Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2021
  • Таваррум дар моҳи ноябр
    1,2%
  • 8,0%
  • Пулҳои захиравӣ (ноябр), млрд. сомонӣ
    24,7
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 25 октябри с.2021)13,25
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (ноябр)12,81
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2021
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-октябр)
    10,55
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-октябр)
    23,94
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-октябр)
    12,30
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (октябр)
    22,09
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (октябр)
    21,65




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 17.12.2021

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3 337.58 3 417.29
10 6 588.19 6 745.52
20 13 030.28 13 341.47
50 32 337.50 33 109.78
100 64 510.23 66 050.85

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Декабр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    29 30 1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 31 1 2
  • Яндекс.Метрика

Конститутсия – қутбнамо ва ифодагари манфиатҳои волои халқи тоҷик

05.11.2021

5 ноябри соли 2021 дар Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 27 – умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода, муовинони Раиси БМТ ва ҳайати кормандони бонк иштирок намуданд.

NBTL6360.JPG

Дар оғози ҷаласа Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода Конститутсияро санади сарнавиштсози ҳар миллати озодандеш, рамзи саодат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, нишонаи пойдорию бақои давлату миллат маънидод намуд.

“27 сол пеш аз ин, яъне 6 ноябри соли 1994 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ки дар таърихи давлатдории нави Тоҷикистони соҳибистиқлол руйдоди муҳими сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мебошад. Бо ин санади ҳаётан муҳим, соҳибихтиёрии комил ва воқеии Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона қонунан расмӣ гардид”,- иброз дошт Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода.

NBTL6217.JPG

Тазаккур дода шуд, ки қабули Конститутсия – ин майлу иродаи шаҳрвандон барои таъмини кафолати ҳуқуқу озодиҳои худ, бунёди устувори рушду такомули давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон буд ва дар раъйпурсии умумихалқӣ изҳор гардид. Маҳз Конститутсия заминаи татбиқи ислоҳоти куллӣ дар мамлакатро фароҳам овард, ки ҳадафи асосии он боло бурдани сатҳи иқтисодиёт, беҳтар кардани сатҳи некуаҳволии мардум ва фароҳам овардани шароити мусоиди бозаргонӣ дар ҷумҳурӣ барои соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ мебошад.

NBTL6292.JPG

“Чунин ғояҳои арзишманди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боис гардиданд, ки бо эътирофи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили Созмони Миллали Муттаҳид ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, он ба сифати яке аз намунаҳои беҳтарини конститутсияҳо дар ҷаҳон пазируфта шавад”,-хулоса намуд Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода.

Баъдан ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода оид ба таърихи таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, дар ин самт заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба таври хоса зикр намуд ва ба зарурати таҳқиқи он таъкид кард.

NBTL6287.JPG

“Раванди таҳияи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи басо душвор бо супориш ва роҳнамоии бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардид. Таҳияи Конститутсия ва ба муҳокимаи халқ гузоштани он пеш аз ҳама, ҳалли маҷмӯи масъалаҳои муҳимро тақозо менамуд. Аз ҷумла, дар робита ба ҳар як меъёри он баҳсҳо сурат мегирифт ва дар ин раванд Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамуданд, ки инсон ва ҳуқуқу озодии ӯ бояд ҷавҳари асосии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил диҳад”,-қайд кард Абдухалил Ғафурзода.

NBTL6237.JPG

Зимни ҷаласа, ҳамчунин оид ба меъёрҳои алоҳидаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тағйироту иловаҳои ба он воридгардида ва мазмуну муҳтавои онҳо муҳокимарониҳо сурат гирифт.

Дар фароварди ҷаласа Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бори дигар ҳозиринро бо 27 – умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфта, изҳори итминон намуд, ки мардуми азизи Тоҷикистон минбаъд низ бо сарварии Пешвои муаззами миллат сиёсати созандаи давлату ҳукуматро ҷонибдорӣ карда, бо кӯшишу талошҳои пайваста дастовардҳои беназири кишварро афзун мегардонанд ва дар ҳалли вазифаҳои ҳаётан муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла рушди устувори иқтисодӣ, ҳифзу таҳкими давлатдории миллӣ саҳми арзанда мегузоранд.

NBTL6309.JPG

Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон дар партави сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш менамоянд, ки муқаррароти Конститутсияро сармашқи кори худ қарор дода, бо кору фаъолияти созанда ва самарабахш дар пешрафти низоми бонкии мамлакат, ҳаёти иқтисодию молиявии он ҳиссагузор бошанд.

Шуъбаи матбуот


Диданд: 482

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ