- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2022
- Таваррум дар моҳи апрел0,7%
- 7,3%
- Пулҳои захиравӣ (апрел), млрд. сомонӣ28,4
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 25 октябри с.2021)13,25 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (март)12,24
- Меъёри фоизӣ дар соли 2022
(% солона) - Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-март)10,32
- Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-март)24,08
- Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-март)-
- Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (март)20,59
- Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (март)18,75
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 18.05.2022 1 USD 12.4950 1 EUR 13.1635 1 RUB 0.1660
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2020
- Соли молиявии 2019
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
Эълони Озмун
БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин
ОЗМУН
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Департаменти аудити дохилӣ
I
Сараудитор – директори Департамент (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилот: олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бонкӣ;
- доштани таҷрибаи кории на камтар аз 5-сол (на камтар аз 3-сол дар вазифаҳои роҳбарикунанда) дар соҳаи ҳисобдорӣ ва аудити бонкӣ;
- доштани сертификати касбии соҳаи аудит ва ҳисобдорӣ (CIPA, CPA, CIA, ACCA, CAP ва ғ.)
- донистани стандартҳои байналмилалии касбии аудити дохилӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ;
- доштани маҳорати баланди идоракунӣ, салоҳиятнокӣ, масъулият ва одоби касбӣ;
- доштани таҷрибаи кофии ҳамкорӣ бо аудиторони берунӣ;
- маҳорати баланди ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
- донистани забони давлатӣ (тоҷикӣ) ва забонҳои русию англисӣ – ҳатмӣ;
- малакаи кор дар компютер, донистани MS Office - (Word, Excel, Power Point) - ҳатмӣ.
II
Сардори бахши аудити технологияҳои иттилоотӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилот: олии иқтисодӣ, молиявӣ, техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ;
- донистани стандартҳои байналмилалӣ, расмиёт ва методҳои аудити дохилӣ;
- донистан ва фаҳмидани моделҳо ва стандартҳои байналмилалии аудити дохилӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва амнияти иттилоотӣ;
- донистани низоми назорати дохилӣ ва идоракунии хавфҳо, фаҳмидани принсипҳои ба роҳ мондани низоми назорати дохилӣ бо ёрии воситаҳои технологияҳои иттилоотӣ;
- доштани малакаи таҳлили амнияти иттилоотӣ, донистани қоидаҳо ва стандартҳои амнияти технологияҳои иттилоотӣ;
- доштани малакаи гузаронидани ташхиси равандҳои кории технологияҳои иттилоотӣ, низоми иттилоотӣ ва низоми назорати дохилии технологияҳои иттилоотӣ;
- доштани малакаи таҳияи методологияҳои аудити дохилӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва амнияти иттилоотӣ;
- доштани малакаи зарурии истифодаи таъминоти барномавӣ дар раванди иҷрои расмиёти аудиторӣ;
- донистани стандартҳои байналмилалии СOBIT, COSO, ITIL, TOGAF, ISO 27001 ва ғайра;
- доштани сертификатҳои байналмилалӣ дар соҳаи аудити технологияҳои иттилоотӣ (CISA), амнияти иттилоотӣ (CISM), технологияҳои иттилоотӣ (CGEIT/COBIT/TOGAF/ITIL) ва аудити дохилӣ (CIA) – афзалият дорад;
- доштани таҷрибаи кории на камтар аз 3 сол дар соҳаи аудити технологияҳои иттилоотӣ дар бонкҳо, муассисаҳои молиявӣ ё ширкатҳои аудиторӣ;
- донистани забони давлатӣ (тоҷикӣ) ва забони русӣ – ҳатмӣ, донистани забони англисӣ – афзалият дорад;
III
Аудитори дараҷаи I - шуъбаи аудити молиявӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзадҳо:
- таҳсилот: олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бонкӣ;
- маҳорати баланди ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
- донистани стандартҳои аудити дохилӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ;
- доштани сертификати САР (Муҳосиби амалии сертификатдор) ҳатмӣ, сертификати СРА (Муҳосиби ҷамъиятии сертификатдор) ё СIA (Аудитори дохилии сертификатдор) - афзалият дорад;
- доштани донишу малакаи кофӣ дар соҳаи аудити бонкӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ, ҳисоботи молиявӣ ва андозу андозбандӣ;
- малакаи кор дар компютер, донистани MS Office - (Word, Excel, PowerPoint)-ҳатмӣ;
- донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва забони русӣ – ҳатмӣ, донистани забони англисӣ – афзалият дорад;
- доштани таҷрибаи кории на камтар аз 3 сол дар соҳаи бонкӣ ё дар ширкатҳои аудиторӣ ва дигар соҳаҳои ба фаъолияти аудиторӣ алоқаманд.
IV
Аудитори дараҷаи II шуъбаи ташкил ва ҷамъбасти
фаъолияти аудиторӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилот: олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бонкӣ;
- маҳорати баланди ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
- донистани стандартҳои аудити дохилӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ;
- доштани сертификати САР (Муҳосиби амалии сертификатдор), СРА (Муҳосиби ҷамъиятии сертификатдор) ё СIA (Аудитори дохилии сертификатдор) - афзалият дорад;
- доштани донишу малакаи кофӣ дар соҳаи аудити бонкӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ, ҳисоботи молиявӣ ва андозу андозбандӣ;
- малакаи кор дар компютер, донистани MS Office - (Word, Excel, PowerPoint)-ҳатмӣ;
- донистани забони давлатӣ (тоҷикӣ) ва забони русӣ – ҳатмӣ, донистани забони англисӣ – афзалият дорад;
- доштани таҷрибаи кории на камтар аз 3 сол дар соҳаи бонкӣ ё дар ширкатҳои аудиторӣ ва дигар соҳаҳои ба фаъолияти аудиторӣ алоқаманд.
V
Аудитори дараҷаи III бахши аудити технологияҳои иттилоотӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилот: олии иқтисодӣ, техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ;
- доштани таҷрибаи корӣ дар соҳаи технологияи иттилоотии бонкӣ (маъмурикунонии низомҳои иттилоотӣ);
- донистану фаҳмидани моҳияти СOBIT, COSO, ITIL ва ғайра - афзалият дорад;
- донистани забони давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ – ҳатмӣ, донистани забони англисӣ – афзалият дорад;
- таҷрибаи кории на камтар аз 2 сол дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ дар бахшҳои аудити дохилӣ ё берунӣ.
Идораи низоми пардохт
VI
сармутахассиси шуъбаи таҳлил ва рушди
хизматрасониҳои молиявии рақамӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- маълумоти олии иқтисодӣ, молиявӣ ё техникӣ;
- донистани қонунгузорӣ ва таҷрибаи байналмилалӣ дар соҳаи бонкӣ, хизматрасониҳои пардохтӣ, низомҳои пардохтӣ ва технологияҳои молиявӣ;
- қобилияти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ, хулосабарорӣ ва ибрози андеша;
- малакаи зарурии корӣ бо барномаҳои компютерӣ Ms Office ва дигар барномаҳо;
- маҳорати омода намудани мукотибот, ҳисобот, маърӯза, ҳамчунин омода намудани ҷадвалҳо, диаграммаҳо, рӯнамо ва гайра;
- доштани собиқаи корӣ на камтар аз 3 сол дар низоми бонкӣ дар самти татбиқи хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, дастгирии фаъолияти низомҳои пардохтӣ, технологияҳои молиявии рақамӣ;
- донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ), англисӣ ва русӣ ҳатмӣ.
VII
Мутахассиси дараҷаи I шуъбаи таҳлил ва рушди
хизматрасониҳои молиявии рақамӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- маълумоти олии иқтисодӣ, молиявӣ ё техникӣ;
- дониши кофӣ дар самти татбиқи хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, дастгирии фаъолияти низомҳои пардохтӣ, технологияҳои молиявии рақамӣ;
- қобилияти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ, хулосабарорӣ ва ибрози андеша;
- малакаи зарурии корӣ бо барномаҳои компютерӣ Ms Office ва дигар барномаҳо;
- маҳорати омода намудани мукотибот, ҳисобот, маърӯза, ҳамчунин омода намудани ҷадвалҳо, диаграммаҳо, рӯнамо ва гайра;
- донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ), англисӣ ва русӣ ҳатмӣ.
IX
Мутахассиси пешбари шуъбаи пардохтҳои байнибонкӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- маълумоти олии иқтисодӣ, молиявӣ ё иқтисодӣ - техникӣ;
- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҷрибаи байналмилалӣ оид ба соҳаи бонкӣ, фаъолияти низомҳои пардохтӣ, қоида ва хусусиятҳои фаъолияти низомҳои пардохтӣ;
- қобилияти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ, хулосабарорӣ ва ибрози андеша;
- малакаи зарурии корӣ бо барномаҳои компютерӣ Ms Office ва дигар барномаҳо;
- маҳорати омода намудани мукотибот, ҳисобот, маърӯза, ҳамчунин омода намудани ҷадвалҳо, диаграммаҳо, рӯнамо ва гайра;
- доштани собиқаи корӣ на камтар аз 3 сол дар низоми бонкӣ, дастгирии фаъолияти низомҳои пардохтӣ, донистани раванди амалиётҳои ҳисоббаробаркунӣ ва клирингӣ;
- донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ), англисӣ ва русӣ ҳатмӣ.
Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар ш.Кӯлоб
Шуъбаи назорати бонкӣ
X
Ҳуқуқшинос (шартномавӣ) (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилоти олии ҳуқуқӣ;
- доштани собиқаи кори ҳуқуқӣ на камтар аз 2 сол;
- дониши хуби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус бонкӣ, гражданӣ, мурофиавӣ, меҳнатӣ, ҷиноятӣ ва дигар;
- маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пешбурдани муросилот бо забони давлатӣ ва русӣ;
- таҷрибаи кории таҳияи шартномаҳо, иштирок дар мурофиаҳои судӣ, гуфтушунидҳо, инҷунин ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо;
- малакаи кор дар компютер, донистани барномаҳои MS Office (Word, Excel, Power Point)
- донистан ва озод ҳарф задан бо забони давлатӣ ва русӣ – ҳатмӣ;
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
- маълумотнома (справка-объективка);
- варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
- тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
- расм 2 дона андозаи 3х4;
- нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
- нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
- маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
- нусхаи билети ҳарбӣ;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:
- ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 38/1, Идораи кормандон
- Барои маълумот - тел: + 992 (44) 600-32-32; +992 (44) 600-31-38
- Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 17.09 c.2021
Диданд: 1581
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Э.Раҳмон

- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қонунигардонии маблағҳо
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ