- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2023
- Таваррум дар моҳи феврал0,4%
- 4,5%
- Пулҳои захиравӣ (феврал), млрд. сомонӣ36,0
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 06 феврали с.2023)11,0 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (феврал)8,55%
- Меъёри фоизӣ дар соли 2023
- Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-феврал)12,38 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-феврал)22,71 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-феврал)15,97 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)20,50 %
- Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)20,93 %
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 29.03.2023 1 USD 10.9133 1 EUR 11.8355 1 RUB 0.1420
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2021
- Соли молиявии 2020
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
Қабули Стратегияи рушди минбаъдаи Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай дар ҷаласаи ИББ СҲШ
16 сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе дар доираи 20 -умин нишасти ҷашнии Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) ҷаласаи Шўрои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай таҳти Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” баргузор гардид.
Дар ҷаласа Котиби генералии СҲШ Норов Владимир Имамович, Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло, Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Икромӣ Сироҷиддин Салом ва роҳбарони бонкҳои аъзои Иттиҳод, аз ҷумла роҳбарони Ширкати молиявию инфрасохтории Ҷумҳурии Ҳиндустон, Бонки давлатии рушди Хитой, “Ҳабиб Бонк Лимитед”-и Ҷумҳурии Исломии Покистон, Корпоратсияи давлатии рушд “ВЭБ.РФ”, Бонки рушди Қазоқистон, ҶСК “РСК Банк”-и Ҷумҳурии Қирғизистон ва ҶС “Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон” қисман дар шакли ҳузурӣ ва қисман дар шакли маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар доираи рӯзномаи ҷаласа ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба 6 масъалаи муҳим, аз ҷумла васеъ намудани ҳамкориҳо бо институтҳои молиявии давлатҳои нозир ва шарикони муколамаи СҲШ, тақвият бахшидани ҳамкориҳо бо институтҳои молиявие, ки дар минтақаи кишварҳои аъзои СҲШ ва Осиё фаъолият менамоянд, баррасии қабули Стратегияи рушди минбаъдаи Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай (ИББ СҲШ) барои давраи миёнамуҳлати солҳои (2022 - 2026), ҳамкориҳои сармоягузории бонкҳои аъзои ИББ СҲШ, ҳамкориҳо дар самти табодули таҷриба ва омода намудани мутахассисон, баррасӣ ва тариқи овоздиҳӣ интихоб намудани бонки раисикунанда дар Иттиҳоди байнибонкии СҲШ барои солҳои 2021-2022 мавриди муҳокимаи намояндагони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай қарор дода шуд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки дар рафти ҷаласаи мазкур бо дастгирии бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай дар давраи раисии БДА ҶТ “Амонатбонк” Стратегияи рушди минбаъдаи Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай барои давраи миёнамуҳлати солҳои 2022 – 2026 аз ҷониби роҳбарони бонкҳои аъзои Иттиҳод ба имзо расида, барои то соли 2026 қабул гардид.
Маврид ба зикр аст, ки дар ҷаласаи XVI Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии СҲШ, ки 03 ноябри соли 2021 бо ташаббуси Корпоратсияи давлатии рушди “ВЭБ”-и Федератсияи Россия тариқи маҷозӣ баргузор шуд, баъди ба имзо расонидани санадҳои ҳамкорӣ дар фазои тантанавӣ масъулияти раисӣ дар Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай аз ҷониби Раиси Корпоратсияи давлатии рушди “ВЭБ”-и Федератсияи Россия Игор Шувалов ба Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ барои солҳои 2020-2021 супорида шуд.
Маълумотнома: Иттиҳодияи байнибонкӣ (ИББ) соли 2005 ҳамчун воситаи кумакрасонӣ дар татбиқи лоиҳаҳои ҳамкории иқтисодӣ, ки давлатҳои СҲШ онҳоро тасдиқ кардаанд, таъсис ёфтааст. Ба ҳайати ИББ Бонки рушди Қазоқистон, Бонки давлатии рушди Чин, Бони иқтисодии хориҷии Россия, Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки миллии фаъолияти иқтисодии хориҷии Ӯзбекистон шомил мебошанд. Аз соли 2020 БИХ ФР раёсати Иттиҳодияи байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхайро ба уҳда дорад.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 512
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Э.Раҳмон
- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қонунигардонии маблағҳо
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ