Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2021
  • Таваррум дар моҳи август
    0,5%
  • 9,4%
  • Пулҳои захиравӣ (август), млрд. сомонӣ
    23,8
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 02 августи с.2021)13,00
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (август)12,77
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2021
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-август)
    10,49
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-август)
    23,86
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-август)
    12,30
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (август)
    22,10
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (август)
    21,39




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 23.09.2021

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3 326.60 3 406.04
10 6 566.22 6 723.03
20 12 986.34 13 296.48
50 32 227.66 32 997.31
100 64 290.55 65 825.93

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Сентябр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    30 31 1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 1 2 3
  • Яндекс.Метрика

Эълони Озмун

19.03.2021

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин

ОЗМУН
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Идораи муносибатҳои байналмилалӣ

I
Мутахассиси дараҷаи I шуъбаи ҳамкорӣ бо кишварҳои
хориҷи наздик ва мамолики Араб (1 ҷой)

Вазифаҳо:

  • пешбурди муросилот ва ҳамкориҳо бо соҳторҳои Ҳукуматӣ, ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, намояндагиҳои хориҷӣ, бонкҳои тиҷоратӣ ва ғ.;
  • ташкили вохӯриҳои Роҳбарияти БМТ бо намояндагони хориҷӣ дар якҷоягӣ бо воҳидҳои сохтории дахлдор, омода намудани ҳисобот аз рӯи натиҷаҳои онҳо;
  • ташкил ва иштирок дар чорабиниҳои байналмилалӣ, иштирок дар барномаҳои омӯзишии байналмилалӣ;
  • ҷамъоварии маълумот ва омода намудани ҳисоботҳо ва маълумотномаҳо тибқи супоришҳои додашуда;
  • таъмини тарҷумаи ҳамзамон (синхронный перевод) ҳангоми гузаронидани вохӯриҳо (аз забони англисӣ ба русӣ ва/ё тоҷикӣ ва баръакс).

Талабот ба номзад:

  • ҳадди ақал маълумоти олӣ дар самти муносибатҳои байналмилалӣ/иқтисодиёт/молия ва бонкдорӣ;
  • дониш ва/ё таҷрибаи корӣ дар самти муносибатҳои байналмилалӣ;
  • қобилияти баланди таҳлилӣ ва хулосабарорӣ, маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
  • пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ дар сатҳи баланд;
  • дониши хуби иқтисодиёт ва нишондиҳандаҳои он, сиёсати давлатӣ, малака ва маҳорати баланди кор дар компютер MS Office (Word, Excel, Power point);
  • маҳорати омода намудани мукотибот, ҳисобот, пайнавиштҳо, лоиҳаҳо, маърузанависӣ, ҳамчунин омода намудани графикҳо, диаграммаҳо ва ғ.;
  • озодона ҳарф задан бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ. Ба донистани забонҳои дигар низ афзалият дода мешавад. Барои маҳорати таъмини тарҷумаҳои ҳамзамон (синхронный перевод) (аз забони англисӣ ба русӣ ва/ё тоҷикӣ ва баръакс) афзалият дода мешавад.*


*Дар ҳолати номувофиқ будани маълумоти олӣ дар сурати ҷой доштани чунин маҳорат, иштирокчии озмун бо дигар талаботҳо баҳогузорӣ карда мешавад.

II

Мутахассиси пешбари шуъбаи ҳамкорӣ бо кишварҳои

хориҷи наздик ва мамолики Араб (1 ҷой)

Вазифаҳо:

  • пешбурди муросилот ва ҳамкориҳо бо соҳторҳои Ҳукуматӣ, ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, намояндагиҳои хориҷӣ, бонкҳои тиҷоратӣ ва ғ.;
  • ташкили вохӯриҳои Роҳбарияти БМТ бо намояндагони хориҷӣ дар якҷоягӣ бо воҳидҳои сохтории дахлдор, омода намудани ҳисобот аз рӯи натиҷаҳои онҳо;
  • ташкил ва иштирок дар чорабиниҳои байналмилалӣ, иштирок дар барномаҳои омӯзишии байналмилалӣ;
  • ҷамъоварии маълумот ва омода намудани ҳисоботҳо, маълумотномаҳо ва баромадҳои Роҳбарияти БМТ тибқи супоришҳои додашуда;
  • омода намудани маводҳои иттилоотӣ ва ҳуҷҷатҳо барои ҷаласаҳо ва вохӯриҳо бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ;
  • таъмини тарҷумаи ҳамзамон (синхронный перевод) ҳангоми гузаронидани вохӯриҳо (аз забони англисӣ ба русӣ ва/ё тоҷикӣ ва баръакс).

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олӣ дар самти муносибатҳои байналмилалӣ/иқтисодиёт/молия ва бонкдорӣ/ҳуқуқшиносӣ;
  • дониш ва/ё таҷрибаи корӣ дар самти муносибатҳои байналмилалӣ, маҳорат ва таҷрибаи ташкили кор, таҷрибаи умумии корӣ на камтар аз 2 (ду) сол;
  • қобилияти баланди таҳлилӣ ва хулосабарорӣ, маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
  • дар сатҳи баланд пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ;
  • дониши аълои иқтисодиётӣ ва нишондиҳандаҳои он, сиёсати давлатӣ, малака ва маҳорати баланди кор дар компютер MS Office (Word, Excel, Power point);
  • маҳорати омода намудани мукотибот, ҳисобот, пайнавиштҳо, лоиҳаҳо, маърузанависӣ, ҳамчунин омода намудани графикҳо, диаграммаҳо ва ғ.;
  • озодона ҳарф задан бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ. Ба донистани забонҳои дигар низ афзалият дода мешавад. Барои маҳорати таъмини тарҷумаҳои ҳамзамон (синхронный перевод) (аз забони англисӣ ба русӣ ва/ё тоҷикӣ ва баръакс) афзалият дода мешавад.

III

Мутахассиси дараҷаи II шуъбаи  ҳамкорӣ

бо кишварҳои хориҷи дур (1 ҷой)

Вазифаҳо:

  • пешбурди муросилот ва ҳамкориҳо бо соҳторҳои Ҳукуматӣ, ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, намояндагиҳои хориҷӣ, бонкҳои тиҷоратӣ ва ғ.;
  • ташкили вохӯриҳои Роҳбарияти БМТ бо намояндагони хориҷӣ дар якҷоягӣ бо воҳидҳои сохтории дахлдор, омода намудани ҳисобот аз рӯи натиҷаҳои онҳо;
  • ташкил ва иштирок дар чорабиниҳои байналмилалӣ, иштирок дар барномаҳои омӯзишии байналмилалӣ;
  • ҷамъоварии маълумот ва омода намудани ҳисоботҳо ва маълумотномаҳо тибқи супоришҳои додашуда;
  • таъмини тарҷумаи ҳамзамон (синхронный перевод) ҳангоми гузаронидани вохӯриҳо (аз забони англисӣ ба русӣ ва/ё тоҷикӣ ва баръакс).

Талабот ба номзад:

  • ҳадди ақал маълумоти олӣ дар самти муносибатҳои байналмилалӣ/иқтисодиёт/молия ва бонкдорӣ;
  • дониш ва/ё таҷрибаи корӣ дар самти муносибатҳои байналмилалӣ;
  • қобилияти баланди таҳлилӣ ва хулосабарорӣ, маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
  • пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ дар сатҳи баланд;
  • дониши хуби иқтисодиёт ва нишондиҳандаҳои он, сиёсати давлатӣ, малака ва маҳорати баланди кор дар компютер MS Office (Word, Excel, Power point);
  • маҳорати омода намудани мукотибот, ҳисобот, пайнавиштҳо, лоиҳаҳо, маърузанависӣ, ҳамчунин омода намудани графикҳо, диаграммаҳо ва ғ.
  • озодона ҳарф задан бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ. Ба донистани забонҳои дигар низ афзалият дода мешавад. Барои маҳорати таъмини тарҷумаҳои ҳамзамон (синхронный перевод) (аз забони англисӣ ба русӣ ва/ё тоҷикӣ ва баръакс) афзалият дода мешавад.*

*Дар ҳолати номувофиқ будани маълумоти олӣ дар сурати ҷой доштани чунин маҳорат, иштирокчии озмун бо дигар талаботҳо баҳогузорӣ карда мешавад.

IV

Мутахассиси дараҷаи I  шуъбаи  ҳамкорӣ

бо кишварҳои хориҷи дур (1 ҷой)

Вазифаҳо:

  • пешбурди муросилот ва ҳамкориҳо бо соҳторҳои Ҳукуматӣ, ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, намояндагиҳои хориҷӣ, бонкҳои тиҷоратӣ ва ғ.;
  • ташкили вохӯриҳои Роҳбарияти БМТ бо намояндагони хориҷӣ дар якҷоягӣ бо воҳидҳои сохтории дахлдор, омода намудани ҳисобот аз рӯи натиҷаҳои онҳо;
  • ташкил ва иштирок дар чорабиниҳои байналмилалӣ, иштирок дар барномаҳои омӯзишии байналмилалӣ;
  • ҷамъоварии маълумот ва омода намудани ҳисоботҳо ва маълумотномаҳо тибқи супоришҳои додашуда;
  • таъмини тарҷумаи ҳамзамон (синхронный перевод) ҳангоми гузаронидани вохӯриҳо (аз забони англисӣ ба русӣ ва/ё тоҷикӣ ва баръакс).

Талабот ба номзад:

  • ҳадди ақал маълумоти олӣ дар самти муносибатҳои байналмилалӣ/иқтисодиёт/молия ва бонкдорӣ;
  • дониш ва/ё таҷрибаи корӣ дар самти муносибатҳои байналмилалӣ;
  • қобилияти баланди таҳлилӣ ва хулосабарорӣ, маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
  • пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ дар сатҳи баланд;
  • дониши хуби иқтисодиёт ва нишондиҳандаҳои он, сиёсати давлатӣ, малака ва маҳорати баланди кор дар компютер MS Office (Word, Excel, Power point);
  • маҳорати омода намудани мукотибот, ҳисобот, пайнавиштҳо, лоиҳаҳо, маърузанависӣ, ҳамчунин омода намудани графикҳо, диаграммаҳо ва ғ.;
  • озодона ҳарф задан бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ. Ба донистани забонҳои дигар низ афзалият дода мешавад. Барои маҳорати таъмини тарҷумаҳои ҳамзамон (синхронный перевод) (аз забони англисӣ ба русӣ ва/ё тоҷикӣ ва баръакс) афзалият дода мешавад.*

*Дар ҳолати номувофиқ будани маълумоти олӣ дар сурати ҷой доштани чунин маҳорат, иштирокчии озмун бо дигар талаботҳо баҳогузорӣ карда мешавад.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 4 дона андозаи 3х4;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • нусхаи билети ҳарбӣ;
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).

Ҳуҷҷатҳо бо нишонии зерин қабул карда мешавад:

  • ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 38/1, Идораи кормандон
  • барои маълумот – тел: +992 (44) 600 32 32; +992 (44) 600 31 38

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 09.04 с.2021


Диданд: 1083

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ