Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2021
  • Таваррум дар моҳи июн
    -0,5%
  • 9,0%
  • Пулҳои захиравӣ (июн), млрд. сомонӣ
    23,1
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 28 апрели с.2021)12,00
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (июн)11,01
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2021
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-июн)
    10,05
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-июн)
    23,86
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-июн)
    12,30
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (июн)
    22,16
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (январ-июн)
    21,07




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 23.07.2021

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3 367.52 3 447.95
10 6 648.08 6 806.85
20 13 150.06 13 464.11
50 32 636.95 33 416.38
100 65 109.14 66 664.07

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Июл      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    28 29 30 1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29 30 31 1
  • Яндекс.Метрика

Ҷамъбасти фаъолияти ташкилотҳои суғуртавӣ дар соли 2020

04.02.2021

1 феврали соли 2021 дар Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Накҳатзода Моҳбону бо иштироки роҳбарони ташкилотҳои суғуртавии кишвар ва сохторҳои дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ҷаласаи васеъ баргузор гардид, ки дар он вазъи бозори суғурта дар соли 2020 натиҷагирӣ карда шуд.

NBTL4784.JPG

Новобаста аз таъсири пандемияи COVID-19 ташкилотҳои суғуртавӣ дар соли 2020 фаъолияти худро идома дода, соли молиявии ташкилотҳои суғуртавӣ бо фоида ба маблағи 75,9 млн. сомонӣ ҷамъбаст шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2019 ба андозаи 39,2 фоиз зиёд мебошад. Дар умум, аз ҷониби низоми суғурта ба буҷети давлатӣ
32,7 млн. сомонӣ андоз пардохт карда шуд.

Ба таърихи 31 декабри соли 2020 шумораи ташкилотҳои суғуртавии кишвар 18 ададро ташкил дода, дороиҳои онҳо ба 412,4 млн. сомонӣ расид. Дар соли ҳисоботӣ ҳиссаи дороиҳои бозори суғурта дар низоми молиявии кишвар ба 1,5 фоиз баробар шуда, нисбат ба ММД 0,5 фоизро ташкил дод.

Уҳдадориҳои тавозунии ташкилотҳои суғуртавӣ дар соли ҳисоботӣ 194,9 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2019 21,9 фоиз кам гардидааст. Сармояи оинномавии онҳо бошад, дар соли 2020 ба 122,9 млн. сомонӣ баробар шуда, дар муқоиса ба соли қаблӣ 1,5 фоиз зиёд мебошад.

Ҳамзамон, воридоти мукофоти суғуртавӣ (ҳаққи суғуртавӣ) нисбат ба соли 2019 ба андозаи 0,7 фоиз зиёд гардида, маблағи он 235,8 млн. сомониро ташкил намуд. Пардохту ҷуброни суғуртавӣ бошад, дар соли 2020 нисбат ба соли 2019 ба андозаи 24,6 фоиз афзуда, ба 19,0 млн сомонӣ баробар шуд.

NBTL4828.JPG

Ҳангоми ҷамъбасти фаъолияти низоми суғурта қайд гардид, ки тибқи ислоҳоти Бонки миллии Тоҷикистон ва андешидани тадбирҳои саривақтӣ, баланд бардоштани пардохтпазирӣ ва таъмин намудани устувории молиявии ташкилотҳои суғуртавӣ, соли 2020 Қонуни ҶТ “Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт”, қарори Ҳукумати ҶТ “Дар бораи андозаи ҳадди ақали сармояи (фонди) оинномавии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)” ва Тартиби ҳисобкунии таносуби меъёри маблағҳои худӣ (сармоя) ва уҳдадориҳои қабулнамудаи ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) қабул гардид, ки ин дар радифи таъсиси Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои суғуртавии Тоҷикистон муҳимтарин дастовардҳои бахши суғурта маҳсуб меёбанд, татбиқ гардид.

Дар рафти муҳокима сардори Идораи назорати суғуртавии Бонки миллии Тоҷикистон Дилбар Ҳусейнова дар мавзӯи «Вазъи бозори суғуртаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» баромад карда, бо пешниҳоди рӯнамоии муфассал нишондиҳандаҳои асосии низоми суғурта, дастовардҳову монеаҳои ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳо, фаъолияти ташкилотҳои суғуртавии кишварро ҳамаҷониба мавриди таҳлил қарор дод.

Зимни рӯнамо қайд карда шуд, ки дар баробари ҷой доштани тамоюли мусбии баъзе нишондиҳандаҳои бозори суғурта, ташкилотҳои суғуртавиро зарур аст, барои беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, беҳтар намудани нишондиҳандаҳои молиявии худ, инчунин васеъ кардани намудҳои суғурта ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, ҷорӣ кардани хизматрасониҳои нави муосир, аз ҷумла ба соҳибкорони истеҳсолӣ, саноатӣ, соҳибкории хурду миёна ва содироткунандагони ватанӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд.

NBTL4823.JPG

Дар қисмати муҳокимарониҳо роҳбарон ва намояндагони масъули ташкилотҳои суғуртавии кишвар ибрози ақида намуда, оид ба фаъолияти ташкилоти худ дар соли сипаригардида ҳисобот пешниҳод карданд ва доир ба мавзӯъҳои баррасигардида мулоҳиза ва пешниҳодҳои худро баён намуданд.

Зимни ҷамъбасти ҷаласа муовини Раис Накҳатзода Моҳбону таҳия ва тасдиқи Стратегияи рушди низоми суғурта барои солҳои 2021-2023, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ” дар таҳрири нав, танзиму назорати самараноки фаъолияти ташкилотҳои суғуртавӣ ва таъмини устувории фаъолияти минбаъдаи онҳоро ҳамчун заминаи муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуд.

Новобаста аз ислоҳотҳои татбиқшаванда дар низоми суғурта ҷой доштани як қатор монеаҳо барои рушди бозори суғурта, аз ҷумла зарурати такмил додани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, дар сатҳи зарурӣ ҷалб нашудани таваҷҷуҳи аҳолӣ ба низом бо назардошти суст роҳандозӣ шудани таблиғот ва ташвиқот, нокифоя будани сатҳи хизматрасонии суғуртавӣ, то ҳанӯз паст будани ҳиссаи пардохтҳои суғуртавӣ, ғайрисамаранок боқӣ мондани идоракунии корпоративии ташкилотҳои суғуртавӣ, зарурати аз байн бурдани инҳисор ва ба ин васила таъмини рақобати солим, норасоии мутахассисони соҳа махсусан аз ҷониби роҳбарияти БМТ таъкид карда шуд. Қайд гардид, ки дар ҳолати пешниҳоди хизматрасониҳои сифатан хубу мусоид аз ҷониби ташкилотҳои суғуртавӣ ва дуруст роҳандозӣ намудани идоракунии корпоративӣ иқтисоди бозорӣ бо қоидаҳои худ инҳисори нокомилро аз байн мебарад.

NBTL4809.JPG

Ҳамзамон, ҷиҳати татбиқи босамари мақсадҳои мақоми назорати суғуртавӣ барои соли 2021 дар назди ташкилотҳои суғуртавӣ барои афзун намудани сармояи оинномавӣ, ҷобаҷогузории самараноки дороиҳо, пешниҳоди хизматрасониҳои нави суғуртавӣ, вусъат додани робита бо ҷомеа дар самти маърифатнокии молиявӣ (суғуртавӣ), ҷоннок намудани раванди аъзошавии ташкилотҳои суғуртавӣ дар Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои суғуртавии Тоҷикистон, ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани нишондиҳандаҳои молиявӣ ва бо тартиби содда ва шаффоф роҳандозӣ намудани пардохтҳои суғуртавӣ вазифагузорӣ карда шуд.

Махсусан, аз саҳми ташкилотҳои суғуртавӣ дар рушди иқтисодиёти мамлакат тавассути ҷойгир намудани маблағҳои озоди худ дар шакли сармоягузорӣ ва коғазҳои қиматнок дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ таъкид гардид, ки амали мазкур барои маблағгузории иловагии соҳаҳои иқтисодиёт ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои миллӣ ва дастовардҳои назарраси самарабахш мусоидат хоҳад кард.

Дар фаровард, бори дигар таъкид карда шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор баҳри татбиқи самтҳои асосии сиёсати пулию қарзӣ ва устувории низоми бонкию суғуртаи кишвар, дар пайравӣ ва ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор тамоми чораҳои заруриро андешида, раванди ислоҳоти соҳаи суғуртаро бо мақсади баланд бардоштани рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар идома медиҳад.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Диданд: 436

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ