Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 19.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3898.27 3977.03
10 7677.05 7832.15
20 15220.64 15528.13
50 37822.25 38586.33
100 75525.14 77050.90

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Баррасии вазъи низоми бонкӣ дар нимсолаи якум ва нақшаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2021

21.07.2021

16 июли соли 2021 таҳти роҳбарии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким ва ҳузури Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло, муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин, муовинони Раиси БМТ Толибзода Фирдавс, Ёқубзода Мирҳаёт ва роҳбарони ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар ҷаласаи васеъ оид ба таҳлили вазъи низоми бонкӣ дар нимсолаи якум ва нақшаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2021 баргузор гардид.

NBTL1595.JPG

Ҷаласаро Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким ифтитоҳ намуда, доир ба фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ва нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар дар нимсолаи якуми соли 2021 маълумот дод.

Холиқзода Ҳоким таъкид дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории соҳавӣ ва вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, инчунин дар ҳамоҳангӣ бо Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 ва давраи миёнамуҳлат роҳандозӣ намуда истодааст.

Дар иртибот ба ин, Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи босамари сиёсати пулию қарзӣ, солимгардонии низоми бонкӣ, мусоидат дар таъмини суботи молиявӣ, рушди устувори иқтисодиёти миллӣ ва пешгирии пайомадҳои манфии пандемияи коронавирус (COVID-19) ба иқтисодиёти миллӣ ва низоми молиявии кишвар як қатор тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, баҳри ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои назарраси мусбӣ пайваста тадбирҳо меандешад.

Зимни суханронии хеш Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким тамоми паҳлуҳои фаъолияти низоми бонкии кишварро таҳлил карда, дастоварду масъалаҳои ҳалталаби ҳар як самтро муфассал шарҳу тавзеҳ дод.

Аз ҷумла, таъкид гардид, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дар нимсолаи якуми соли 2021 ба 39,9 млрд. сомонӣ расида, рушди воқеии он 8,7 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 5,2 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Сатҳи таваррум дар моҳҳои январ – июни соли 2021 3,9 фоизро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 ба андозаи 0,4 банди фоизӣ паст аст.

“Беҳтар гардидани идоракунии корпоративӣ фаъолияти молиявӣ, доираи хизматрасониҳои бонкӣ ва сатҳу сифати хизматрасониҳои ташкилотҳои қарзиро боз ҳам хубтар намуд. Омилҳои мазкур боис гардид, ки натиҷаи фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар охири нимсолаи якуми соли 2021 бо фоида ба маблағи 267,6 млн. сомонӣ ҷамъбаст шуд ва ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 ба андозаи 76,6 фоиз зиёд мебошад. Даромаднокии дороиҳои низоми бонкӣ дар ин давра 2, 5 фоиз ва даромаднокии сармояи он 11,5 фоизро ташкил карданд”,- қайд кард Ҳоким Холиқзода.

NBTL1547.JPG

Ба ин тартиб, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким тамоми самтҳои фаъолияти низоми бонкии кишвар, аз ҷумла гардиши пул дар бозор, коҳиш додани хавфҳои асъорию қурбӣ, фаъолгардонии бозори молиявӣ ва идомаи бомуваффақияти солимгардонии низоми бонкии кишварро дар алоҳидагӣ натиҷагирӣ карда, вобаста ба ҳар як бахшҳо мулоҳизаҳои худро ҷиҳати беҳтар кардани фаъолият баён дошт.

Яке аз нишондиҳандаҳое, ки эътимод ва боварии аҳолиро ба низоми бонкӣ арзёбӣ менамояд, ин ҷалби амонат ва пасандозҳо мебошад. Дар ин маврид Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода гуфт, ки сарфи назар аз бозхонди иҷозатномаҳои ду бонк, бақияи пасандозҳои низоми бонкӣ дар давраи ҳисоботӣ 9,7 млрд. сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 17,7 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Бинобар маълумоти пешниҳодгардида, дар нимсолаи якуми соли 2021 ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 6,5 млрд. сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 64 фоиз афзоиш ёфтааст.

Дар нимсолаи якуми соли 2021 саҳми низоми бонкии кишвар дар ғанигардонии буҷети давлатӣ назаррас арзёбӣ гардида, дар маҷмӯъ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба маблағи 373,3 млн. сомонӣ андозҳо ба буҷети давлатӣ пардохт гардидаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба нимсолаи соли гузашта     25,0 фоиз ё 74,7 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Инчунин, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким аз қабули Қонуни ҶТ “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони ҶТ” ёдовар шуда, хотирнишон кард, ки мақсади қонун фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояи шаҳрвандон ба иқтисоди миллӣ, таъмин намудани шаффофият, коҳиш додани ҳиссаи иқтисоди пинҳонӣ, бозгардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисоди миллӣ, фаъол намудани сармоягузорӣ барои рушди соҳибкорӣ муқаррар шудааст ва ташкилотҳои қарзиро зарур аст, ки бо назардошти ин нукта, фаъолияти худро ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҷалби бештари амонату пасандоз ба роҳ монанд.

Ҳамин тавр, баъди аз ҷониби роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон таҳлил ва натиҷагирӣ гардидани фаъолияти низоми бонкӣ, директори Департаменти назорати бонкӣ Шарипов Фирӯз оид ба нишондиҳандаҳои асосии низоми бонкӣ, директори Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор Қаюмов Олим оид ба татбиқи сиёсати қурби асъор, директори Департаменти мониторинги молиявӣ Мирзоалиев Ҳалим оид ба мониторинги фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ, директори Департаменти технологияҳои иттилоотӣ Ғаниев Дилшод оид ба вазъи низомҳои иттилоотӣ, сардори Идораи низоми пардохт Абдусаломов Олим оид ба татбиқи сиёсати самараноки низоми пардохт ва сардори Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ Бозоров Улуғбек оид ба баҳогузории хизматрасониҳои низоми бонкӣ рӯнамоии васеъ манзур намуданд.

NBTL1511.JPG

Дар идомаи ҷаласа иштирокчиён вобаста ба паҳлуҳои гуногуни масъалаҳои баррасигардида, тавсияҳои Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти низоми бонкӣ фикру мулоҳизаҳои худро баён карда, таклифу пешниҳодҳо ироа намуданд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло оид таҳлили вазъи низоми бонкӣ дар нимсолаи якуми соли 2021 фикру андешаҳои худро баён карда, иброз дошт, ки новобаста аз маҳдудиятҳои бо пандемияи коронавирус (COVID-19) алоқаманд ва афзоиши фишорҳои берунӣ низоми бонкии кишвар фаъолияти худро бо нишондиҳандаҳои мусбат ҷамъбаст намудааст ва ин аз пешбурди сиёсати дурусту самараноки танзимгари соҳа шаҳодат медиҳад.

“Агар нишондиҳандаҳои нимсолаи якуми соли 2021-ро бо нишондиҳандаҳои ҳамин давраи соли гузашта муқоиса намоем, маълум мегардад, ки натиҷаҳо хуб шуда истодаанд ва фаъолияти низоми бонкӣ мусбат мебошад, аммо барои расидан ба ҳадафҳои стратегии аз ҷониби Пешвои миллат гузошташуда, кор бояд боз ҳам ҷоннок карда шавад. Махсусан, таъмини дастрасии васеи аҳолӣ, хосатан бахши соҳибкории истеҳсолӣ ба қарз бояд аз афзалиятҳои фаъолияти низоми бонкии кишвар бошад”, - таъкид намуд Ҳикматуллозода Неъматулло.

Пас аз муҳокимарониҳо, нақшаҳои минбаъда барои нимсолаи дуюми соли 2021 муайян карда шуд. Аз ҷумла, андешидани чораҳои мушаххас ҷиҳати таъмини эътимоднокии аҳолӣ ба низоми бонкӣ, тақвияти самаранокии низоми идоракунии корпоративӣ, такмил ва таҷдиди сиёсати қарздиҳӣ, чораандешӣ барои беҳтар гардидани сатҳу сифати хизматрасониҳои бонкӣ, тадбирандешӣ барои вусъат ёфтани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, кам кардани сатҳи қарзҳои ғайрифаъол ва ҷалби бештари сармоягузориҳо ба низоми бонкӣ аз ҳадафҳои афзалиятнок барои минбаъда номида шуд.

Зимни ҷамъбасти ҷаласа, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким миннатдории ҳамаи кормандони низоми бонкиро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии доимии низоми бонкӣ ва дастуру ҳидоятҳои муфид ҷиҳати рушди бемайлони иқтисодиёти кишвар изҳор намуда, аз ҳозирин даъват кард, ки дар арафаи таҷлили сиюмин солгарди истиқлолияти давлатӣ соли ҷориро бо дастовардҳои арзанда ҷамъбаст намуда, дар таъмини рушди устувори иқтисодиёти миллӣ нақши босазо гузоранд.

Шуъбаи матбуот


Диданд: 1615

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ