Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 19.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3898.27 3977.03
10 7677.05 7832.15
20 15220.64 15528.13
50 37822.25 38586.33
100 75525.14 77050.90

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Паёми Пешвои миллат - раҳнамо барои ободии Ватан

19.02.2021

18 феврали соли 2021 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло, ҳузури муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, муовинони Раиси БМТ Фирдавс Толибзода, Мирҳаёт Ёқубзода, Моҳбону Накҳатзода, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва кормандон ҷиҳати омӯзиши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 январи соли 2021 ироа гардид, ҷаласа доир гардид.

NBTL5706.JPG

Чорабиниро Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро муайян менамояд, пеш аз ҳама ба сифати раҳнамои мардуми Тоҷикистон дар соли 2021 – соли таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хидмат хоҳад кард.

“Пешвои миллат дар Паёми имсолаи худ дар баробари бахшҳои муҳими кишвар, низоми бонкиро мавриди таҳлили амиқ қарор дода, дар радифи дастовардҳои соҳа ҳарчи зудтар ҳаллу фасл кардани як қатор масъалаҳоро таъкид намуданд. Аз ҷумла, зиёд кардани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, низоми фаъоли идоракунии корпоративӣ, кам кардани хавфҳои амалиётӣ ва қарзӣ, коҳиш додани қарзҳои ғайрифаъол, афзоиши ҷалби сармоя ба низоми бонкӣ ва таъсиси намояндагии бонкҳои хориҷӣ ҷиҳати пайдо намудани манбаъҳои иловагӣ барои ҷалби сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ, беҳтар намудани маблағгузорӣ ба соҳаҳои истеҳсолӣ аз масъалаҳое буданд, ки Президенти кишвар ба онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд”,-иброз намуд Раиси БМТ Ҳоким Холиқзода.

NBTL5683.JPG

Аз ин рӯ, ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва ҳамаҷонибаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат Бонки миллии Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳои Бонки миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифтанд, таҳия намудааст.

Ҳоким Холиқзода зимни муаррифии Нақшаи чорабиниҳо, иброз дошт, ки нақшаи мазкур аз 14 банд иборат буда, дар он иҷрои тамоми дастуру супоришҳои Пешвои миллат ба назар гирифта шудааст. Аз ҷумла, бартараф намудани камбудиҳо дар самти ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, идоракунии корпоративӣ, хавфҳои амалиётӣ ва қарзӣ, қарзҳои ғайрифаъол, ҷалби сармоя ба низоми бонкӣ ва таъсиси намояндагии бонкҳои хориҷӣ, ба талабот мутобиқ кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор, таъмин намудани раванди идоракунии корпоративӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва тадриҷан афзоиш додани сармояи оинномавии бонкҳо, зиёд кардани пешниҳоди қарзҳои дарозмуддат ба соҳибкорони истеҳсолӣ ва фаъол намудани низоми рейтинги миллӣ барои ташкилотҳои қарзӣ ва ширкатҳои суғуртавӣ, бо роҳандозии технологияҳои молиявию инноватсионӣ васеъ намудани хизматрасониҳои бонкӣ ва дар ин замина, пурра ҷорӣ кардани амалиёти ғайринақдӣ, аз ҷумла аз байн бурдани омилҳои инсонӣ ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ бо аҳолӣ масъалаҳое мебошанд, ки барои ҳалли ҳарчи зудтари онҳо афзалият дода шудааст.

NBTL5733.JPG

Дар баробари ин, нақшаи омоданамудаи Бонки миллии Тоҷикистон таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намудани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба гузаронидани авф вобаста ба қонунигардонии маблағҳо ва дигар дороиҳои шаҳрвандон, пешниҳод намудани маълумоти зарурӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав бо дарназардошти хусусияти самти фаъолияти низоми бонкӣ, ҷудо намудани қарзу грантҳо ба занон ва оилаҳо, дастгирии ташаббусҳои бонувон ва ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда ва дигар масъалаҳои муҳими дар Паёми Пешвои миллат зикргардидаро фаро гирифтааст.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бори дигар таъкид намуд, ки роҳбарият ва тамоми кормандони низоми бонкии кишвар барои иҷрои пурра ва саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҳамаи имкониятҳо ва зарфиятҳои худро сарф намуда, кӯшиш менамоянд, то боварии Сарвари давлатро сазовор бошанд.

Дар идомаи чорабинӣ сардори шуъбаи тарҷумаи Дастгоҳи роҳбарияти бонк, узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Ҳасан вобаста ба омӯзиши Паёми Президенти кишвар баромад намуда, чанд нуктаи асосии Паёми Пешвои миллатро, ки ба масъалаҳои муҳими миллӣ бахшида шудааст, ба самъи ҳозирин расонид.

NBTL5666.JPG

Аз ҷумла, таъкид гардид, ки соли 2020 бо як қатор рӯйдодҳои муҳиму хотирмони худ дар китоби таърихи давлатдории миллии мо сабт гардид. Дар ин сол ҷашнҳои 5500 – солагии Саразми бостонӣ ва 700 – солагии Камоли Хуҷандӣ бошукӯҳ таҷлил карда шуда, бо иштироки фаъолонаи мардуми кишвар ду чорабинии бисёр муҳими сиёсӣ, яъне интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯҳияи баланди ҳамбастагӣ ва ваҳдати миллӣ баргузор гардид.

Султон Ҳасан бо иқтибос аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки халқи шарафманди тоҷик нангу номуси ватандорӣ ва ҳисси баланди миллӣ дорад ва бо чунин хислатҳои неку созандаи худ метавонад иқдомоти аз имрӯза ҳам бештарро амалӣ карда, Ватани муқаддаси худро ба кишвари ободу пешрафта ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳад.

NBTL5628.JPG

Дар анҷоми ҳамоиш Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бори дигар таъкид намуд, ки Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ дастури раҳнамоест, ки моро ба муттаҳидӣ ва саъю кӯшиши пайваста ба хотири амалисозии он даъват мекунад ва дар амал татбиқ шудани муқаррароти Паёми мазкур ба пешрафту дастовардҳои назарраси кишвари мо дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла низоми бонкии мамлакат дар соли таҷлили ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Шуъбаи матбуот


Диданд: 1370

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ