- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2022
- Таваррум дар моҳи декабр0,2%
- 4,2%
- Пулҳои захиравӣ (декабр), млрд. сомонӣ38,4
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 01 ноябри с.2022)13,0 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (декабр)11,49%
- Меъёри фоизӣ дар соли 2022
- Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-декабр)10,43 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-декабр)23,34 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-декабр)16,15 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (декабр)19,97 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (декабр)17,57 %
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 30.01.2023 1 USD 10.2854 1 EUR 11.1843 1 RUB 0.1470
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2021
- Соли молиявии 2020
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
Созишномаи Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки марказии Федератсияи Россия
14 сентябри соли 2021 Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва муовини Раиси Бонки марказии Федератсияи Россия Руслан Вестеровский Созишнома дар бораи ҳамкории мутақобилаи Бонки марказии Федератсияи Россия ва Бонки миллии Тоҷикистон дар масъалаи муқовимат ба ҳамлаҳои компютериро имзо намуданд.
Дар оғози маросими имзои Созишнома, ки тариқи фосилавӣ баргузор гардид, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода аз ҳамкории пурсамари Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Федератсияи Россия тавсиф намуда, таъкид дошт, ки Федератсияи Россия яке аз шарикони аслии Тоҷикистон дар бахши тиҷорату савдо, бонкдорӣ ва сармоягузорӣ ба шумор меравад.
“Имзои Созишнома дар бораи ҳамкории мутақобилаи Бонки марказии Федератсияи Россия ва Бонки миллии Тоҷикистон дар масъалаи муқовимат ба ҳамлаҳои компютерӣ иқдоми саривақтӣ ва зарурӣ ҷиҳати ҳимояи низоми бонкии ҳар ду кишвар аз хатарҳои иттилоотӣ буда, барои ташкили ҳамкории самаранок дар ин самт заминаи мусоид фароҳам меорад”-иброз намуд Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода.
Муовини Раиси Бонки марказии Федератсияи Россия Руслан Вестеровский зимни суханронии хеш аз равобити мустаҳкам ва мутақобилан судманди Бонки марказии Федератсияи Россия ва Бонки миллии Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуда, таъкид дошт, ки имрӯз ин ду бонк дар аксар бахшҳо ҳамкории пурсамарро роҳандозӣ намудаанд ва ҳамгироии Низоми пардохтии “Корти миллӣ” ва НМКП “Мир”-ро намунаи барҷастаи ин ҳамкорӣ муаррифӣ намуд.
“Таҳия ва имзои Созишнома дар бораи ҳамкории мутақобилаи Бонки марказии Федератсияи Россия ва Бонки миллии Тоҷикистон дар масъалаи муқовимат ба ҳамлаҳои компютерӣ ба манфиати низоми бонкии ҳар ду кишвар буда, иқдоми саривақтӣ мебошад”,- зикр намуд муовини Раиси Бонки марказии Федератсияи Россия Руслан Вестеровский.
Тақвияти амнияти иттилоотӣ, таҳияи стратегия оид ба мушаххассозии омилҳои ҳамлаҳои компютерӣ, муқовимат бо ҳамлаҳои компютерӣ ва бартараф намудани оқибатҳои он ба низомӣ бонкӣ аз муҳимтарин вазифаҳои бонкҳои марказии муосир ба ҳисоб меравад, ки Созишнома дар бораи ҳамкории мутақобилаи Бонки марказии Федератсияи Россия ва Бонки миллии Тоҷикистон дар масъалаи муқовимат ба ҳамлаҳои компютерӣ фаро гирифтааст.
Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки имзои Созишнома дар бораи ҳамкории мутақобилаи Бонки марказии Федератсияи Россия ва Бонки миллии Тоҷикистон дар масъалаи муқовимат ба ҳамлаҳои компютерӣ дар оянда ҷиҳати табдили маълумот ва табодули таҷриба дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба ҳамлаҳои компютерӣ байни ду кишвар шароити мусоид фароҳам хоҳад овард.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 640
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Э.Раҳмон
- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қонунигардонии маблағҳо
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ