Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2021
  • Таваррум дар моҳи июл
    0,4%
  • 9,1%
  • Пулҳои захиравӣ (июл), млрд. сомонӣ
    23,7
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 02 августи с.2021)13,00
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (июл)11,23
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2021
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-июл)
    10,38
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-июл)
    23,82
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-июл)
    12,30
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (июл)
    22,19
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (июл)
    21,75




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 13.09.2021

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3 371.31 3 451.82
10 6 655.64 6 814.59
20 13 165.19 13 479.60
50 32 674.77 33 455.10
100 65 184.78 66 741.51

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Сентябр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    30 31 1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 1 2 3
  • Яндекс.Метрика

Мулоқоти Раиси БМТ бо роҳбарияти ширкати “Giesecke+Devrient”

01.07.2021

29 июни соли 2021 Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло ноиби кулли Президенти ширкати “Giesecke+Devrient” ҷаноби Вернер Рейш ва ноиби Президенти ширкат оид ба фурӯши банкнотаҳо ҷаноби Аркадий Ноткинро ба ҳузур пазируфт.

NBTL1150.JPG

Дар оғози мулоқот Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода доир ба ҳамкории пурмаҳсули Бонки миллии Тоҷикистон ва ширкати “Giesecke+Devrient” дар самти барориши пулҳои коғазӣ ва дигар маҳсулоти бозори молиявӣ суханронӣ намуда, қаноатмандии хешро аз сатҳи ҳамкории мутақобилан судманд изҳор дошт.

“Ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон бо ширкати “Giesecke+Devrient” соли 1999 бо имзои шартномаи чопкунии пули коғазии миллии “Сомонӣ” оғоз гардида, зиёда аз 22 сол мешавад, ки Бонки миллии Тоҷикистон пулҳои коғазиро дар ширкати “Giesecke+Devrient” чоп менамояд. Боиси қаноатмандист, ки тӯли ин солҳо Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ширкати “Giesecke+Devrient” дар самти такмили унсурҳои ҳимоявии пулҳои коғазии “Сомонӣ” ва таъмини бехатарии он корҳои зиёдеро анҷом додаанд”, - таъкид дошт Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода.

NBTL1155.JPG

Зимни вохӯрӣ инчунин, масъалаҳои ҳамкории дуҷониба оид ба такмили минбаъдаи унсурҳои ҳимоявии пулҳои коғазии “Сомонӣ” баррасӣ гардида, аз ҷониби намояндагони ширкат қайд карда шуд, ки баъд аз ворид намудани унсурҳои нави ҳимоявӣ аз қабили “Тасмачаи голографӣ”, “Дизайни ҳимоявии лазерӣ”, “Нишони Бонки миллии Тоҷикистон” ва “Нишони обӣ” пули коғазии “Сомонӣ” аз ҷиҳати бехатарӣ ба қатори пулҳои дигар давлатҳои пешрафта шомил гардид.

Ҳамчунин, намояндагони ширкати “Giesecke+Devrient” дастовардҳои худро дар самти таъсиси кори Хазинаи марказии ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ барои бонкҳои марказӣ ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ, бо технологияҳои муҳофизативу назоратӣ муҷаҳҳаз гардонидани он ва таҷҳизоти нави ҳисобкунию ба навъҳо ҷудокунандаи пул муаррифӣ карданд.

NBTL1178.JPG

Дар анҷоми мулоқот Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода қаноатмандии хешро аз корҳои то ин дам анҷомдода изҳор дошта, таъкид намуд, ки дар оянда ҳамкориҳо байни Бонки миллии Тоҷикистон ва ширкати “Giesecke+Devrient” боз ҳам тақвият хоҳад ёфт.

Ёдовар мешавем, ки ширкати олмонии “Giesecke+Devrient” яке аз ширкатҳои дар сатҳи ҷаҳон эътирофшудаю пешқадам оид ба истеҳсоли таҷҳизот барои бароришу коркарди пулҳои коғазӣ ва коғазҳои қиматнок мебошад, ки бонкҳои марказӣ ва ташкилотҳои қарзии тиҷоратии беш аз 70 давлати ҷаҳон аз хизматрасонии он дар самти барориши пулҳои коғазӣ, такмили унсурҳои ҳимоявии пул ва бунёди хазинаҳои муосири марказӣ истифода мекунанд.

Шуъбаи матбуот


Диданд: 629

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ