Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2021
  • Таваррум дар моҳи январ
    0,7%
  • 9,5%
  • Пулҳои захиравӣ (январ), млрд. сомонӣ
    22,5
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 05 феврали с.2021)11,00
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (Январ)10,34
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2021
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ)
    8,51
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ)
    24,04
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ)
    13,00
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (январ)
    22,05
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (январ)
    21,73




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 26.02.2021

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3352.87 3432.94
10 6618.76 6776.83
20 13091.43 13404.08
50 32490.38 33266.31
100 64816.00 66363.92

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Феврал      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    1 2 3 4 5 6 7
    8 9 10 11 12 13 14
    15 16 17 18 19 20 21
    22 23 24 25 26 27 28
  • Яндекс.Метрика

Ҷаласаи чоруми Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

23.12.2020

Санаи 22 декабри соли 2020 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини устувории низоми молиявии кишвар дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи чоруми Шӯрои миллии суботи молиявӣ (Шӯро) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Шӯро – Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ баргузор гардид.

NBTL3659.JPG

Дар оғози чорабинӣ, мутобиқи рӯзномаи ҷаласа рафти иҷрои қарорҳои қабулгардидаи ҷаласаи сеюми Шӯро муҳокима гардида, гузориши масъулин оид ба андешидани чораҳои мушаххас барои ҳалли мушкилиҳо дар фаъолияти корхонаҳои азими давлатӣ ва раванди қабули тартиби амалӣ гардонидани механизми маблағгузории касри Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ шунида шуданд.

Дар рафти баргузории ҷаласа аъзои Шӯро бо пешниҳоди рӯнамоиҳо оид ба монеаҳои рушди бозори коғазҳои қиматноки давлатӣ, омилҳои таъсиррасон ба сатҳи таваррум ва қурби асъор, инчунин вазъи ҷории бозори суғурта муҳокимарониҳо анҷом доданд. Қайд карда шуд, ки шиддат гирифтани рақобату номуайяниҳо дар муносибатҳои тиҷоратӣ, зиёд гардидани мушкилиҳо вобаста ба тағйирёбии иқлим ва паҳншавии бемориҳои нави сироятӣ дар саросари ҷаҳон собит месозанд, ки дар самти пешгӯии хавфҳо ва коҳиш додани таъсири онҳо ба иқтисодиёти миллӣ, ҳамоҳангии зичи вазорату идораҳои калидӣ нақши муассир мебозад.

NBTL3743.JPG

Дар ин раванд таъкид гардид, ки баланд бардоштани иқтидор ва рақобатпазирии самтҳои асосии фаъолияти бахшҳои молиявӣ, бахусус пешниҳоди коғазҳои қиматноки ҷолибнок дар фаъолияти бозори аввалия ва дуюмдараҷа, нигоҳ доштани сатҳи муътадили таваррум ва тағйирёбии боэътидоли қурби асъор дар рушди устувори иқтисодиёти кишвар нақши муҳим доранд.

Ҳамзамон, аз ҷониби иштиркочиёни Шӯро вобаста ба масъалаҳои ҳалталаби бахшҳои молиявии кишвар ва мунтазам гузаронидани мониторинг аз рӯи баҳодиҳии онҳо таъкид гардида, ҷиҳати пешгирӣ намудани хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ пешниҳодҳои мушаххас манзур гардиданд.

NBTL3665.JPG

Дар хотимаи ҷаласа, бо мақсади дар ҳамоҳангӣ татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастрасӣ ба хизматрасониҳои муосири молиявӣ ва диверсификатсияи воситаҳои маблағгузории дарозмуҳлати бахши воқеии иқтисодиёт тавассути вусъат додани иқтидори бозори коғазҳои қиматнок, бахусус истифодаи воситаи ҷойгиркунӣ дар биржаҳои фондӣ, дар доираи нишондиҳандаҳои пешбинишуда нигоҳ доштани сатҳи таваррум ва коҳиш додани фишорҳои қурбӣ, инчунин рақобатпазир гардонидани ширкатҳои суғуртавӣ қарорҳои дахлдор қабул гардида, аъзои Шӯро барои иҷрои саривақтии онҳо вазифадор карда шуданд.

Бояд қайд кард, ки Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми байниидоравии доимоамалкунандаи машваратӣ буда, бо мақсади баррасии масъалаҳои таъмини суботи молиявӣ, ошкор намудани хавфҳо дар низоми молиявӣ ва пешниҳоди тадбирҳо баҳри коҳиш додани онҳо, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2018, №331 таъсис дода шудааст.


Диданд: 666

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ