаронида шуда, интизории аҳолӣ оид ба тағйирёбии сатҳи умумии нархҳо дар 12 моҳи минбаъда то 7,9 фоиз баҳодиҳӣ гардидааст.

Мавқеи сиёсати пулию қарзӣ. Бо назардошти омилҳои зикргардида ва инчунин боқӣ мондани номуайяниҳо дар иқтисодиёти ҷаҳон ва эҳтимолияти зиёдшавии хавфҳои берунӣ, аз ҷониби Кумита пешниҳод гардид, ки меъёри бозтамвил, ҳамчун фишанги асосии сиёсати пулию қарзӣ бетағйир дар сатҳи 10,75 фоиз нигоҳ дошта шавад.

Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ татбиқи сиёсати пайгиронаи пулию қарзиро ҷиҳати ноил гардидан ба сатҳи муътадили нархҳо дар давраи дарозмуҳлат идома хоҳад дод.


Диданд: 331

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ