Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2021
  • Таваррум дар моҳи сентябр
    0,4%
  • 9,6%
  • Пулҳои захиравӣ (сентябр), млрд. сомонӣ
    23,9
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 02 августи с.2021)13,00
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (сентябр)12,43
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2021
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-август)
    10,49
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-август)
    23,86
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-август)
    12,30
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (август)
    22,10
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (август)
    21,39




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 18.10.2021

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3 329.50 3 409.01
10 6 572.02 6 728.97
20 12 997.95 13 308.37
50 32 256.68 33 027.03
100 64 348.60 65 885.36

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Октябр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    27 28 29 30 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Баррасии ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон ва Сафорати ИМА

12.10.2021

8 октябри соли 2021 муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович муовини роҳбари Сафорати ИМА дар Тоҷикистон хонум Бридҷит Уокерро, ки барои анҷоми мулоқоти арзи адаб ташриф овард, ба ҳузур пазируфт.

NBTL4978.JPG

Ҷамолиддин Нуралиев аз ташрифи хонум Бридҷит Уокер ва ҳамроҳони ӯ ба Бонки миллии Тоҷикистон истиқбол карда, изҳори боварӣ намуд, ки мулоқоти мазкур барои тақвияти ҳамкориҳои минбаъда мусоидат хоҳад кард.

Баъдан, Ҷамолиддин Камолович меҳмононро бо вазъи макроиқтисодӣ дар кишвар ва низоми бонкию суғурта шинос намуда, таъкид дошт, ки дар шароити душвори рафъи пайомадҳои манфии пандемияи COVID-19, ки иқтисодиёти ҷаҳон паси сар менамояд, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи тадбирандешии дурусти ҳукумати кишвар тавонист таъсири манфии пандемияи COVID-19 ба иқтисодиётро ба таври назаррас коҳиш диҳад.

“Бонки миллии Тоҷикистон ба таври фаврӣ нақшаи коҳиш додани таъсири пандемияи COVID-19 ба низоми бонкӣ ва суғуртаро таҳия намуда, бо ин мақсад ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ яқ қатор имтиёзҳо фароҳам овард. Дар натиҷа, ташкилотҳои қарзии молиявӣ имкон пайдо карданд, ки фаъолияти муназзами худро идома дода, соли молиявиро бо нишондиҳандаҳои мусбат ҷамъбаст намоянд”,-қайд намуд Ҷамолиддин Камолович.

NBTL4899.JPG

Хонум Бридҷит Уокер дар навбати хеш ҳамраъйии худро бо Ҷамолиддин Нуралиев аз он баён дошт, ки воқеан пандемияи COVID-19 ба тамоми соҳаҳо, аз ҷумла иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тандурустӣ, маориф ва нақлиёти ҷаҳонӣ таъсири манфӣ расонид, аммо дар чунин шароити мураккаб Тоҷикистон тавонист вазъи иқтисодии кишварро муътадил нигоҳ дорад.

Дар идомаи мулоқот, Ҷамолиддин Нуралиев ба таҳлили низоми бонкӣ пардохта, беҳ гардидани вазъи низоми бонкӣ ва кам шудани ҳиссаи қарзҳои ғайрифаъол дар сандуқи қарзиро самараи татбиқи ислоҳоти фарогир маънидод кард ва ҳавасмандии худро аз барқарор кардани суратҳисобҳои муросилотии бонкҳои кишвар дар бонкҳои хориҷӣ иброз намуд.

Хонум Бридҷит Уокер нақши Бонки миллии Тоҷикистонро дар таҳияву амалигардонии ислоҳоти низоми бонкӣ муассир арзёбӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои минбаъда барои рушди низоми бонкии ду кишвар иброз дошт.

Таъкид гардид, ки ҳоло Бонки миллии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, идоракунии захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор ва рушди бозори суғуртаи кишвар бо Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст ва дар оянда хостори тавсеаи ҳамкории мазкур мебошад.

NBTL4968.JPG

Ҳамчунин, дар идомаи мулоқот имкониятҳои рушди устувори бозори суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳандозӣ шудани як қатор тадбирҳо аз қабили фароҳам овардани заминаи муосиди меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин беҳтар гардидани идораи захираҳои байналмилалӣ ва маротиб афзудани он дар 5 соли охир, аз ҷониби Ҷамолиддин Нуралиев махсусан қайд карда шуд.

Хонум Бридҷит Уокер дар робита ба рушди бозори суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда, зикр кард, ки Сафорати ИМА имконияти дастгирии техникии ислоҳоти ҷараёндошта ва таҳияи мукаммали заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳаро баррасӣ хоҳад намуд.

Ҳамин тавр хонум Бридҷит Уокер аз истиқболи самимии Роҳбарияти Бонки милии Тоҷикистон арзи сипос намуда, бо эътимод иброз дошт, ки ислоҳоти татбиқшаванда дар ояндаи дарозмуҳлат самараи худро хоҳад дод ва сафорати ИМА барои ҳамкорӣ ҷиҳати рушди низоми бонкии Тоқикистон омода аст.

Дар охир Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев аз таваҷҷуҳи ИМА ба вазъи иқтисодии Тоҷикистон, махсусан сафорати ИМА дар Тоҷикистонро барои саҳмгузорӣ дар пешниҳоди кӯмакҳои техникӣ ба низоми бонкӣ ва бахши суғуртаи кишвар изҳори миннатдорӣ кард.

Шуъбаи матбуот


Диданд: 310

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ