Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2021
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,7%
  • 9,9%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал), млрд. сомонӣ
    23,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 05 феврали с.2021)11,00
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (Феврал)10,57
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2021
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-феврал)
    9,42
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-феврал)
    24,21
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-феврал)
    12,50
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    21,97
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,48




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 12.04.2021

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3277.75 3356.03
10 6468.52 6623.00
20 12790.96 13096.43
50 31739.19 32497.18
100 63313.61 64825.66

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Апрел      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    29 30 31 1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29 30 1 2
  • Яндекс.Метрика

Хушо, айёми Наврӯзи Аҷам шуд...

19.03.2021

19 марти соли 2021 дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки роҳбарият, кормандони бонк ва баргузории ҷаласаи идона таҷлил карда шуд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода чорабиниро ифтитоҳ карда, ҳозиринро бо фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз табрик намуд ва ба онҳо пеш аз ҳама тани сиҳат, саодатмандӣ ва файзу нусрати баҳорӣ таманно кард.

NBTL6914.JPG

“Наврӯз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо - тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз ба ҳисоб меравад, ки аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башарӣ, дӯстию иттиҳод, созандагӣ, ободкорӣ, инсонпарварӣ ва шукргузории бепоён аз неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам овардааст. Ба қавли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон, барҳақ, ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст. Ҳар кадоме аз ин ҷашнҳо таърихи беш аз 6000-сола дорад. Ва ин далел низ боиси ифтихори мост, ки Наврӯзи бостонӣ имрӯз ҷашни ҷаҳонӣ гаштааст”,-иброз дошт Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода.

NBTL6830.JPG

Воқеан, ин нукта низ аз ҷониби Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ба маврид зикр гардид, ки барои ҷашни ҷаҳонӣ гаштани Наврӯз саҳми Пешвои тоҷикони ҷаҳон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо назаррас аст, зеро ёздаҳ сол муқаддам, яъне 18 феврали соли 2010 бо кӯшиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияи 64-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси ҷашни байналмилалӣ эълон кардани Наврӯз қатънома қабул кард ва ҷашни фархундаи Наврӯз пас аз ҳазорсолаҳо ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфта, кунун дар саросари олам таҷлил карда мешавад.

NBTL6847.JPG

Зимни чорабинӣ таъкид карда шуд, ки имсол, дар ҳақиқат соли бузурги таърихист, зеро мо – мардуми тоҷик соли ҷорӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн хоҳем гирифт. Ҷашни Наврӯз ва ҷашни Истиқлол бо ҳамдигар пайванди амиқи ботинӣ доранд. Зеро, Наврӯзи аҷам, ки шиносномаи таъриху фарҳанги миллии мо буда, миллати тамаддунофари моро ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст, маҳз бо шарофати Истиқлоли воқеӣ мақоми ҷаҳониро соҳиб шудаву бо ин ҳама шукӯҳу шаҳомат дар сарзамини мо таҷлил мегардад. Бинобар ин, ба хотири таҷлили ин ду санаи фархунда ва рушду шукуфоии кишвар, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, афзун намудани дастовардҳои соҳибистиқлолии кишварамон аз ҳар як фарди бонангу номуси мамлакат тақозо мегардад, ки бунёдкорию созандагиро шиори ҳамарӯзаи зиндагии худ қарор дода, минбаъд низ бо неруи дучанд барои ободонии Ватани азизамон саъю талош намояд.

NBTL6859.JPG

“Наврӯз маҷмӯае аз андӯхтаҳои хирадмандонаи халқу миллати куҳанбунёди мост, ҷашнест, ки зиндагию рӯшноӣ, некию накукорӣ, сулҳу созандагиро ситоиш мекунад ва мақоми инсонро азизу гиромӣ медорад. Бахусус, ёд кардани гузаштагон ва дастгирии ниёзмандону дармондагон аз анъанаҳои хуби Наврӯз ба шумор мераванд, ки бояд ҳар яки мо дар адои ин суннати неки наврӯзӣ саҳмгузор бошем”, - таъкид дошт Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода.

NBTL6844.JPG

Маврид ба ёдоварист, ки роҳбарият ва Кумитаи иттифоқи касабаи Бонки миллии Тоҷикистон ин анъанаи неки ниёгонро идома бахшида, ба таври мунтазам дар арафаи Наврӯз ва дигар идҳои расмии кишвар ба Муассисаи давлатии “Хона-интернати беморони рӯҳии шаҳри Ҳисор” ва дигар шахсони ниёзманду оилаҳои камбизоат дасти мадад дароз мекунанд. Аз ҷумла, 18 марти соли ҷорӣ Бонки миллии Тоҷикистон барои 240 нафар бошандагони хона-интернати мазкур дастархони идона ороста, ба ҳар яки онҳо туҳфаҳои наврӯзӣ тақдим намуд.

Дар идомаи чорабинӣ сардори Шуъбаи тарҷумаи Дастгоҳи роҳбарияти бонк, узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасан Султон доир ба асолати ҷашни Наврӯз маърӯза қироат намуда, таърихи пайдоиш ва анъанаҳои неки онро бори дигар барои ҳозирин шарҳу тафсир намуд.

NBTL6793.JPG

Баъдан кормандони ҷавони бонк Абдулқайси Саидҷаббор, Фарзона Давлатова, Фаромуз Раҳмонзода ва Мадина Дилоева бадеҳахонии наврӯзӣ баргузор карда, дар васфи Наврӯзу баҳор шеърҳо суруданд.

Дар поёни ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бори дигар қадами файзрезу гулбези Наврӯзи фархундапайро муборакбод гуфта, орзу намуд, ки Наврӯзи оламафрӯз бо зебоию умедбахшии худ мардуми азизи кишварро ҳамеша ба сӯйи рӯзгори орому осуда, сулҳу субот ва ободии Тоҷикистони маҳбуб, зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳидоят намояд.

Шуъбаи матбуот


Диданд: 641

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ