Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2021
  • Таваррум дар моҳи март
    1,8%
  • 10,1%
  • Пулҳои захиравӣ (март), млрд. сомонӣ
    23,0
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 28 апрели с.2021)12,00
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (март)10,39
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2021
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-март)
    9,59
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-март)
    23,94
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-март)
    12,26
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (март)
    22,00
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (март)
    20,85




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 07.05.2021

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3359.17 3439.39
10 6631.36 6789.73
20 13116.64 13429.88
50 32553.39 33330.82
100 64942.02 66492.95

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Май      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 30 1 2
    3 4 5 6 7 8 9
    10 11 12 13 14 15 16
    17 18 19 20 21 22 23
    24 25 26 27 28 29 30
    31 1 2 3 4 5 6
  • Яндекс.Метрика

Ахбори иттилоотӣ оид ба вазъи бозори дохилии асъор

20.04.2021

Бонки миллии Тоҷикистон бо камоли масъулият изҳор менамояд, ки ҳамарӯза вазъияти бозори дохилии асъорро зери мушоҳидаю таҳлил ва назорати доимӣ қарор дода, барои таъмин намудани суботи бозори дохилии асъор ва муътадилии қурби пули миллӣ воситаю имконият ва захираҳои заруриро истифода бурда истодааст.

NBTL7108.JPG

Бонки миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати қонеъ гардонидани талаботи субъектҳои хоҷагидорӣ бо асъори хориҷӣ, таъмин намудани субот дар бозори дохилии асъор мудохилаи (интервенсия) асъориро анҷом диҳад.

NBTL7350.JPG

Ба ин васила, 19 апрели соли 2021 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо роҳбарии Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович ва роҳбарони аввали ташкилотҳои қарзии молиявӣ роҷеъ ба вазъи бозори дохилии асъор ҷаласа доир шуда, ташкилотҳои қарзии молиявӣ вазифадор гардиданд, ки илова бар маблағҳои мудохилаи навбатии Бонки миллии Тоҷикистон бо истифода аз тамоми воситаву имкониятҳои худ талаботи муштариёни худро бе ягон мамоният бо асъори хориҷӣ қонеъ намоянд.

NBTL7114.JPG

Тамоми шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ новобаста аз самти фаъолияташон, метавонанд дархостҳои худро ҷиҳати харидорӣ намудани асъори хориҷии (доллари ИМА) ғайринақдӣ ба ташкилотҳои қарзии молиявии хизматрасонашон пешниҳод намоянд.

NBTL7137.JPG

Ҳангоми пайдо гардидани арзу шикоятҳо доир ба сатҳу сифати хизматрасониҳои бонкӣ, аз ҷумла дар самти хариду фурӯши асъори хориҷии нақд ё беасос нафурӯхтани асъори нақд ва ё бо қурби баланд аз қурби фурӯш муқарраргардида фурӯхтани асъор ва муносибати дағалонаи кормандони ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз муштариён хоҳиш карда мешавад, ки оид ба корманди ташкилоти қарзии молиявӣ (бо нишон додани ному насаб ва вазифаи хизматии корманд), ки барои анҷом додани хизматрасонии бонкӣ монеа эҷод менамояд, ба телефонҳои боварии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва ба Бонки миллии Тоҷикистон бо телефонҳои 44 600 -15 -10, 44 600 -31-03, 44 600 – 15-20 муроҷиат намоянд.

NBTL7356.JPG


Шуъбаи матбуот


Диданд: 889

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ