Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2021
  • Таваррум дар моҳи октябр
    1,0%
  • 8,7%
  • Пулҳои захиравӣ (октябр), млрд. сомонӣ
    24,4
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 25 октябри с.2021)13,25
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (октябр)12,48
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2021
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-октябр)
    10,55
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-октябр)
    23,94
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-октябр)
    12,30
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (октябр)
    22,09
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (октябр)
    21,65




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 03.12.2021

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3 320.68 3 399.98
10 6 554.39 6 710.92
20 12 962.68 13 272.26
50 32 168.51 32 936.75
100 64 172.25 65 704.80

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Июл      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    28 29 30 1 2 3 4
    5 6 7 8 9 10 11
    12 13 14 15 16 17 18
    19 20 21 22 23 24 25
    26 27 28 29 30 31 1
  • Яндекс.Метрика

Баррасии масъалаҳои марбут ба баҳодиҳии хавфҳои минтақавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

06.08.2021

Мутобиқи Нақшаи кории Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (ГАО) барои соли 2021 ва нақшаи гузаронидани баҳодиҳии хавфҳои минтақавии қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм аз 3 то 5 августи соли 2021 дар Бонки миллии Тоҷикистон гурӯҳи кории ин ниҳоди байналмилалӣ бо намояндагони бахши давлатӣ ва хусусии кишвар вохӯриҳо анҷом дод.

NBTL2259.jpg

Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом вохӯриҳои намояндагони мақомоти дахлдори давлатӣ ва бахши хусусиро бо коршиносони ГАО ташкил намуд, аз ҷумла:

  • 3-юми августи соли 2021 – бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ (Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон);

  • 4-уми августи соли 2021 – бо намояндагони мақомоти назоратӣ (Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон);

  • 5-уми августи соли 2021 – бо намояндагони бахши хусусӣ (ташкилотҳои қарзӣ ва суғуртавӣ, корхонаҳо ва ихтисосҳои ғайримолиявии муқарраршуда).

NBTL2264.jpg

Ҳадаф аз ин вохӯриҳои сайёр, ҷамъоварии маълумоти иловагӣ ва муҳокимаи ихтилофоти назар аз натиҷаи баҳогузории хавфҳои минтақавӣ бо намояндагони дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин саҳеҳ кардани дараҷаи алоқамандии онҳо ва баланд бардоштани воқеияти хулосаҳои қаблан исролшудаи бахшҳои давлатии кишвар маҳсуб меёбад.

NBTL2303.JPG

Ёдовар мешавем, ки дар заминаи пурсиши ҷониби ГАО баҳодиҳии хавфҳои минтақавӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм қаблан аз ҷониби мақомоти марбутаи кишвар гузаронида шуда, дар ҷараёни вохӯриҳо хулосаи мутавассити хавфҳои минтақавӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима карда шуд.

Тибқи тартиби дохилии Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, бо мақсади коҳиш додани хавфҳои муайяншудаи минтақавӣ аз натиҷаи вохӯриҳо ҳисоботи баҳодиҳии хавфи минтақавӣ таҳия ва дар ҷаласаи навбатии Пленарии ГАО муҳокимаронӣ карда мешавад.

NBTL2344.JPG

Бояд қайд намуд, ки дар доираи лоиҳаи “Баҳодиҳии хавфи минтақавӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм” коршиносони ГАО дар баробари баҳодиҳии хавфҳои минтақавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин вохӯриҳоро дар ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Беларус ва Федератсияи Русия низ дар ин самт давра ба давра мегузаронанд.


Диданд: 497

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ