Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2021
  • Таваррум дар моҳи апрел
    0,7%
  • 8,3%
  • Пулҳои захиравӣ (апрел), млрд. сомонӣ
    22,4
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 28 апрели с.2021)12,00
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (апрел)10,31
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2021
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-март)
    9,59
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-март)
    23,94
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-март)
    12,26
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (март)
    22,00
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (март)
    20,85




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 20.05.2021

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3479.38 3562.48
10 6871.79 7035.90
20 13597.49 13922.22
50 33755.53 34561.67
100 67346.29 68954.64

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Май      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 30 1 2
    3 4 5 6 7 8 9
    10 11 12 13 14 15 16
    17 18 19 20 21 22 23
    24 25 26 27 28 29 30
    31 1 2 3 4 5 6
  • Яндекс.Метрика

Модар - сарчашмаи меҳру вафо ва нахустин мураббию муаллим!

05.03.2021

5 марти соли соли 2021 дар Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни фархундаи Рӯзи Модар бо иштироки Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло, Муовини якуми Раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев, Муовинони Раис Фирдавс Толибзода, Мирҳаёт Ёқубзода, Моҳбону Накҳатзода ва бонувони корманди бонк ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

NBTL6372-1.JPG

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо ифтитоҳи ҷамъомад бонувони бонк ва дар симои онҳо тамоми модарони кишварро ба муносибати Рӯзи Модар самимона табрику муборакбод гуфта, ба онҳо саломатию хушбахтӣ, рӯзгори пурсаодат, хонадони ободу осуда ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу намуд.

“Воқеан, зан – модар сарчашмаи меҳру вафо, нахустин мураббию муаллими фарзанд, азизтарин шахсияти рӯи замин буда, сазовори ихлосу эҳтиром ва муҳаббату ғамхории доимӣ мебошад. Худованд ба модар қудрате ато фармудааст, ки офарандаи зиндагӣ, меҳру муҳаббат, нуру зиё ва чароғи мунаввари ҳар хонадон бошад. Маҳз мақому манзалати волои модар, заҳмату шабзиндадориҳои ӯ ва рафтори неку пурмуҳаббаташ  нисбат ба наслҳои башарият боис гардид, ки дар ҳама давру замон модарро ҳамчун бузургтарин ва муқаддастарин инсон  дӯст доранд ва азиз шуморанд”, - иброз дошт Ҳоким Холиқзода.

NBTL6340-2.JPG

Таъкид гардид, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани Рӯзи Модар дар Тоҷикистон барои боз ҳам баланд бардоштани мақоми зан – модар дар ҷомеаи мо мусоидат намуд. Ҳамчунин, боиси фараҳмандист, ки Пешвои муаззами миллат дар ҳар суҳбату мулоқот ва суханронии худ нисбат ба модарон ва занону бонувон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, ин қишри ҷомеаро ҳамеша ҳамчун неруи ташаббускор, масъулиятшинос ва кордону заҳматписанд эҳтиром, эътироф ва дастгирӣ мекунанд.

NBTL6316-3.JPG

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода тазаккур дод, ки имрӯз дар ҷомеаи Тоҷикистон бахше нест, ки дар он занон-модарон фаъолият надошта бошанд. Ҳоло, хушбахтона, занону модарони мо дар қатори мардон дар тамоми соҳаҳо пурсамар фаъолият намуда истодаанд ва бовар дорем, ки минбаъд низ бо дарки баланди масъулият дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа фаъолона иштирок карда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки бо азму иродаи қавӣ ва камоли кордонию ҳисси масъулият дар пешрафту ободии Тоҷикистон саҳмгузор бошанд. Бо назардошти садоқату самимияти ба кор доштаи бонувон, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таърихи 26 январи соли 2021 ироа гардид, изҳор намуданд, ки минбаъд ҳам дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода шуда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагӣ амалӣ гардонида мешаванд.

NBTL6476-4.JPG

Раиси БМТ ба масъалаи дастгирии занону бонувон, ки дар Паёми имсола Пешвои миллат таъкид гардид, таваҷҷуҳ карда, зикр намуд, ки имрӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон занон дар ҳамаи зинаҳои кору роҳбарӣ, аз муовини Раис то ба котиби Раёсату сардори идора ва шуъбаи мустақил мақому мартаба доранд ва ин аз фаъолияти самараноки онҳо дар низоми бонкии мамлакат гувоҳӣ медиҳад. Масалан, дар айни замон аз теъдоди умумии кормандони Бонки миллии Тоҷикистон 247 нафар ё 31%-ро занон ташкил медиҳанд. Аз ин теъдод 36 нафар ё 24% дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор карда, 6 нафар соҳиби дараҷаи илмӣ - номзади илм ва 1 нафар доктори илм (PhD) мебошанд, ки ин албатта боиси хурсандии мо аст.

“Ман боварии комил дорам, ки занону модарони сарбаланди мо дар пешрафти низоми бонкии мамлакат ва таҷлили шоистаи ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳиссагузор хоҳанд буд ва бо меҳнату заҳмати фидокоронаву садоқатмандонаи худ дар пешрафти Тоҷикистони озоду демократӣ саҳми назаррас хоҳанд гузошт”, - бо чунин ниятҳои нек Ҳоким Холиқзода сухани табрикотии худро ба фарҷом расонид.

NBTL6329-5.JPG

Баъдан, муовини Раиси БМТ Моҳбону Накҳатзода занону бонувонро аз номи Шӯрои бонувони бонк бо ин ҷашни зебо табрику таҳният гуфта, зикр намуд, ки меҳнати софдилонаи занону духтарони дар Бонки миллии Тоҷикистон ҳамеша дар мадди назари роҳбарият қарор дорад ва дастовардҳои назарраси онҳо пайваста қадршиносӣ карда мешавад.

Таъкид гардид, ки имрӯз занони мо бояд ҳамқадами ҳаёт ва замон бошанд, аз навигариҳои олам ва кашфиётҳои нави илму техника бехабар намонанд. Дар баробари забони модарӣ барои омӯхтани забонҳои хориҷӣ, бахусус забонҳои англисӣ ва русӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд, зеро дар ин самт тамоми шароит фароҳам оварда шудааст ва бонувони мо бояд аз ин имкониятҳои фароҳамгардида ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат самаранок истифода намоянд.

NBTL6311-6.JPG

Дар идомаи чорабинӣ сардори шуъбаи тарҷумаи Дастгоҳи роҳбарияти бонк, узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Ҳасан ва чанде аз кормандони бонк ба ифтихори бонувон аз ашъори ба зан – модар бахшидаи шоирони тоҷик шеърҳо қироат карда, бонувони сарбаланди тоҷикро васф намуданд.

Ҷамъомадро Раиси БМТ Ҳоким Холиқзода хотима бахшида, бо беҳтарин ва самимитарин орзуҳо бори дигар ҳамаи бонувони азизу арҷманди Бонки миллии Тоҷикистон, низоми бонкӣ ва тамоми кишварро ба муносибати Рӯзи Модар самимона табрик гуфта, ба онҳо бахту саодат, ободию осудагӣ ва хушҳолию хушрӯзӣ орзу намуд.

Шуъбаи матбуот


Диданд: 762

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ