Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2021
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,7%
  • 9,9%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал), млрд. сомонӣ
    23,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 05 феврали с.2021)11,00
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (Феврал)10,57
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2021
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-феврал)
    9,42
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-феврал)
    24,21
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-феврал)
    12,50
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    21,97
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,48




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 09.04.2021

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3270.11 3348.20
10 6453.24 6607.35
20 12760.39 13065.13
50 31662.77 32418.93
100 63160.77 64669.16

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Январ      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    28 29 30 31 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Эълони Озмун

08.02.2021

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

барои ишғоли вазифаҳои холии зерин

ОЗМУН

ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Идораи ҳуқуқ

Сардори шуъбаи санадҳои меъёрӣ - муовини сардори Идора (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии ҳуқуқӣ;
  • собиқаи кори ҳуқуқӣ на кам аз 5-сол. Cобиқаи кори ҳуқуқӣ дар низоми бонкӣ ва ё молия, инчунин дар сохторҳои ба фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ алоқаманд ё ширкатҳои бонуфузи машваратии ҳуқуқӣ бартарӣ дорад;
  • дониши хуби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус бонкӣ, гражданӣ, маъмурӣ, ҷиноятӣ, мурофиавӣ, меҳнатӣ, техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва дигар;
  • қобилияти баланди таҳлилӣ ва хулосабарорӣ;
  • маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ;
  • таҷрибаи корӣ ва тахассуси зарурии таҳияи хулосаҳои ҳуқуқӣ аз рӯи масъалаҳои мухталифи қонунгузории амалкунанда, таҳияи шартномаҳо, иштирок дар мурофиаҳои судӣ, таҳияи парвандаҳои маъмурӣ, иштирок дар гуфтушунидҳо, инчунин ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо. Таҷрибаи зарурии кории таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва корбарӣ бо онҳо, инчунин таҳияи хулосаҳои ҳуқуқӣ ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои онҳо бартарӣ дорад;
  • маҳорат ва таҷрибаи ташкили кор (роҳбарии воҳиди сохтори ҳуқуқӣ, дигар сохтор ё зерсохтори онҳо на кам аз 2 сол);
  • малакаи кор дар компютер, донистани барномаҳои Ms Office (Word, Excel, Power point);
  • донистан ва озод ҳарф задан бо забонҳои давлатӣ, русӣ (донистани забони англисӣ ва ё дигар забонҳои хориҷӣ бартарӣ дорад).

Сармутахассиси шуъбаи санадҳои меъёрӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии ҳуқуқӣ;
  • собиқаи кори ҳуқуқӣ на кам аз 3-сол. Собиқаи кори ҳуқуқӣ дар низоми бонкӣ ва ё молия, инчунин дар сохторҳои ба фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ алоқаманд ё ширкатҳои бонуфузи машваратии ҳуқуқӣ бартарӣ дорад;
  • дониши хуби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус бонкӣ, гражданӣ, маъмурӣ, ҷиноятӣ, мурофиавӣ, меҳнатӣ, техникаи ҳуқуқэҷодкуни ва дигар;
  • қобилияти хуби таҳлилӣ ва хулосабарорӣ;
  • маҳорати хуби ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ;
  • таҷрибаи корӣ ва тахассуси зарурии таҳияи хулосаҳои ҳуқуқӣ аз рӯи масъалаҳои мухталифи қонунгузории амалкунанда, таҳияи шартномаҳо, иштирок дар мурофиаҳои судӣ, таҳияи парвандаҳои маъмурӣ, иштирок дар гуфтушунидҳо, инчунин ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо. Таҷрибаи кории таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва корбарӣ бо онҳо, инчунин таҳияи хулосаи ҳуқуқӣ ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои онҳо бартарият дорад;
  • малакаи кор дар компютер, донистани барномаҳои Ms Office (Word, Excel, Power point);
  • донистан ва озод ҳарф задан бо забони давлатӣ, русӣ (донистани забони англисӣ ва ё дигар забонҳои хориҷӣ бартарӣ дорад).

Мутахассиси дараҷаи 1 шуъбаи санадҳои меъёрӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии ҳуқуқӣ;
  • собиқаи кори ҳуқуқӣ на кам аз 3-сол. Собиқаи кори ҳуқуқӣ дар низоми бонкӣ ва ё молия, инчунин дар сохторҳои ба фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ алоқаманд ё ширкатҳои бонуфузи машваратии ҳуқуқӣ бартарӣ дорад;
  • дониши хуби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус бонкӣ, гражданӣ, маъмурӣ, ҷиноятӣ, мурофиавӣ, меҳнатӣ, техникаи ҳуқуқэҷодкуни ва дигар;
  • қобилияти хуби таҳлилӣ ва хулосабарорӣ;
  • маҳорати хуби ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ;
  • малакаи кор дар компютер, донистани барномаҳои Ms Office (Word, Excel, Power point);
  • донистан ва озод ҳарф задан бо забони давлатӣ, русӣ (донистани забони англисӣ ва ё дигар забонҳои хориҷӣ бартарӣ дорад).

Сардори шуъбаи умури ҳуқуқӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии ҳуқуқӣ;
  • собиқаи кори ҳуқуқӣ на кам аз 5-сол. Cобиқаи кори ҳуқуқӣ дар низоми бонкӣ ва ё молия, инчунин дар сохторҳои ба фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ алоқаманд ё ширкатҳои бонуфузи машваратии ҳуқуқӣ бартарӣ дорад;
  • дониши хуби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус бонкӣ, гражданӣ, маъмурӣ, ҷиноятӣ, мурофиавӣ, меҳнатӣ, техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва дигар;
  • қобилияти баланди таҳлилӣ ва хулосабарорӣ;
  • маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ;
  • таҷрибаи корӣ ва тахассуси зарурии таҳияи хулосаҳои ҳуқуқӣ аз рӯи масъалаҳои мухталифи қонунгузории амалкунанда, таҳияи шартномаҳо, иштирок дар мурофиаҳои судӣ, таҳияи парвандаҳои маъмурӣ, иштирок дар гуфтушунидҳо, инчунин ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо.
  • маҳорат ва таҷрибаи ташкили кор (роҳбарии воҳиди сохтори ҳуқуқӣ, дигар сохтор ё зерсохтори онҳо на кам аз 2 сол);
  • малакаи кор дар компютер, донистани барномаҳои Ms Office (Word, Excel, Power point);
  • донистан ва озод ҳарф задан бо забонҳои давлатӣ, русӣ (донистани забони англисӣ ва ё дигар забонҳои хориҷӣ бартарӣ дорад).

Шуъбаи таҳлили хавфҳо

Сармутахассис (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии риёзӣ, иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • доштани донишу малакаи кофӣ дар соҳаи идоракунии хавфҳои бонкӣ;
  • доштани собиқаи кории на кам аз 3 сол дар соҳаи идоракунии хавфҳои бонкӣ ё аудит;
  • доштани сертификатҳои байналмилалӣ дар соҳаи идоракунии хавфҳо афзалият дорад;
  • қобилияти баланди таҳлилӣ ва хулосабарорӣ;
  • маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ;
  • малакаи кор дар компютер, донистани барномаҳои Ms Office (Word, Excel, Power point) ҳатмӣ;
  • донистан ва озод ҳарф задан бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмӣ.

Мутахассиси дараҷаи I (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии риёзӣ, иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • доштани донишу малакаи кофӣ дар соҳаи идоракунии хавфҳои бонкӣ афзалият дорад;
  • доштани собиқаи корӣ дар соҳаи идоракунии хавфҳои бонкӣ ё аудит афзалият дорад;
  • доштани сертификатҳои байналмилалӣ дар соҳаи идоракунии хавфҳо афзалият дорад;
  • маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ бо забонҳои давлатӣ, русӣ;
  • малакаи кор дар компютер, донистани барномаҳои Ms Office (Word, Excel, Power point) ҳатмӣ;
  • донистан ва озод ҳарф задан бо забонҳои давлатӣ, русӣ ҳатмӣ донистани забони англисӣ афзалият дорад.

Мутахассиси дараҷаи II (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии риёзӣ, иқтисодӣ, молиявӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ;
  • доштани собиқаи корӣ дар соҳаи идоракунии хавфҳои бонкӣ ё аудит афзалият дорад;
  • маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пешбурди муросилот бо забонҳои давлатӣ ва русӣ;
  • малакаи кор дар компютер, донистани барномаҳои Ms Office (Word, Excel, Power point) ҳатмӣ;
  • донистан ва озод ҳарф задан бо забонҳои давлатӣ, русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 4 дона андозаи 3х4;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • Нусхаи билети ҳарбӣ;
  • Нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).

Ҳуҷҷатҳо бо нишонии зерин қабул карда мешавад:

  • ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 38/1, Идораи кормандон
  • барои маълумот – тел: +992 (44) 600 32 32; +992 (44) 600 31 38
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 19.02 с.2021

Диданд: 1435

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ