Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 19.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3898.27 3977.03
10 7677.05 7832.15
20 15220.64 15528.13
50 37822.25 38586.33
100 75525.14 77050.90

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо ҷаноби Мэттю Лоусон

17.02.2021

16 феврали соли 2021 зимни вохӯрии муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо Сафири Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ҷаноби Мэттю Лоусон ва роҳбари Дафтари Департаменти рушди байналмилалии Британияи Кабир хонум Ҳонор Фланаган масоили ҳамкории дуҷониба дар доираи барномаҳои нав мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

NBTL5531.JPG

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев зимни суханронӣ аз робитаҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ёдовар шуда, ҳозиринро бо вазъи макроиқтисодӣ дар кишвар ва низоми бонкию суғурта шинос намуд.

Сафири Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ҷаноби Мэттю Лоусон мақсади ташрифи худро ҷиҳати ҳамкорӣ дар татбиқи Барномаи дастгирии навовариҳои сиёсати иқтисодӣ (“Policy Innovation Facility”) иброз намуда, бинобар ба эътидол омадани вазъ дар Тоҷикистон аз татбиқи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон бо назардошти раванди ҳадафгирии таваррум, нигоҳ доштани сатҳи таваррум дар доираи ҳадаф ва таъмини суботи макроиқтисодӣ изҳори ҳавасмандӣ намуд.

NBTL5522.JPG

Ҷамолиддин Нуралиев аз татбиқи сиёсати босамари пулию қарзӣ бо истифода аз фишангҳои монетарӣ шарҳи мухтасар дода, таъкид бар он дошт, ки новобаста аз таъсири манфии COVID-19 ба иқтисодиёти кишвар, Бонки миллии Тоҷикистон дар натиҷаи андешидани тадбирҳои қатъӣ тибқи нақшаи зиддибуҳронии худ, меъёри бозтамвилро тадриҷан поин бурда, меъёри захираҳои ҳатмиро аз рӯи пасандозҳо бо пули миллӣ аз 3 ба 1 фоиз ва бо асъори хориҷӣ аз 9 ба 5 фоиз паст кард, ки дар натиҷа дастрасии манбаъҳои иловагии пардохтпазириро дар ин давраи ҳассос барои ташкилотҳои қарзӣ таъмин намуд. Маҳз тадбирҳои саривақтӣ имкон фароҳам овард, ки низоми бонкӣ ба рушди иқтисодиёти кишвар саҳми худро гузошта, ҳаҷми пасандозҳо ва қарзҳо зиёд карда шуда, меъёри фоизии қарзҳо паст карда шуд. Сатҳи долларикунонӣ дар иқтисодиёт коҳиш ёфта, дороиҳои ташкилотҳои қарзӣ афзуданд, ки ин аз таъмини суботи молиявӣ дар кишвар шаҳодат медиҳад, - изҳор намуд Ҷамолиддин Нуралиев.

Сипас, муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев таваҷҷуҳи Сафири Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолиро ба низоми бонкдории исломӣ ва низоми суғурта ҷалб намуда, барои тақвият додани ҳамкорӣ дар фароҳам омадани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисос бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ барои оянда самарабахш арзёбӣ намуд.

NBTL5431.JPG

Сафири Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мэттю Лоусон густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар бахши иқтисодӣ, бахусус низоми бонкӣ ва суғуртаро баҳри татбиқи барномаҳои нав хуш пазируфта, барои пазироӣ ва мулоқоти самимона ба муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев изҳори сипос намуд.

Шуъбаи матбуот


Диданд: 1761

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ