- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2022
- Таваррум дар моҳи май0,7%
- 7,5%
- Пулҳои захиравӣ (май), млрд. сомонӣ30,1
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 25 октябри с.2021)13,25 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (май)12,49
- Меъёри фоизӣ дар соли 2022
(% солона) - Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-апрел)10,45
- Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-апрел)23,89
- Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-апрел)22,00
- Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (апрел)20,45
- Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (апрел)18,35
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 17.06.2022 1 USD 10.9023 1 EUR 11.3613 1 RUB 0.1770
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2020
- Соли молиявии 2019
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
Баррасӣ ва муҳокимаи Ҳафтаи Умумиҷаҳонии Пул-2021
29 апрели соли 2021 дар қароргоҳи Корпоратсияи байналмиалии молиявӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони бонкҳои марказии Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Украина ва шарикони байналмилалии молиявӣ бахшида ба баргузорӣ ва ҷамъбасти Ҳафтаи Умумиҷаҳонии Пул-2021 (Global Money Week-2021) видеоконфронс доир гардид.
Дар оғози видеоконфронс роҳбари Намояндагии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон Фаррух Султонов суханронӣ карда, таъкид намуд, ки ҳадафи мулоқоти имрӯза тақвияти бештари ҳамкорӣ ва табодули таҷриба байни бонкҳои марказӣ ва шарикони байналмилалии молиявӣ дар самти ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои гуногуни сатҳи байналмилалӣ мебошад. Махсусан, шиносоӣ бо ҷараён ва хусусиятҳои хоси баргузории Ҳафтаи Умумиҷаҳонии Пул-2021 дар ҳар давлат барои иштирокдорони видеоконфронси имрӯза манфиатовар хоҳад буд.
Зикр карда шуд, ки баргузории Ҳафтаи Умумиҷаҳонии Пул-2021 барои ҳар як давлат муҳим аст ва он ба баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ, рӯҳбаланд кардани кӯдакон ва ҷавонон барои нигоҳубини пул ва дар ниҳоди онҳо сайқал додани малакаи соҳибкорӣ мусоидат менамояд, зеро дар шароити кунунӣ ҷалби кӯдакон ва ҷавонон ба бахши молиявӣ аҳамияти муҳим касб кардааст.
Ҳамин тавр, дар хусуси баргузории Ҳафтаи Умумиҷаҳонии Пул-2021 дар Тоҷикистон сардори Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии Бонки миллии Тоҷикистон Улуғбек Бозоров ба иштирокчиёни видеоконфронс маълумот дода, пеш аз ҳама зикр кард, ки бонкҳои марказии давлатҳои минтақа дар ҳамдастӣ бо Гурӯҳи бонки ҷаҳонӣ тавонистанд дар доираи баргузории Ҳафтаи Умумиҷаҳонии Пул иқдомоти зиёдеро дар самти рушди зерсохтори молиявии кишварҳо амалӣ намоянд.
Аз ҷумла, барномаи “Баланд бардоштани саводи молиявии аҳолӣ”, ки соли 2014 дар доираи лоиҳаи “Рушди зерсохтори молиявӣ дар Озарбойҷон ва Осиёи Марказӣ” таҳия гардида, то ба имрӯз амалӣ шуда истодааст, метавонад намунаи ҳамкории муваффақ байни бонкҳои марказии кишварҳо ва шарикони молиявии байналмилалӣ бошад. Барномаи мазкур, ки дар доираи он чорабиниҳои зиёди омӯзишӣ, машваратӣ, таблиғотӣ-ташвиқотӣ баргузор карда шуд, барои баланд бардоштани саводи молиявии аҳолӣ такони ҷиддӣ бахшид.
Сардори Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин аз барномаи дигар оид ба баланд бардоштани сатҳи саводи молиявии рақамии аҳолӣ ва коркарди барномаи маълумоти устувори молиявӣ ёдовар шуд, ки он низ аз ҷониби бонкҳои марказӣ ва шарикони молиявии байналмилалӣ бомуваффақият татбиқ гардида истодааст.
Дар рафти видеоконфронс инчунин, Фараҳ Алиева-мутахассиси шуъбаи саводнокии молиявии Бонки марказии Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷамила Токмамбетова-сармутахассиси шуъбаи саводнокии молиявии Бонки миллии Қирғизистон, Елена Тригуб-мутахассиси раёсати робита бо ҷомеа ва саводнокии молиявии департаменти алоқаи Бонки миллии Украина ва Камила Иброҳимова-сардори департаменти саводнокии молиявии Бонки миллии Ӯзбекистон суханронӣ намуда, оид ба ҷараёни баргузории Ҳафтаи Умумиҷаҳонии Пул дар кишварҳои худ маълумот доданд.
Ҳамчунин, иштирокчиёни видеоконфронс доир ба масъалаҳои гуногуни вобаста ба ҳамкории минбаъдаи муштарак дар доираи татбиқи лоиҳаву барномаҳои фаромиллӣ, аз ҷумла боз ҳам самаранок ва ҳадафмандона баргузор кардани Ҳафтаи Умумиҷаҳонии Пул ибрози андеша намуда, таъкид доштанд, ки дар ин самт шарикони байналмилалии молиявӣ, махсусан Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ҳамчун ташаббускор ва ҳамоҳангсоз метавонад саҳми назаррас гузорад.
Дар поёни видеоконфронс роҳбари лоиҳаҳои Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Аврупо, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ Зарина Одинаева ҷараёни баргузории Ҳафтаи Умумиҷаҳонии Пул-2021 ва мулоқоти имрӯзаро натиҷагирӣ намуда, дар ин самт табодули афкор байни кишварҳо ва созмонҳои молиявӣ оид ба таҷрибаҳои баргузории чорабинии мазкурро муҳим арзёбӣ намуд.
Ёдовар мешавем, ки Ҳафтаи Умумиҷаҳонии Пул-2021 (Global Money Week-2021) дар Тоҷикистон ҳар сол аз 1 то 30 апрел таҳти унвони «Моҳи саводнокии молиявӣ» аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ва созмонҳои шарик доир гардида, ҳадафи асосии он баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ, омӯзиши тақсимоти оқилонаи буҷаи худ ва оила, оқилона истифода бурдани пул, фикр кардани ояндаи худ, барои худ ва оила пул кор кардан мебошад.
Дар доираи баргузории маъракаи мазкур ташкилотҳои қарзии молиявии Тоҷикистон оид ба саводнокии молиявӣ барои хонандагон ва донишҷӯён семинару тренинг ва экскурсияҳо ташкил намуда, тариқи ВАО барномаҳои зиёди маърифатӣ таҳия ва пахш карда мешаванд.
Инчунин, дар ин моҳ Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо шарикон барои мактаббачагону донишҷӯён озмунҳо дар мавзӯи саводнокии молиявӣ, аз ҷумла “Расми беҳтарин”, “Видеои беҳтарин” ва “Беҳтарин флеш-моб”-ро баргузор менамояд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 577
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Э.Раҳмон
- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қонунигардонии маблағҳо
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ