Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2021
  • Таваррум дар моҳи ноябр
    1,2%
  • 8,0%
  • Пулҳои захиравӣ (ноябр), млрд. сомонӣ
    24,7
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 25 октябри с.2021)13,25
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (ноябр)12,81
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2021
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-ноябр)
    10,38
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-ноябр)
    23,98
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-ноябр)
    12,30
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (ноябр)
    22,08
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (ноябр)
    21,29




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 31.12.2021

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3 364.42 3 444.77
10 6 641.87 6 800.49
20 13 137.65 13 451.40
50 32 605.92 33 384.61
100 65 047.07 66 600.52

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Январ      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    27 28 29 30 31 1 2
    3 4 5 6 7 8 9
    10 11 12 13 14 15 16
    17 18 19 20 21 22 23
    24 25 26 27 28 29 30
    31 1 2 3 4 5 6
  • Яндекс.Метрика

Машғулияти омӯзишӣ оид ба маблағгузории хурд мувофиқи принсипҳои маблағгузории исломӣ

16.11.2021

16 ноябри соли 2021 дар Бонки милии Тоҷикистон машғулияти омӯзишии дурӯза оид ба маблағгузории хурд мувофиқи принсипҳои маблағгузории исломӣ, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи "Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ (VOLIP) дар Тоҷикистон" ташкил гардидааст, бо иштироки Роҳбарияти БМТ, масъулини Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар оғоз гардид.

NBTL6419.JPG

Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода қабл аз ифтитоҳи машғулияти омӯзишӣ ҳозиринро бо ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, аз нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи давлатсозиву давлатдорӣ ва эҷоди сулҳу ваҳдати миллӣ ёдовар шуд.

Баъдан, муовини Раиси БМТ Фирдавс Толибзода машғулияти омӯзиширо ҳусни оғоз бахшида, татбиқи лоиҳаи "Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ (VOLIP) дар Тоҷикистон"-ро дар самти беҳбуд бахшидани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ муассир арзёбӣ намуд.

NBTL6428.JPG

“Пас аз қабули Қонуни ҶТ “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти бонкии исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардида, барои пешбурди фаъолияти бонкии исломӣ шароити мусоид фароҳам омад. Қабули қонуни мазкур заминаи ташаккул ва рушди фаъолияти бонкии исломиро дар кишвар муҳайё намуд, ки баргузории машғулияти омӯзишӣ оид ба маблағгузории хурд мувофиқи принсипҳои маблағгузории исломӣ аз он далолат медиҳад”, - қайд кард муовини Раиси БМТ Фирдавс Толибзода.

Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки мақсади асосии лоиҳаи мазкур беҳтар намудани сатҳи некуаҳволӣ тавассути баланд бардоштани саводнокии касбии ҷавонон ва малакаву маҳорати занон, дастгирии молиявии онҳо дар самти таъмин гардидан бо шуғли муносиб ва гирифтани даромад, муҳайё намудани шароити мусоид ҷиҳати дастрасӣ ба маблағҳои арзон барои қисми осебпазири ҷомеа тибқи принсиҳои маблағгузории исломӣ мебошад.

NBTL6429.JPG

“Итминон дорам, ки татбиқи лоиҳа ва дар доираи он баргузор намудани машғулияти омӯзишии имрӯза ба рушди бонкдории исломӣ ва пешниҳоди хизматрасониҳои бонкдории исломӣ дар кишвар мусоидат намуда, теъдоди зиёди истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявиро ба хизматрасониҳои бонкдории исломӣ ҷалб менамояд”,- иброз дошт муовини Раиси БМТ Фирдавс Толибзода.

Дар ҷараёни чорабинӣ, сардори Раёсати иқтисод, банақшагирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бадриддин Музаффарзода низ доир ба ҷараёни татбиқи босамари лоиҳаи “Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ (VOLIP) дар Тоҷикистон” суханронӣ намуда, ҷалби ҷавонон ба ин Барномаро, ки ба баланд бардоштани саводнокии молиявии онҳо мусоидат менамояд, аз афзалиятҳои муҳими лоиҳа маънидод кард.

Дар идомаи чорабинӣ сармутахассиси шуъбаи назорати бонкдории исломии Департаменти назоратӣ бонкии БМТ Айёмуддин Азизов оид ба раванди амалишавии лоиҳа аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии иштирокчии барномаи мазкур маърӯза намуда, рӯнамои муфассал манзур намуд.

NBTL6446.JPG

Зимни пешниҳоди рӯнамо масоили вобаста ба таърихи татбиқи бонкдории исломӣ, усулҳои маблағгузории исломӣ дар фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ, инчунин истифодаи амалиётҳои муробаҳа ва салам дар фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Таъкид гардид, ки то кунун ташкилотҳои қарзии молиявии иштирокчии Барномаи мазкур ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, тавонистанд, ки шумораи зиёди истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявиро ба хизматрасониҳои бонкдории исломӣ ҷалб намоянд.

NBTL6416.JPG

Ҳамин тавр, ҳадаф аз баргузории машғулияти дурӯза шинос намудани иштирокчиён бо хизматрасониҳои бонкии исломӣ, мубодилаи маълумот вобаста ба қарздиҳии хурд тавассути амалиёти муробаҳа ва салам, роҳандозӣ намудани табодули таҷриба дар самти маблағгузории хурд мувофиқи принсипҳои маблағгузории исломӣ ва баррасии дастовардҳову мушкилиҳое, ки ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар рафти татбиқи Барномаи VOLIP рӯ ба рӯ мешаванд, маънидод гардид.

Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи "Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ (VOLIP) дар Тоҷикистон" дар 11 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар ҳамдастӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар амалӣ гардида истодааст.

Шуъбаи матбуот


Диданд: 337

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ